​Изҳорот ба амалҳои бесаводонаи Муҳиддин Кабирӣ

Баъди ғайриқонунӣ эълон гардидани фаъолияти Ҳизби наҳзати исломӣ роҳбари он Муҳиддин Кабирӣ ба хориҷи кишвар фирор намуда, зери ҳимояи хоҷагони хориҷии худ қарор гирифта, пайваста аз сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Тоҷикистон нотавонбинӣ ва изҳори норозигӣ мекунад. Дар ин ҷода ӯ тӯҳматҳои беасосе бар зидди сиёсати пешгирифтаи Тоҷикистон нисбат ба дин ва диндорӣ низ карда, мамлакати худро бо он айбдор кардани мешавад, ки нисбати онҳое, ки ҷонибдори дини ислом ҳастанд сиёсати нодуруст мебарад. Дар асл ин гуна нест ва Сарвари давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон дини исломро дини муқаддас ҳисобида, онро дар аксар баромадҳои худ бонуфузтарин дин дар минтақаи Осиё ва махсусан Тоҷикистон ҳисоб мекунад.

Роҳбари ҳизби террористию экстремистии Наҳзати ислом хоини Ватан ва душмани ашаддии миллати тоҷик Муҳиддин Кабирӣ чеҳраи ноаёни худро боз зери пардаҳои пинҳон ошкор намуд. Ин амали ӯ дар сомонаҳои интернетӣ аён гардидааст, ки онро Сархатиби вилояти Суғд Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода ба бӯқаламун шабоҳат додааст. Воқеан ин монандкунии сархатиби масҷиди ҷомеи Шайх Муслиҳитдини шаҳри Хуҷанд Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода шоёни таҳсин аст. Муҳиддин Кабирӣ, ки аввал бар зидди ҷашн гирифтани соли нави мелодӣ буд, бо табрикоти солинавии худ исбот карданӣ шудааст, ки соли нави мелодӣ дар асоси принсипҳо ва қонуниятҳои ислом дуруст аст. Ин аз лагандбардори давлатҳои Аврупо будани Кабирӣ, ки ӯро зери қаноти худ гирифта, барои амалӣ намудани мақсадҳои нопоки худ истифода мебаранд, далолат медиҳад. Ва дурӯягии ин шахсро ошкор мегардонад.

М. Муҳаммадизода,

муаллими кафедраи умумидонишгоҳии

таърихи халқи тоҷики факултети таърих ва ҳуқуқ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ