Халқи олам дӯст бо мо гаштааст...
Боиси хушнудиву нишот ва мояи ифтихор аст, ки имрӯзҳо кишвари Тоҷикистони азизро мардумони сайёра бо роҳбари хирадпешаву дурандеш ва сиёсатмадори варзидаи асри 21, фарзанди фарзонаи миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мешиносанд. Ташаббусҳои неку наҷиби Тоҷикистон бо роҳбарии Пешвои муаззами миллат бо овоздиҳии аксари кишварҳои олам аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ҷонибдорӣ гардида, мавриди амал қарор мегирад. Аз ҷумла ташаббусҳои наҷиби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба Соли байналмилалии оби тоза эълон намудани соли 2003, Даҳсолаи амалиёти байналмилалии «Об барои ҳаёт» пазируфта шудани солҳои 2005-2015, ки аз тарафи беш аз 180 давлати ҷаҳон дастгирӣ ёфтаанд, «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об» эълон шудани соли 2013, эълон гардидани солҳои 2018-2028 Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, ба ҳайси ҷашни ҷаҳонӣ пазируфта шудани ҷашни аҷдодии мо Наврӯзи байналмилал ва амсоли инҳо шаҳодати равшани гуфтаҳои болост.
Чуноне маълум аст, Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати хориҷии худро дар асоси принсипи сиёсати дарҳои боз ба роҳ монда, зиёда аз 150 кишвари олам истиқлолияти Тоҷикистони моро ба расмият шинохтаанд. Ташаббусҳои неку наҷиби Пешвои муаззами миллати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самтҳои тақвияти робита баҳри пешгирии шомилшавии шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротиву иртиҷоӣ, пешгирии фаъолиятҳои тахрибкоронаи экстремиз ва терроризм ва амсоли инҳо қобили зикр буда, баҳри таъмини амнияти на танҳо Тоҷикистон, балки таъмини амнияти сайёра нигаронида шудааст.
Тавре огаҳӣ дорем, 15 июни соли 2019 дар пойтахти Тоҷикистон - шаҳри Душанбе Ҳамоиши панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё таҳти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон бургузор гардид, ки дар кори ҳамоиши сатҳи байналмилалӣ зиёда аз 30 нафар сарони давлатҳо, ҳукуматҳо ва намояндагони воломақоми кишварҳои иштирокчӣ, роҳбарони ташкилоту созмонҳои байналамилалии нозир ва шарик - Созмони Милали Муттаҳид, Созмони байналмилалии муҳоҷират, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, Ассамблеяи парламентии кишварҳои туркзабон, Созмони Ҳамкории Шанхай ва меҳмони ҳамоиш - Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар “Кохи Наврӯз” ба ҳам омаданд. Истиқболи гарму самимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун мизбони ин ҳамоиши сатҳи баланд бори дигар аз фарҳанги олии инсондӯстона ва меҳмоннавозии аҷдодии тоҷиконаи Пешвои маҳбуби мо шаҳодат медод. Қабул гардидани “Эъломияи Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё” пас аз анҷоми кори Ҳамоиши панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё вобаста ба масоили амният ва ҳамкорӣ дар қитъаи Осиё ва саҳмгузорӣ дар ҷараёни ҷаҳонии мубориза бо терроризму экстремизм, қочоқи маводи мухаддир ва ҷинояткории фаромиллӣ, ки аз ҳадафҳои асосии ин ҳамоиш маҳсуб меёфт, як санади муҳими байналмилалӣ дар самтҳои гуногун дар Тоҷикистони азиз бори дигар шукуҳу шаҳомати кишвари моро дар ақсои олам муаррифӣ хоҳад намуд.
Боиси хушнудист, ки ҷараёни кори Ҳамоиши панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиёро таҳти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон 650 нафар намояндагони васоити ахбори дохил ва хориҷ, хабарнигорони рӯзномаву маҷаллаҳо, радиоҳо, телевизионҳо ва агентиҳои иттилоотӣ аз кишварҳои Тоҷикистон, Чин, Канада, Баҳрайн, Аморати муттаҳидаи Араб, Афғонистон, Эрон, Камбоҷа, Туркия, Ҳиндустон, Белорус, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Озарбойҷон, Ветнам, Покистон, Бангладеш, Лубнон, Шри-Ланка, Қирғизистон, Россия, Ироқ ва дигар агентиҳои иттилоотӣ инъикос намуданд.
Тавре маълум аст, зимни суханрониҳои пурмуҳтавои хеш Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр доштанд, ки: “зуҳуроти афзоишёбандаи терроризму ифротгароӣ, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷиноятҳои киберӣ ҳамоно ба амнияти минтақавӣ ва байналмилалӣ хатар ба бор меоранд. Мубориза бо ин таҳдидҳо аз ҳамаи давлатҳои аъзои Машварат андешидани тадбирҳои муштараки таъхирнопазирро тақозо менамояд”.
Ин даъвати инсонгароёнаи Пешвои муаззами мо бори дигар аз сиёсати дурнигарона ва сулҳпарваронаи шаҳодат медиҳад.
Дар робита ба ин нуфуз ва манзалати кишвари азиз ва сиёсати бобарору боварибахшонаи муҳтарам Ҷаноби Олӣ, ҳар як фарди бонангу ори Ватанро зарур аст, ки бо дасту дилу нияти пок баҳри рушди босуботи кишвар саҳмгузорӣ намуда, Тоҷикистонро аз ин ҳам бештару пештар дар арсаи ҷаҳонӣ бо фарҳанги сулҳу ваҳдат ва тинҷиву осудагихоҳӣ муаррифӣ намоем.
Дотсент Неъматов Л.Х., сармуаллимаШамсиева А.Н., муаллим Аҳадов Ф. кафедраи технология ва методикаи таълими он МДТ “ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”