Найрангҳои навбатии ҷоҳилони миллат
Имрӯз мамлакати мо бо баракати сулҳу ваҳдат, оромию осоиштагӣ, ҳамдиливу якдигарфаҳмӣ ба марҳалаи созандагию бунёдкорӣ ворид шуда, пайваста рушд мекунад. Мардуми меҳнатқарини тоҷик бо роҳбарии сарвари хирадманди худ кўшиш доранд, ки зиндагии хешро дар сатҳи матлуб ба роҳ монанд, аммо душманони миллат мехоҳанд, ки давлатро ғасб намуда, мардумро бори дигар ба гирдоби фоҷиа ва нобасомониҳо кашанд. Мулоҳизоте аз Дориюши Раҷабиён бар суханронии охири профессор Иброҳим Усмонуф, кору найрангҳои навбатии ҷоҳилони миллат аст.
Дар ҳамин радиф вазифаи асосиву басо муҳими мардуми баору номуси миллат дар он аст, ки бо азму иродаи қавӣ, бо масъулияти ватандорӣ ва бо худогоҳии миллӣ, ба хотири ояндаи дурахшони миллати хеш дар пайравӣ аз иқдомҳои созандаи Пешвои миллат, дар ҳифзи ватани азиз кўшиш намоем. Ин Ватан, ин сарзамин хоки муқаддаси мост. Замине, ки моро сафо бахшидаву зиндагониамонро нусрат бахшид. Мардуми шарафманди миллати мо имрӯз бояд ба қадри Сулҳу Ваҳдате, ки болои сари мо парафшон аст ва бо заҳмату талошҳои хело зиёди Пешвои муаззами мо ба даст омада аст бирасад ва ҳар як шаҳрванди кишвар аз он фахр бояд кунад, зеро ки кишвари мо бо қадамҳои устуворона пеш рафта истодааст.
Мо омӯзгорони ҷавон тарафдори сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, ҳамеша барои ҳимояи Ватан омода ҳастем!
Изҳороти муаллимаи кафедраи
умумидонишгоҳии фалсафа Ҷабборова В.Ҳ.