Дин ҳимоятгари арзишҳои миллӣ
Ҳамагон огоҳӣ дорем, ки дини мубини ислом бо иноят ва таваҷҷуҳи хосе, ки ба илм ва илмомӯзӣ дорад, пайравони худро ба он тарғибу ташвиқ менамояд ва пешрафту тараққӣ ва такомулро бар мусалмонон воҷиб гардонидааст, зеро шахс дорои каромат нахоҳад буд, магар пас аз он ки ба фазилати илму дониш ороста шавад.
Дини мубини ислом аз пайравонаш мехоҳад, ки ба касби илм эҳтимом варзанд, то онҳоро ба мақоме бирасонад, ки дар ҳар масъалаи моддӣ ва маънавӣ ҳарфи дурусту ниҳоӣ аз они эшон бошад.
Маҳз арзишҳои миллӣ ва давлати соҳибихтиёр чи дар масири таърих ва чи имрўз дар шароити муосир қодир аст, ки фазои орому ободи моро таъмин намояд. Ин ҳақиқати бебаҳсро соҳиби дин гуфтааст, асосгузори мазҳаби мо таъкид карда ва бузургони гузаштаи мо бо арҷгузории урфу одат ва анъанаҳои миллӣ собит сохтаанд. Ислом ва бузургии ў дар масири таърих маҳз бо ҳамин гуногунрангии миллию фарҳангӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллию неъматҳои истиқлолияти халқу кишварҳои олам ҳифз гардидааст. Исломро на шамшери ғазовот, на тундгўию қитол балки ҳурмату эҳтиром ва арҷгузорӣ ба арзишҳои олии инсонӣ ва миллии ҳалқу миллатҳои мухталиф дини ҷаҳонӣ намудааст. Имрўз ба хотири кадом як манфиатҳои паси пардагӣ поймол намудани арзишҳои миллӣ хилофи ахлоқ, хилофи дини ислом ва масъулияти муқаддаси давлатдории миллат аст.
Мафхуми «ислом» аз калимаи арабии «салом» реша гирифта маънояш «сулҳ» мебошад. Аввалан, дар ислом ҳаёт ва озодии инсон муқаддасанд. Ҳаёт, ҷону руҳ, ҷисми инсон ва дунёро Офаридгор амонат офридааст. Асос ва моҳияти исломро нияти неки муслимин ташкил медиҳад.
Пайғамбари ислом Муҳаммад (с.а.в.) аз аввалинҳоест, ки дар асри VII ҳукуқи гуманитариро асос гузоштааст. Қонуни ислом, куштор дар ҳолати ҷанг зуроварӣ нисбати кўдакону занон, рўҳониён асиронро маҳкум сохта, таҳқир намудани ҷасади ҳалокшудагон, нобудкунии зироату дарахтон, ҳайвоноту манзилро манъ мекунад. Ҳол он, ки чунин стандартҳо танҳо дар қарни XX дар ҳуқуқи байналхалқи қабул гардидааст.
Масъалаи мазҳаб ва миллат дар ҳамаи давру замонҳо ҳамчун ду шохаи худшиносии инсонҳо мавҷуд буд ва мақоми худро гум накардааст. Манфиатҳои миллӣ ифодагари якпорчагии марзу бум, сиёсат, давлат ва рушду нумўи зиндагии инсонҳо маҳсуб мешавад.
Аз ин нуқтаи назар агар мо ба таърихи дини ислом ва мавҷудияти миллатҳое, ки ин динро қабул карданд назар кунем дар нигоҳдоштани ҳуввияти миллӣ, забон ва арзишҳои миллатҳои ғайри араб хусусан тоҷикон хидматҳои амалии соҳибмазҳаби мо Имоми Аъзам Нуъмон ибни Собит (р) аз ҳама бештар ба назар мерасад.
Кафедраи информатика ва МҲ