​Изҳороти кафедраи умумидонишгоҳии сиёсатшиносӣ

Зери шиори «Шӯравӣ нисбат ба дин ва диндории мо ин қадар зулм намекард» дар шабакаи интернет паҳн намудани маводҳонишон медиҳад, ки душманони ваҳдати миллӣ то он дам, ки фазои сиёсиро халалдор сохта, халқро оғуштаи хун сохта, барои худ ба ҳокимият роҳ накушоянд, ором намешаванд. Аммо макри навбатиашонтамоман аз ҳақиқат дур аст. Қайд кардан ҷоиз аст, ки аксари аҳолии насли охир аз асосҳои дини ислом дуршуда буданд, аксарият ҳатто намедонистанд, ки аркони ислом аз чи иборатанд. Расму оинҳои динӣ ағлаб аз тарафи аҳолӣ иҷро намешуданд. Танҳо баъзе оинҳои хурофотии динӣ байни мардум роиҷ буданд ва он ҳам на ба таври куллӣ. Пӯшидани «либоси исломӣ» дар кулли кишварҳои демократии дунё манъ карда шудааст. Аммо дар байнизанонмӯди ба фарҳанги миллати мо бегона - ҳиҷобу сатр таќлид кардан густариш дорад. Сатр ва ҳиҷоб дар шакле, ки имрӯз маъмул шудааст, хоси бодиянишинҳо буда, ба либоси миллии мо робита надорад. Мо бошем ба ҳар миллату халқияти бегона, ки ба дину фарҳанги мо бегонаанд кӯркӯрона тақлид мекунем. Аммобоиси таассуф аст, ки бонувони зебои миллати мо майл ба либоси бегона намуда, аз фарҳанги бою ғании миллати бофарҳанги худ истифода наменамоянд.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ