Ҷавонон андешаи ояндаи худ кунед…
Баъди соҳибистиқлол шудани Ҷумҳурии Тоҷикистондар ҳаёти мардуми тоҷик дигаргуниҳои бузурге рўйи кор омаданд.Ҳифз намудани марзу бум, тақвият бахшидани сохтори давлат, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, муайян намудани сиёсати дохиливу хориҷӣ, бартараф намудани оқибатҳои вазнини ҷанги таҳмили вазифаҳое буданд, ки иҷрояшон ногузир.Новобаста аз душвориҳои иқтисодиву иҷтимоӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон фароҳам овардани шароити мусоиди зиндагии мардум, бахусус ҷавононро дар меҳвари сиёсати худ қарор дод.
Барои рушди иқтисодиву иҷтимоии Тоҷикистони тозаистиқлол мутахассисоне зарур буданд, ки сатҳи донишу маърифаташон баланду ҷахонбиниашон васеъ бошад.Бо ин мақсад сохта ба истифода додани муассисаҳои таълимиву варзишӣ, корхонаҳои истеҳсоливу иншооти варзишӣ рўз аз рўз вусъати тоза касб менамуд. Вале мутаассифона бархе аз ҷавононба ҷойи таҳсил дар муассисаҳои таълимӣ, ҷойи худро дар масоҷид ёфта, рисолати худро дар хондани намозу доштани рўзаву талқин ба сатру ҳичобгирии хоҳарону модарон ва занони хеш донистанд.Хондани намозу гирифтани рўзаву рафтан ба масҷидро қонунҳои амалкунанда манъ намекунад, вале гирифтани дониши дунявӣ бояд дар мадди аввал қарор дошта бошад. Сохта ба истифода супоридани масҷидҳо маънои пурра шуғл варзидан бо дину диёнатро надорад ва ин амал пеш аз эҳтироми аҳли дин будубас. Тарҷумаи тоҷикии китоби азимушаън«Қуръон» далели раднопазири гуфтаҳои болоист. Гуфтаниҳо хеле зиёданд, валеибрози ҳамин ақидаро ҷоиз донистем, ки ҷавонон бояд ба таълим фаро гирифта шаванд. Забон омўзанд, касбу ҳунареро соҳибӣ намоянд, таъриху фарҳанги миллиро хонанду аз зиндаги номаи арбобони илму дин, ки мактаби хеле бузург аст самаранок истифода баранд.
Баста шудани чанде аз масоҷид агар як тарафи масъала бошад, ворид намудани андешаҳои созанда ба шуури ҷавонон(инқилоби фитрӣ) масъалаест, ки кўшишу ғайрати доираи васеи мардум ва вақти муайянеро талаб мекунад.
Мо омўзгорони факултети педагогӣ умед дорем, ки ҷавонони даврони наваз пайи хонишу гирифтани дониш мешаванду ба андешаҳои ботили баъзе«муллоён» бовар намекунанд, фирефта намешаванду бо донишҳои муосир мусаллаҳ мешаванд, техникаву технологияҳои замони муосирро меомўзанд,бештар ба китобҳои бадеиву илмӣ рў меоранд, ба модарону хоҳарону ҳамсарону ҳамсабақони хеш бо чашми шафқат (на нафрату шаҳват) назар мекунанд ва мавқеи худро дар ин замонаи хеле ҳассосу пурталотум меёбанд. Мегўянд. ки«аввал пурсишу баъд кушиш». Вақте бо«муллоёни замонавӣ»ҳамсўҳбат мешаванд, бояд пурсанд, ки худи онҳо исломро то кадом андоза медонанду чанд сураву оётро тавзеҳ дода метавонанд ва ё қозии «Мактаби кўҳна»-и Садриддин Айнӣ бобояшон мешавад…..
Изҳороти ҚодироваМ.А. – муаллимаи кафедраи
назария ва методикаи таълими забони модарӣ