Истиқлолияти миллӣ неъмати бузург аст.
Дар шаҳри Варшава конфронси солонаи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) баргузор гардид. Барои дар он ширкат варзидан якчанд намояндаҳои расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар шуданд. Вале мутаасифона дар конфронси баргузоргашта даҳҳо намояндаҳои ТЭТ ҲНИ ва дигар гурӯҳҳои мухолифин иштирок намуданд. Албатта пӯшида нест, ки мақсади асосии роҳбарони ин гурӯҳҳо омадан ба сари ҳокимият аст. Вале барои ба сари ҳокимият омадан онҳо бояд, ки ҳамчун ҳизби сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шаванд. Сипас, онҳо бояд барномаи муайяне дошта бошанд, ки он самтҳои асосии пешрафти кишварро дарбар гирад. Вале гурӯҳҳое, ки эътилоф ташкил намуданд, на ҳизби сиёсии расман ба қайд гирифта ҳастанду на барномаи амиқи пешрафти давлатро доранд. Аз ин лиҳоз, қонунан онҳо наметавонанд, ки барои ба даст даровардани ҳокимият мубориза баранд. Илова бар ин, аксарияти мардуми мамлакатамон аз сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон огоҳ ҳастанд ва онро ҳамаҷониба пуштибонӣ мекунанд.
Бояд зикр намуд, ки мардуми Тоҷикистон ҳаргиз воқеаҳое, ки пас аз соҳибистиқлол гаштани давлатамон сар заданд, фаромӯш нахоҳад кард. Хушбахтона, бо сабақгирӣ аз таҷрибаҳои озмуда мардуми тоҷик тамоми саъйу талоши худро ба он равона мекунанд, ки неъматҳои беҳтарини соҳибистиқлолии хешро ҳифз намуда, дигар фирефтаи суханони ононе, ки оромиш ва осудаи Тоҷикистонро намехоҳанд, нагарданд. Пешвои миллат барои Тоҷикистон дар баробари таҳкими истиқлолияти миллӣ неъмати бузургеро чун ваҳдати миллӣ ато намуданд, ки имрӯз мо ҳамагон вазифадорем, ки дар роҳи ҳифзи ин ду ганҷи бузург- истиқлол ва ваҳдати миллӣ якҷоя иқдом намоем. Аз ин рӯ, тамоми мардуми тоҷик имрӯз боварии комил доранд, ки ин сулҳу ваҳдати тоҷикон бо роҳбарии Пешвои миллат умри абад хоҳад ёфт ва бо гузашти фосилаҳо арзиш ва аҳамияти он барои ҷомеаи ҷаҳонӣ низ бештару пештар мегардад. Аз ҳамин лиҳоз барои сулҳу ваҳдат мекӯшанд, зеро асос ҳамин ваҳдат аст. Аз азал миллати тоҷикро маҳз ҳамин хиради воло ба худшиносию таҳаммулпазирӣ ба хушбахтию саодати беназир овардааст. Ва ин хушбахтиро дигар ба касе иҷозат намедиҳем,ва нахохад дод, ки барбод диҳад.