​САҲА пуштибони терроризму поймолкунандаи ҳуқуқи башар

Имрўз баъзе аз кишварҳои дунё ва баъзе аз созмонҳои минтақавию байналмилали яке аз мақсадҳояшон ин пайдо кардани нуфуз дар дигар манотиқҳо мебошад. Чи аз лиҳоз иқтисоди ва ҳарбиву дигар соҳаҳо бошад, онҳо мехоҳанд, ки ҳама давлатҳо муттаҳами онҳо бошад. Ва аз қудрат истифода бурда манфиат ва ҳуқуқи башарро поймол мекунанду истифода мебаранд. Ба ин монанд яке аз созмонҳое, ки низомномаи СММ ва Кумитаи ҳуқуқи башарро шикаста бар зидди он фаъолият менамояд ин САҲА мебошад.

Ин созмон бо ном Созмони амният ва ҳамкори дар Аврупо буда, дар асл таҷовузгару тарафдор аз терроризму падидаҳои номатлуб ба ҳисоб меравад. Имрўз ташкилоти терроистии наҳзат, ки бар зидди Ватани худ мубориза мебаранд фирефтаи онҳо шуданд. Кабири, ки роҳбари ин ташкилоти мардумфиреб аст фикр мекунад, ки то охир САҲА пуштибонашон мебошаду инҳо мардумро фиреб карда, ҳамин тавр мегарданд. Аммо ин хато аст ва ин бешарафон дар хоби ѓафлат мондаанд.
Имрўзҳо СММ ва зерсохторҳои он ин қадар сару садо баланд карда, ҳуқуқи башар мегуяду найрангбози мекунад, магар намебинад ин созмонҳои таҷовузкорашро ба монанди САҲА, ки террорисонро тарбият мекунанд?, аммо касе пеши роҳи ин созмони террористпарварро намегирад. Қуҷост он Кумитаи ҳуқуқи башар? Куҷост он ҳуқуқи байналмилал? Маълум мешавад, ки дар муноқишаҳои кишварҳои Шарқи Наздик ва дигар кишварҳои даргир дасти онҳо мебошаду мардумро зери шиканҷаи худ қарор додаанд.
Нишасти навбатии онҳо, ки дар назар аст гузарад ҳизби таҷовузгар ва террористии наҳзатро даъват кардаанд. Бубинед ноадолатиҳои САҲА-ро ҳизби террористиеро, ки дар Тоҷикистон фъолияташ мамнўъ аст онҳо ба конференсияи худ даъват кардаанд. Маълум аст, ки тамоми террористон ва падидаҳои номатлуби дунё аз тарафи онҳо дастгири ва маблаѓгузори мешавад.
Имрўз ба тамоми кишварҳои дунё фаъолияти САҲА, аз ҷумла ба Тоҷикистон маълум гашт, ки сабабгори асоси дар муноқишаҳои кишварҳои мусалмони, ба хусус Сурияву Ироқ ва дигар кишварҳои даргир дасти онҳо ҳасту сабабгори асоси ба ҳисоб мераванд.
Кумитаи ҳуқуқи башар ҳам дар якҷояги бо САҲА фаъолият намуда, манфиатҳои якдигарро ҳифз менамоянд, ки аз доираи ҳуқуқ берун аст. Фаъолияти онҳо аз ноадолати ва таҷовузкори иборат мебошад, аз ин лиҳоз мо бояд аз фаъолиятҳои инҳо хабардор бошем, ки имрўз ва оянда ҳам бошад аз хатарҳои онҳо худро эмин нигоҳ дошта тавонем. Инчунин нагузорем, ки бар зидди зиндагии осуда ва истиқлолияти мо мубориза баранд ва натавонанд, ки дар муқобили миллати тоҷик истодагари кунанд.

Фирдавс Каримов таҳлилгар

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ