​Мақомоти марбутаи ИМА бахши тоҷикии радиои “Озодӣ”-ро месанҷанд

«Озодӣ» ба нафъи ҳукумати Тоҷикистон кор мекард” ном дорад маводе, ки дар сомонаи интернетии “Ахбор”-и Мирзо Салимпур интишор шудааст.

Хабари мазкур дар бораи паёми Дейзе Синделар, иҷрокунандаи вазифаи президенти Радиои Аврупои озод/Радиои Озодӣ оид ба баррасии фаъолияти бахши тоҷикии радиои “Озодӣ” аст. Тибқи маълумоти Дейзе Синделар сабаби баррасии фаъолияти бахши тоҷикии радиои мазкур дар он аст, ки мувофиқи маълумотҳои ҷойдошта ин бахши радио дар бораи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аъзои оилаи ӯ хабарҳои нодуруст дода, дар бораи аъзои оилаи Президент ва мансабдорони баландпоя гузоришҳои тавсифӣ нашр мекунад, ба гузоришҳои интиқодии созмонҳои ғарбӣ дар бораи Тоҷикистон чашм мепӯшад ва нисбат ба ҳизби наҳзати исломӣ хабарҳои муғризона ба нашр мерасонад.

Хонум арз медорад, ки радио ягон мавриди поймол шудани миссияашро таҳаммул намекунад ва тафтиши фаъолияти роҳбарияти бахшитоҷикӣ оид ба коррупсия аз ҷониби дигар мақомоти марбутаи ИМА идома дорад.

Ба гуфти хонум Дейзе Синделар фаъолияти журналистони бахши тоҷикӣ ба риштаи таҳлил кашида шуда, таваҷҷуҳ ба 4 самт дода мешавад:

Аввалан, нашр накардани маълумоти воқеӣ дар бораи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва оилаи ӯ; Дуввум, мақолаҳои камарзиши таърифиву тавсифӣ дар бораи оилаи Президент ва мансабдорони баландпоя; Сеюм, сарфи назар кардани гузоришҳои созмонҳои ғарбӣ дар бораи ҳуқуқи инсон, ки масоили калидиро аз нигоҳи танқидӣ матраҳ мекарданд ва чорум гузоришҳои муғризона дар бораи ҲНИТ.

Дар ин кор коршиносони минтақа ва донандагони забони тоҷикӣ, ки дониши аниқи ҷавобгӯ ба меъёрҳои академикӣ ва журналистикаи ғарбӣ дошта ҷалб карда мешаванд.

Ҳамчунин, ин хонум шикоят аз он дорад, ки дар кишварҳои гуногун журналистони радиои мазкур ба таъқиб аз ҷониби хадамотҳои амниятӣ қарор доранд ва кори онҳо дар мавриди пахш намудани маводи алтернативӣ ба маводи ҳукуматӣ душвор мегардад.

Дар ҳошияи ин хабар метавон арз намуд, ки радиои “Озодӣ” ягон вақт маълумоти тавсифӣ дар бораи Тоҷикистон, Президенти кишвар ва дигар мансабдорони ба ибораи онҳо “баландпоя” пахш накардааст. Баръакс ҳамеша танҳо дар бораи камбудиҳои Тоҷикистон, мушкилоту муаммоҳои мамлакат маводи куллан интиқодӣ мунташир менамоянд.

Дар мавриди фаъолияти журналистони ин радио ҳаминро гуфтан мумкин аст, ки дар Тоҷикистон ягон бор маълумотеро нахондем, ки ин журналистон фарз кардем, ки ба нишастҳои матбуотии мақомотҳои гуногун дар мамлакатроҳ дода нашуда бошанд ва барои ягон маводи танқидиашон зери таъқиб қарор гирифта бошанд, баръакс онҳо дар Тоҷикистон озод фаъолияти касбии худро иҷро карда метавонанд.

Аслан радиои “Озодӣ” бо пахш кардани маълумотҳои алтернативӣ нисбат ба маълумотҳои расмии ин ё он кишвар на фикри истифодабарандаи иттилоот балки манфиатҳои давлати Амрикоро мекунанд. Радиои “Озодӣ” дастгоҳи муқтадири тар-ибкунанда ва дифоъкунандаи манфиатҳои Ҳукумати ИМА дар кашмакашиҳои иттилоотӣ аст.

Кафедраи журналистика ва назарияи тарҷума

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ