Изҳороти Ботурова муаллимаи кафедраи умумидонишгоҳии фалсафа
Нигоҳи Саидюнуси Истаравшанӣ ба таърихи гузаштаамон дур аз ҳақиқат аст. Дар гуфтаҳои ў дар бораи босмачиён фикрронии бемантиқ ва дур аз ҳақиқатро дидан мумкин аст. Ҳаракати босмачиён солҳои 20-уми асри гузашта ҳаракати таҷовузкорона, беадолатона, ғаразноку ваҳшиёна буд, ки таърих ба ин гувоҳ аст ва бедодгариҳои ин афродро халқи тоҷик ҳаргиз намебахшад. Номи ин гуна афрод дар таърих ҳамчун хоинон ва душманони миллати тоҷик сабт шудааст.
Саидюнуси Истаравшанӣ мехоҳад, ҳақиқати талхи гузаштаро бо обу ранги муассир ба халқ ҷилва намояд, мардумро гумроҳ созад, байни халқ иғвову дасисабозиро аланга диҳад. Ӯ чунин ақида дорад, ки гӯё истилои Осиёи Марказӣ аз тарафи Русия шабеҳи истилои Германияи фашистӣ бо сарварии Гитлер ба собиқ Иттиҳоди Шўравӣ бошад. Инчунин ӯ ақида дорад, ки барномаҳое, ки аз ҷониби журналисти рус Н.Сванидзе дар пахши телевизион пешкаш карда мешавад, бардурӯғ аст. Дар маҷмўъ метавон гуфт, ки ин шахс барои ноил шудан ба мақсадҳои ғаразноки худ кўшидааст, ки аз мардуми хатарнок, қаҳрамони миллат созад.
Мо аҳли ҷомеаи кафедраи умумидонишгоҳии фалсафа ба чунин ақидаҳои Саидюнуси Истаравшанӣ, ки ҳақиқати таърихиро дигаргун инъикос мекунад, зид ҳастем ва чунин ашхосро маҳкум менамоем.