​Изҳорот нисбати КШКГЗСТ аз баргузории «гардиҳамоии бузург»

10 декабри соли ҷорӣ, соати даҳ бо вақти маҳаллӣ, кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон бо пахши эъломияи матбуотӣ баён намуданд, ки дар рӯбарӯи Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Берлин, пойтахти Олмон гирдиҳамоии бузурге баргузор мегардад. Мақсад азташкил намудани гирдиҳамои талаб намудании озодии Зайд Саидов, Муҳаммадалии Ҳаит ваБузургмеҳр Ёров, ки Созмони милали Муттаҳид ва Ҳукумати Тоҷикистон озодкунии онҳоро талаб намудааст, ба ҳисоб мерафт, баргузор хоҳад шуд .

Асосан дархости ин гирдиҳамоӣ аз мақомоти Тоҷикистон иборат аз ин аст, ки Ҳукумати Тоҷикистон бояд фавран дархости Кумитаи ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид дар хусуси озодии зиндониёни сиёсӣ: асосгузори гурӯҳи “Тоҷикистони нав” ва сафири собиқи саноат Зайд Саидов, муовини раҳбари ҲНИ Муҳаммадалӣ Ҳаит ва вакили дифоъ Бузургмеҳр Ёров, ки аз 28 сол то ҳабси абад ба зиндон маҳкум шудаанд, мебошад Инчунин КШКГЗСТ аз мақомоти Тоҷикистон хоҳиш намудааст,ном ва насаби шахсоникушташудаҳо ва захми гирифтагоне, ки дар зиндони рақами 3/3 Хуҷандро мавҷуд буданд, нашр кунад.

Аз тарафи гирдиҳамои якчанд дархостҳо пешниҳод шудааст.

  • Мо дархост мекунем, то ҳамаи омилони ин ҷиноят ва афроде, ки дастури қатли инсонҳои ғайримусаллаҳро додаанд муҷозот шаванд.
  • Мо аз созмонҳои байналмилалӣ даъват ба амал меоварем, то аз мақомоти тоҷик дархост намоянд, ки гузориши комил дар бораи ин парванда ва ин ки чӣ касоне дар ин ҷинояти зидди башарӣ гуноҳкор буданд ва тибқи қонунҳои Тоҷикистон муҷозот гардиданд, ироа кунанд.
  • Мо аз шарикони Ҳукумати Тоҷикистон дар Аврупо дархост менамоем, то кӯмакҳои иқтисодӣ ва молии худро қат гардонанд, барои он ки ин кӯмакпулиҳо дар дигар ҷойҳо сарфа мешавад.
  • Аз ҳамаи тоҷикистониёни муқими Аврупо ва ҳизбҳо ва ҷунбишҳо ва алоқамандон ба сарнавишти зиндониёни сиёсӣ дар Тоҷикистон ва низ расонаҳои гурӯҳӣ ва хабарнигорон хоҳиш ба амал меояд бо иштирок дар ин гирдиҳамоӣ, саҳми худро дар раҳоии зиндониёни сиёсӣ бигузоранд.
  • АъзоёниКШКГЗСТ бо ин рафтори худ мехоҳанд ба тинҷиву оромӣ ва тараққиёти босуботи Тоҷикистони соҳибистиқлолро халалдор сохта, заҳматҳои зиёди Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ки барои тинҷиву оромии ҳалқи тоҷик аз сар гузаронидаанд, қадр намекунанд.Дар дили онҳо меҳри модар-Ватан, ҳифз намудани халқу Ватан дида намешавад.

Ақидаинодурусти онҳоро маҳкум намуда, нисбати кумакҳои башардустонаидавлатҳои Аврупогуфтаниям, ки ин кумакҳо барои гул-гулшукуфои Тоҷикистон сарф карда шуда, дар ободкориву созандагии кишварамон нигаронида мешаванд.

Мудири кафедраи ботаника

ва физиологияи растанӣ дотсент Ҳакимова Р.Ш.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ