Ин чӣ шӯрест?
Имрӯзҳо дар сомонаҳои шабакаҳои итнрнетӣ оид ба вазъи ногувору ҷангҷӯёнаи сарҳадии байни Тоҷикистону Қирғизистон мо аҳли ҷомеаро ба ташвиш андохтааст.Амали иғвогарона ва муноқишаи мусаллаҳонаиҳамсояҳои моҷароҷӯ касро ғамгин месозад.
Дар натиҷаи истифодаи яроқи оташфишон аз ҷониби истиқоматкунандагони деҳаи Оқсойи ноҳияи Боткини Ҷумҳурии Қирғизистондар муноқишаи наздисарҳадӣ, ки рӯзи 22 июл бо марги як нафар омӯзгори тоҷик ва захмин гардидани чор нафар шаҳравандонба вуқӯъ пайвастааст, хело нангин аст.
Дар остонаи вохӯрии сарони ду кишвари ҳамсоядар шаҳри Исфара рух додани ҳодисаи мазкур аз он шаҳодат медиҳад, ки баъзе аз доираҳои манфиатҷӯи қирғиз сулҳу субот ва тинҷиву оромиро дар хати марз намехоҳанд ва ба иғвогарӣ даст мезананд.
9 млн аҳолиикишвар имрӯз сиёсати хирадмандонаи Асосгузори судҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати ҶТ-ро ҳаматарафа дастгирӣ намуда, намегузорад, ки оромӣ ва сулҳу субот дар сарҳади ҶТ халалдор гардад. Ҳама якҷоя амали он нохалафонро маҳкум месозем!!!
Кафедраи умумидонишгоҳии сиёсатшиносӣ