Мирзои Салимпур - “Бева дар дискотека”
Мирзои Салимпур дар рӯзномаи «Чароғи рӯз» ва баъдан дар Радиои «Озодӣ» муддате чанд фаъолият намуда, имрӯзҳо дар Прага сомонаи “Ахбор.ком”-ро ихтисос додааст. Аслан мақсад аз таъсиси “Ахбор.ком” чист? Чаро Мирзои Салимпур, ки мақсад аз таъсиси ин сомонаро дар инъикоси хабар ва ҳаводиси Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ маънидод мекунаду мегӯяд, чаро ягон намояндаи расмӣ дар Тоҷикистон ва дигар давлатҳои минтақа надораду фаъолияти ин сомона маҳз дар Прага оғоз гардиду имрӯз ҳам аз он ҷо идора мешавад? Сабаб чист, ки Мирзи Салимпур меъёрҳои ахолқӣ ва фаъолияти касбии журналистикаро дағалона вайрон мекунад? Дар асоси кадом регламент фаъолияти сомонаи “ахбор.ком” ба роҳ монда шудааст? Ва “чаро”- “чаро”-ҳои бисёр аст, ки посух мехоҳад....
Мирзои Салимпур бо нашри матолиби иғвоангез, таҳқиркунанда, носаҳеҳ, пурсакта, полгиат (асардуздӣ), тавсиявӣ(пияр)-у рекламавии гурӯҳҳои манфиатҷӯ ва мафиатхоҳ ва... маъруфтият пайдо намудааст.
Дар ҳеҷ маводи номбурда, агар бо микроскопу “коп”-ҳои дигар кобед ҳам, заррае аз риояи меъёрҳои забони тоҷикӣ ва эҳтироми муқаддасоти миллӣ ва билохира касбиву ахлоқии фаъолияти журналистиро нахоҳед диду пайдо кард. Ҳар як маводи сомона бо ҳадаф нашр мешавад. Аз ин рӯ, ҳеҷ хабаре ё маводеро наметавон пайдо кард, ки манофеи ин ё он гурӯҳҳоро ҳимоят накунад. Дар бештари мақолаҳо роҳбарони ин ё он сохторҳову идораҳоро беибо ва носанҷидаву дақиқ нокарда зери тозиёнаи танқид қарор мегиранд ва бо ҳарфҳои қабеҳу носазо нигошта мешаванд. Ҳар як матлабҳояш аз нуктаи аввал то ҳарфи охирваҳмангезу болохонадор ва то андозае пучу бемаъностанд.
Билохира дигар роҳи худпияркуниро дарёфт накарда, навишт, ки Додоҷони Атовулло “Чароғи рӯз”-ро “Чароғи буз кард.” Дар ин ҳангом, бародари Салимпур баёнияеро нашр кард, ки аз рӯи он хулоса мегардад, бародарашро оқ кардааст. Баъдан устодаш Додоҷони Атовулло низ ӯро оқ намуд.
Аз амалҳои ноҷавонмардонаи Мирзои Салимпур кормандони шабакаҳои иҷтимоӣ, хоса фейсбук ба танг омада, ҳамарӯза ӯро санг мезананд. Аз ҷумла, сардабири рӯзнома “СССР” Сайёфи Мизроб аз ӯ интиқод карда менигорад: “Мо (яъне журналистон дар назар аст!) бояд манофеи ватанро ҳифз кунем, накардӣ. Пас ин ҷо косаест, зери нимкоса.” Ва дигарон низ менигоранд: “бева дар дискотека”, “оқи бародару оқи устод”, “оқи халқ ҳам шавад”, “вой ба ҳоли ин нохалаф”, “Салимпул дасисабоз шуд”, “Салимпул, магар пулҳои хоҷаро дар қимор бой дод?” ва ғайраҳо...
Ин сару садоҳо гувоҳи онанд, ки Мирзои Салимпур дигар журналист нест. Ӯ як лӯхтакест, ки дар саҳнаҳои театрӣ аз рӯйи намоишномаҳои эҷодкардаи хоҷагони хориҷиаш мебозаду мерақсад.
Шояд Салимпур дигар медонад, ки ба ин миллат лозим нест ва манфиат ҳам расондида наметавонад. Аз ин рӯ, “ҳарчи бодо бод”-ро шиор сухта, бар сари мафкураи солими мардуми тоҷик бо аспи носолим тозидан мехоҳад. Намедонад, ки ба аспи чаҳор по шикаса, лоғару фартут ва гӯиё чӯбин нишастааст, бо амри хоҷагон тозиёна мезанад: Чу ҷонвар...
Азизи Латиф, журналист, ДДХ