Онро, ки бувад нури набӣ дар башара…
Баҳсҳо пермуни масъалаи сайидзода будан ва ё аз табори эшонҳо будани ин ё он одамон аз масъалаҳоест, ки таърихи тўлонӣ дорад. Сари чанд фурсат ин масъала авҷ мегирад ва боз хомўш мешавад. Ахиран, дар сомонаҳои иҷтимоӣ ин масъала мавриди баррасӣ қарор ёфт ва андешаҳои зиёд перомуни он ба нашр расиданд.
Сухан доир ба шаҷараҳое меравад, ки Маркази исломии Тоҷикистон ба хотири таърихӣ буданашон аз мардум хостааст, ки пешниҳод намоянд. Албатта, шаҷараномаҳо, воқеан яке аз сарчашмаҳои таърихӣ ҳастанд ва ба ғайр аз шаҷараи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ шаҷараи Шайх Маслиҳатдини Хуҷандӣ ва даҳхо нафари дигар дар дасти мардум нигощ дошта мешаванд ва гоҳо манбаи ифтихори авлодӣ ҳам ҳаст.
Шаҷара доштан, худро сайид эълон кардан як роҳи дар ҷомеа ифтихор кардан буд ва ҳаст. Мутаассифона, имрўзҳо аз авлоди сайидҳо будан ҳангоми оиладоркунии фарзандон ба назар гирифта мешавад. Ба фикри мо, сайидзода будан ва ё аз насли эшонҳо будани хешро эълом доштан, ба тафриқа байни мардум оварда мерасонад.
Авлоди пайғамбар будан масъулияти бештар дорад. Аммо гоҳо ба ном сайиду эшонҳо ба манфиатҳои ночиз гирифтор гашта, ин масъулиятро аз хотир фаромўш мекунанд. Масъулияти асосӣ покӣ ва асолат доштан аст.
Боре ба назди Абдурраҳмони Ҷомӣ як нафар шаҷараи худро овард, то ки сайидзода будани ўро он бузургвор тасдиқ кунанд. Ҷомӣ он варақҳоро ба даст гирифт, аз назар гузаронд ва ин байтро иншо кард:
Онро, ки бувад нури набӣ дар башара,
Ҳоҷат набувад ба арзу тўли шаҷара.
Ин гуфтаҳои Мавлоно Ҷомӣ имрўз ҳам арзишманданд. Касоне, ки аз рафтору кирдорашон, аз хулқу атворашон некиву писандидагӣ ва шоистагӣ ба амал меояд ва ба таъбири Ҷомӣ «нури набӣ дар башара» доранд, ба шаҷаравуунвонҳо эҳтиёҷманд нестанд.
Исломҷон Раҳимов,
декани факултети забонҳои шарқ