Арҷ нагузоштан ба фарҳангу таърихи худ - беҳурматӣ нисбати миллати худ
Яке аз самтҳои асосии раванди бунёди ҷомеаи демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз оғози солҳои 90-уми асри гузашта оғоз гардид, инҳуқуқи аҳолӣ ба озодии афкор, виҷдон, дин ва эътиқод мебошад. Имрӯз сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ дар мувофиқат бо принсипҳои конститутсионии ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки аз плюрализми сиёсӣ ва идеологӣ иборат аст фаъолият мебарад. Бинобар ин заминаҳои меъёрҳои ҳуқуқӣ низ бо баробори замон ташаккул ёфтаанд. Имрӯз дар баробари Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои вобаста ба муносибат оид ба ҳуқуқи инсон ба озодии виҷдон ва озодии пайравӣ ба дин, муносибатҳои байни давлат ва иттиҳодияҳои динӣ, инчунин вазъи ҳуқуқии иттиҳодияҳои динӣ дар заминаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» ба танзим дароварда шуда, қоидаи иҷро намудани маросимҳои алоҳидаи динӣ ва ҳуқуқи волидайн барои назорат аз болои гирифтани маълумоти динию мазҳабӣ тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»муайян ва мушаххас гардидаанд.Бояд зикр кард, ки қонунгузории кишвар бо баробари ин ба меъёрҳои бунёдии санадҳои байналмилалии «Эъломияи умумии ҳуқуқи башар» (1948), Шартномаи байналхалқӣ оиди ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ аз 15декабри 1966, «Конвенсия оид ба ҳуқуқи кудак» (1989), киҶумҳурии Тоҷикистон эътироф намудааст, ҷавобгӯ мебошад. Имрўзҳо воситаҳои ахбори оммае ки бо ҳизбҳои ифроти алоқаманди доранд масъалаи сатру ҳиҷоби занонро яке аз камбудиҳои ҷомеа эътироф карда иғворо дар байни мардум паҳн кардан мехоҳанд. Зеро дар байнизанон мӯди ба фарҳанги миллати мо бегона - ҳиҷобу сатр тақлид кардан густариш дорад. Сатр ва ҳиҷоб дар шакле, ки имрӯз маъмул шудааст, хоси бодиянишинҳо буда, ба либоси миллии мо робита надорад. Мо бошем ба ҳар миллату халқияти бегона, ки ба дину фарҳанги мо бегонаанд кӯркӯрона тақлид мекунем. Тамоми минтақаҳои Тоҷикистон сару либоси хоси худро доранд масалан: атласу адрас дар Суғд, гулдўзиҳои нотакрори чакан дарХатлон ва куртаҳои пурҷилои Бадахшон, маҳз бо ҳамин либосҳо мо бояд худро ба ҷаҳон муаррифӣ намоем. Аммобоиси таассуф аст, ки бонувони зебои миллати мо майл ба либоси бегона намуда, аз фарҳанги бою ғании миллати бофарҳанги худ истифода наменамоянд. Арҷ нагузоштан ба ҳунар ва тамаддуну таърихи худ бе иззатӣ ва бе эҳтиромии маҳз ба миллати худ аст.
Саркорбобоева М.М - муаллимаи
кафедраи умумидонишгоҳии сиёсатшиносӣ