Изҳороти кафедраи журналистика ва назарияи тарҷума дар хусуси навиштаҳои Саидюнуси Истаравшанӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ.
Рӯзҳои охир дар шабакаи иҷтимоӣ “мусоҳиба”-и ду нафаре, ки берун аз кишвар қарор доранду аз дур кӯшиши иғвоангезӣ ба мардумро доранд оварда шудааст. Илова бар ин ба Муҳиддин Кабирӣ “унвони” иловагӣ бахшида, (роҳбари Паймони Миллии Тоҷикистон) бо ин роҳ тактикаи таъсиррасонии худро ба кишвар дигар намудааст. Аз гуфтаҳои “меҳрубонона”-и онҳо бар меояд, ки худро дӯст ва дӯстдори зани тоҷику модари тоҷик тарошида истодаанд. Дар ҷои дигар Кабириро роҳбари ҲНИ номидааст, ҳол он, ки ин ҳизб дар кишвар ғайриқонунӣ маҳсуб меёбад. Аз сӯҳбати ин ду нафар танҳо як хулоса бар меояд: мақсади онҳо гумроҳ намудани мардум ва иғво ангехтан асту бас.
Мо аъзоёни кафедраи журналистика ва назарияи тарҷумаи факултети филологияи тоҷик ба кулли мардуми Тоҷикистони азизамон муроҷиат карда мегӯем, ки фирефтаи ин гуна шахсони баднияту бадкирдор нашавем. Марзу буми кишвар ва оромиву осудагии кишарро аз ин нобакорон ҳифз намоем.