​Буҳтони навбатии Салимпур ба сарвазир: магар номардӣ нест?

Барои хонандаи закӣ ва огоҳ аз раванди бархурдҳои иттилооти маълум ва ошкор аст, ки дар фазои имрӯзаи Тоҷикистон ва минтақа фаъолияти сомонаи “шахсии” , “Ахбор, ком” барои ҳимояи манфиатҳои гурӯҳҳои алоҳида, ки равона шудааст хеле ғаразмандона ва ноҷавнмардона ба роҳ монда шудааст. Ҳангомаву дассиса ва ҳатто туҳматномаҳои ин сомона далеле бар ягон асос надорад ва ҳамвора эҳсос мешавад, ки нафарони манфиатхоҳ аз ин раванд лаззат мебаранду мечашанд. Сари масъалаи нашр ва пахши хабарҳои ҳангомавии ин сомона аз ҷониби донандагон ва ҳатто хонандагони одӣ борҳо мавриди танқиду накӯҳиш қарор гирифтааст. Дар бештари он таҳлил ва нигоштаҳои нашршуда бо далел ва арқоми воқеӣ фаъолияти манфиатхоҳонаи сомонаи мазкурро мавриди танқиди сахт гирифтаанд то каме ба худ ояд. Аммо бо чӣ далел бошад сардабири ин сомонаи ҳангомаҷӯву дасисабоз шарме надорад ва ҳатто боре андеша намекунад, ки ин бевиҷдонӣ то ба кай? Барои мо маълум аст, ки хабарҳои дурӯғу ҳангомавии сомона чӣ появу асос доранд. Дар ин маврид мо ҳарфе намезанем чун хонандагон аз вазъи ҳол огоҳанд...

Муҳимтар аз ҳама ҳоло мо дар бобати ҳангомаву буҳтон ва туҳмати навбатии Салимпур ба Сарвазири кишвар, Қоҳир Расулзодаки гӯё бо далели бемории ҷигар аз вазифа истеъфо медиҳад ҳарф хоҳем зад. Магар ин нишоне аз ғараз, ҳангома ва буҳтони Салимпур нест, ки ба яке аз баландтарин нафари Ҳукумат мезанад? Амали ин “марди”, “майдон”, ки хонашери майдонғарибро ба ёд меорад ба ҳеҷ меъёр ва далелҳои на касбӣ ва ҳатто инсонӣ ҷавобгар нест. Шарми Салимпур наомад, ки дидаву дониста ба Сарвазири кишвар туҳмат мезанад ва ҷомеаро бо хабарҳои ҳангомавиаш ба ҷунбиш меорад. Мешавад хабаре дар бораи зану фарзанди Салимпур нашр гардад ва бо ҳар роҳ паҳн шавад, ки ин ду бо маслиҳати ҳамдигар ҷинояте анҷом доданд ва дар пурсиш таъкид карданд, ки падари хонадон Салимпур онҳоро маҷбур кардааст то даст ба ин амал зананд. Ё дигар, мешавад иттилоъе дарёфт, ки Салимпур бо ҳамхобагӣ бо янгааш гумонбар мешавад? Ҳамчунин пахш ва паҳни хабари Салимпур, ки бо ҷурми даст доштан ба куштори ҳамсояаш аз хабарҳое, ки ин қаҳрамони моро ба ҳайрат меандозад ва ба таҳлука меорад... Салимпур эҳсос кун, ки ин хабар дар яке аз сомонаҳо, ки дӯсташ медорӣ нашр шуд. Ҳама сӯят бо ангушти нафрат даст дароз карданд, ки тӯ шармандаву лаънатшудаӣ, бо ин корат...

Ҳамон ҳикмати хуби тоҷикӣ, ки “Кордро аввал ба худат зан, дард накунад ба дигарон” ту бояд натиҷа ва таъсири ҳангомаву буҳтонатро худ меҷашидӣ ва баъдан ба дигарон. Валле албатта, ки ту аз нафарони ҳангмаҷӯву буҳтонзан ва ҳимоятгари хоҷагонат ҳастӣ ба ту ин ҳарфо афсӯс, ки ҳайф аст. Чун дар ин масъала борҳо ба ту расониданду гуфтанд, ки ту як буҳтонсозу ҳангомаҷӯ вадасисабоз ҳастӣ, ки дигар ин кинаву адоват дар вуҷудат хӯ гирифтааст.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ