Сайидзодаи хасакӣ – косалеси охундҳои фитнагар
Халқи куҳантаърихи тоҷик фарзандҳои фарзона ва қаҳрамонони худро дорад, ки ба кору пайкори онҳо наслҳои имрӯзу оянда ифтихор хоҳанд кард. Аммо мутаассифона нафароне, низ ҳастанд, ки шараф, нангу номус, дину мазҳаб ва дигар арзишҳои инсониро ба манфиати шахсӣ, пулу мол ва иҷрои супоришҳои хоинона фурӯхта, бо рафтори зишту касиф, беномусӣ ва пастфитратӣ ради маърака гардидаанд.
Чанд муддат аст, ки хоинони миллат ба монанди Кабирӣ, Алим Шерзамонов ва нафаре бо тахаллуси Сайидюнуси Истаравшанӣ тавассути сомонаҳои иҷтимоӣ гузоришоту суханрониҳои фитнаангез ва тафриқаандоз,манфиатҳои ТТЭ ҲНИ ва созмони паймоншиканонро бо номи Паймони миллии Тоҷикистон дифо намуда, ба тарғибу ташвиқи супоришҳои хоҷагони хориҷиаш машғуланд.
Ҳоло мехоҳем дар бораи яке аз ин чеҳраҳои манфур, мушаххасан Сайидюнуси Истаравшанӣ ва андешаҳои муғризонаи ӯ ибрози назар намоем.
Ному насаби аслии ў на Сайидюнуси Истаравшанӣ, балки Бурҳонов Юнус Аббосович буда, мавсуф миёни аҳолии Истаравшан ҳамчун шахси фитнагар ва “бачабоз” шинохта мешавад.
Солҳои барқароршавии ҳикимияти Шӯравӣ бобоҳои Юнус ба Қазоқистон бадарға карда шуда буданд. Авлоди Бурҳоновҳо миёни мардум ҳамчун ашхоси «говдузд» ном бароварда, солҳои вазнин ҷойи меҳнати ҳалол ва дастгирии аҳли диёр гову гўсфанди мардуми фақирро аз деҳот дуздида ба Ҷумҳурии Узбекистон ва аз он ҷо ба Тоҷикистон оварда мефурўхтанд.
Пас аз бадарӣа шудан ин оила ба ноҳияи Пролетари (ҳоло Ҷаббор Расулов) кўч баста, дар он ҷо низ аз сабаби ба муросо наомадан бо ҳамсоягон ва бо баҳонаи дуохонӣ расидан ба иззати нафси занҳои бемору эҳтиёҷманд ради маърака шуда, баъди чанд сол ин хонавода бозпас ба маҳаллаи Боӣоти шаҳри Истаравшан баргашта меояд.
Бурҳонов Юнус дар зиндагӣ ду маротиба оиладор шудааст. Ҳангоми таҳсили динӣ гирифтанаш дар шаҳри Тошканд дар назди домулло Маъруфҷон Раҳимҷонов – собиқ имомхатиби масҷиди ҷомеи «Усмони Чархӣ»-и деҳаи Ободии шаҳри Истаравшан (маъруф бо лақаби Қори Маъруфҷон), ки соли 1993 аз ҷониби мақомоти суди вилояти Суӣд ба муҳлати 5 сол аз озодӣ маҳрум шуда буд, бо ҳар найрангу васваса ба дили ў ҷо шуда, духтари ӯро ба занӣ мегирад ва аз он соҳиби чор фарзанд мешавад. Пас аз моҷароҳои зиёди оилавӣ ва гирифтани зани дуввум аз ноҳияи Ваҳдат, зани аввалааш аз ў ҷудо шуда, ба назди оилаи худ ба шаҳри Тошканд бар мегардад. Дар Тошканд ўро мақомоти кудратии Ҷумҳурии Узбекистон барои алоқамандиаш бо гурўҳҳои терористӣ дастгир карда, ба муҳлати 13 сол ба маҳкама мекашанд, ки ниҳоят соли 2014 ин зан дар маҳбас вафот мекунад.
Бурҳонов Юнус бошад бо зани дуввуми худ ба шаҳри Қуми Ҷумҳурии Исломии Эрон фирор мекунад. Бародари Бурҳонов Юнус - Бурҳонов Юсуф Аббосович бошад соли 2008 барои даст доштанаш ба муомилоти ӣайриқонунии воситаҳои нашъадор боздошт ва ба муҳлати 9 сол аз озодӣ маҳрум карда шудааст. Бародари дигараш Бурҳонов Мансур Аббосович соли 1995 мадрасаи «Имом Ҳумайнӣ»-и шаҳри Қумро хатм намуда, дар шаҳри Мозандарони Чумхурии исломии Эрон таълимоти ҳарбӣ гирифтааст. Ў соли 2002 ҳамчун аъзои ташкилоти террористӣ аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон боздошт карда шуда, ба муҳлати 12 сол аз озодӣ маҳрум карда шудааст.
Бояд гуфт, ки ин хонавода дар солҳои муқовимати шадиди сиёсӣ, майдоннишинӣ ҷонибдори сарсахти мухолифини Ҳукумати Тоҷикистон буда, дар майдони Шаҳидон хайма зада буданд. Пешвоёни ТТЭ ҲНИ ва дигар мубаллиғони ғоявии ифротгаро, ки ба вилояти Суғд, шаҳру навоҳии он, аз ҷумла Истаравшан меомаданд, меҳмонони азизтарини ин хонавода буданд.
Бурҳонов Юнус пас аз мактаби миёна идомаи таҳсилро дар кишварҳои хориҷа (шаҳри Саратови Федератсияи Россия, шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон, шаҳри Димишки давлати Сурия, шаҳри Қуми Ҷумҳурии Исломии Эрон) гирифта, мубаллиӣи ақидагароӣ, мазҳабгароӣ ва сиёсати моҷароҷўӣ гаштааст.
Ў як маротиба ҳангоми бозгашт ба Тоҷикистон ва таблиӣи ақоиди бегонаи динӣ ва ихтилофангезии мазҳабӣ аз ҷониби равшанфикрон мавриди интикоди сахт қарор ёфта, тарки ҷумҳурӣ карда буд. Ҳамчун мушовири махфии ТТЭ ҲНИ дар Тоҷикистон солҳои тўлонӣ фаъолияти пасипардагӣ бурда, аз ҷониби хайрияҳои мақомоти ҷосусии хориҷӣ маблаӣҳои барзиёдро соҳиб мешуд.
Таҳти даъвати ў якчанд ҷавонони гумроҳгаштаи Тоҷикистон ба муноқишаҳои давлати Сурия ва Ироқ кашида шудаанд.
Ҳамин тариқ, Юнус Бурҳонов ва ду се хоине, ки худро бо ҳар мақом муаррифӣ карданӣ мешаванд дар асл, шахсони кӯрнамак, нотавонбин, ватанфурӯш ва хоин буда, ҳеҷ гоҳ барои давлату миллати худ садоқат надоранд. Мардуми меҳнатқарин ва сарбаланди тоҷик амалу кирдорҳои ноҷавонмардонаи ин қабил ашхосро маҳкум менамоянд ва бовар ҳам надоранд.
Ҷабборов И.Р., Мухторов К.Т. омӯзгорони
ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров