​Хоки Ватан аз тахти Сулаймон хуштар

Бино ба иттилои расонаҳои хабарӣ Хайрулло Мирсаидов- журналист ва собиқ роҳбари дастаи КВН-и Тоҷикистон дар мусоҳиба бо намояндаи сомонаи «Ахбор.ком» гуфтааст, ки фикри баргаштан ба Ватан– Тоҷикистонро надорад. Зоҳиран ин суханро ў ҳангоми ғазаб ва ҷаҳли беҷо изҳор намудааст. Бешак, чун аз аспи ҷаҳл поён гардид, ба зудӣ дарк хоҳад кард, ки сухани беҷо гуфтааст ва сахт пушаймон хоҳад шуд. Бояд донад, ки мардуми бофарҳанг ва оқилу соҳибмаърифат аз рўи ҷаҳл сухан ва амал намекунанд. Зеро беҳтарин дороӣ ва неъмат доштани Ватан аст. Дўст доштани Ватан яке аз шохаҳои имон бошад ва суханварони мо шахси беватанро беҳуда ба булбули бечаман монанд накардаанд.

Мо бояд солҳои вазнини ҷанги бародаркушро ба хотир орем ва фаромўш насозем, ки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии ТоҷикистонЭмомалӣ Раҳмон баҳри ба Ватан баргаштани фирориён чи заҳмату талошҳо намуданд. Абёти зайл дар он солҳо вирди забони ҳамаи фирориён ва ғарибон буд ва пайваста тавасссути барномаҳои радио ва телевизион садо медод:

Хоки Ватан аз тахти Сулаймон хуштар,

Хори Ватан аз лолаву райҳон хуштар.

Юсуф, ки ба Миср подшоҳӣ мекард,

Эй кош гадо будӣ ба Канъон, хуштар.

Мо, аъзоёни кафедраи умумидонишгоҳии забони тоҷикӣ гуфтаи Хайрулло Мирсаидов- собиқ роҳбари дастаи КВН – и Тоҷикистонро, ки айни замон дар Гурҷистон табобат мегирад, маҳкум мекунем ва даъват менамоем, ки аз аспи ҷаҳл фарояд ва андешаҳои носолимро аз сар берун кунад. Хатои худ шиносад ва баҳри ислоҳи он саъй намояд. Ба Ватан, назди хешону пайвандон ва азизони худ бозгардад ва фаромўш насозад, ки тарки ватанкарда ҳеҷ гоҳ дар ҳеҷ ҷой азизу мукаррам нахоҳад шуд.

Аъзоёни кафедраи у

мумидонишгоҳии забони тоҷикӣ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ