Изҳороти кафедраи умумидонишгоҳии фалсафа
Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад. Чӣ гунае ки Асосгузори сулҳу ваҳдат – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ироаҳои ҳарсолаи худ қайд менамоянд: “Мо ҳамеша ҷонибдори сулҳу субот, оромиву осудагии тамоми ҷаҳон ҳастем ва тамоми мухолифату низоъҳо дар дохили минтақа ва кадом кишваре, ки набошад, танҳо бо роҳи осоишта ва музокирот ҳаллу фасл карда шаванд”. Мо сокинони кишварпайравони Пешвои муаззамимиллат, суханони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарамЭмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори худ дар зиндагӣ карда тамоми саъю кӯшишҳои худро дар ин ҷода ба харҷ медиҳем.
Имрӯзҳо мо дар сомонаҳои интернетӣ (Одклассники, Фейсбук ва ғайра) ҳар гуна хабарҳоро пайгирӣ мекунем. Воқеъан, дар сомонаҳои интернетӣ баъзан ба хабарҳо ва навиштаҷоте бармехӯрем, ки аз бесаводӣ ва бемаърифатии бархе аз нафарон далолат медиҳад ва мо сокинони кишвар мебояд ба ҳар гуна хабару маълумот, ки дар ин сомонаҳо пахш мегардад дахолат намоем.
Аслан бузургон гуфтаанд, ки “ҷавоби аҳмақ сукут аст”, вале ин нафарон аз ахмақ ҳам бадтаранд. Ин нафарон аз рӯзҳои аввали истиқлолияти кишварамон то ба ҳол дар пайи халалдор гардонидани оромии кишварамон ва паст задани мақомотҳои давлатиамон машғул мебошанд. Онҳо ба мисли сагоне (узр мехоҳам аз ҳама сагон, ки ин бебасаронро ба онҳо ташбеҳ додам, таҳқир аст дар ҳаққи сагони вафодор) мебошанд, ки ҳар замон ав-ав карда меистанд.
Ҳазорон корвон рафтанд дав – дав,
Ҳанӯзам ин сагон доранд ав – ав.
Мо сокинони кишвар бояд ба суханони пучу хабарҳои бардурӯғи “занони лаби об ” бовар накунем. Шукронаи як лаҳзаи оромии кишвари азизамонро кунему орому осуда умр ба сар барем.