Иғвои навбатие аз тарафи ҲНИ
Ба дилпуриву итминони комил метавон гуфт, ки имрӯз Тоҷикистон дорои обруву нуфуз ва эътибор дар назди ташкилотҳои байналмиллаливу ҷаҳонӣ мебошад. Ва ҳеҷ як нохалаф ҳуқуқи инкори ин гуфтаҳоро надорад. Мурод аз гуфтаҳо ин буд, ки дасисаи навбатие аз тарафи душманони халқи тоҷик ҷомеаи тинҷу осоиштаи моро мехоҳад ба ташвиш орад. Вале чун ҳамагон воқифанд, ин корномаҳои пасипардагии онҳо дар ин равбат ҳам беэътибор хоҳад монд. Чун имрӯз сиёсати дохиливу хориҷии мамлакат хеле устувор буда, ба ин номсиёҳкуниву туҳматҳои бардурӯғ заррае ҳам коҳиш намеёбад.
Ин буд, ки туҳмату буҳтони навбатие аз тарафи собиқ ҳизби сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кунун бошад - ТЭТ ҲНИ руй ба саҳнаи иғво намуд. Албатта, имруз ҷомеа хуб огоҳ аст, ки озодии сухан ва баён яке аз ҳуқуқҳои дахлнопазири инсонӣ мебошад. Лекин озодии суханробо ҳақиқат бояд мусаллаҳ намуд ва ҳеҷ ягон гуфтаҳои беасосу подарҳаво наметавонад далели озодбаёнии инсонӣ бошад. Ин гуфтаҳо ба дасисаи навбатии ТЭТ ҲНИ дахл дорад, чун имруз ин ташкилот даъвои ҳақиқатҷуӣ дораду лек дар асл бошад, руй ба суи иғвогариву буҳтонгуӣнамудааст.
Дар бобати ҷаласаи навбатии СММ, ки санаи 3-юми июл дар Женева баргузор гардид, метавон гуфт, ки дар ин ҷаласа намояндагони Тоҷикистон бо оморҳои мушаххас ва посухҳои далелнок маъруза карданд. Чун ҳайат дар нишасти мазкур бо намояндагони мухолифин дар ҳамҷоягӣ қарор доштанд. Ва намояндагони ТЭТ ҲНИ аз фурсати муносиб истифода бурда, суханҳои бардурӯғ нисбати ҳукумату сиёсати мамлакат ба мухбирон изҳор намуданд, ки саропо ин гуфтаҳо беасос буда, бори дигар тасдиқгари бесаводиву беақлии мухолифин - намояндагони ТЭТ ҲНИ алалхусус Муҳиддин Кабирӣ мебошад. Дар бобати зулму зуроварӣ нисбати маҳбасони сиёсӣ ва хешовандони онҳо метавон гуфт, ки аз тарафи ҳукумату давлат фишору зуроварие нисбати онҳо дида намешавад. Ва гуфтаҳои Кабирӣ, ки гуё нисбати падару наберааш дар Тоҷикистон сахтгирӣ кардаанд, беасос мебошад. Бо итминони комил метавон гуфт, ки дар Тоҷикистон собиқ намояндагони ҲНИ, ки аз намояндагии ин ҳизб дасткашӣ кардаанд ва хешу табори онҳо осоишта зиндагӣ доранд. Кош он мухбире, ки ҳамсуҳбати Кабирӣ шуда буд, барои шарҳи ҳол аз Тоҷикистон ибрози назар мекард, дар ин вақт ҳам дурӯғҳо ошкор мешуданду ҳам ҳақиқатҳо тасдиқ.Мо ҷомеаи мамлакат нисбати ин гуна ҳақпуши бадбин нафрат дорем ва дар ин бобат шоире хуб ишора кардааст:
Худо гар парда бардорад зи руи кори одамҳо,
Чи шодиҳо хурад барҳам, чи бозиҳо шавад расво.
Бояд хотиррасон намуд, ки ҲНИ мақсади ба ташвиш овардани ҳукумату сиёсати Тоҷикистонро дошт, вале дар ин маврид бар ҳадафи худнарасид. Ва имрӯз бошад, дар бобати ҳақиқату адолат ибрози ақида дорад, албатта хандаовар аст. Бигзор адолату ҳақиқатро баҳона карда, бадгӯияшонро идома диҳанд, зеро бо ин амалашон онҳо боз ҳам мутанаффиртар менамоянд, дар назди Тоҷикистониёну ҷомеаи ҷаҳонӣ, чун зоғро рисолаташ дар дунё ин садои шум аст, аъзоёни ин ҳизбро рисолат инчунин. Ва наметавон гуфт, ки ин ҳизб ва ё сардорашон Кабирӣ, ки худ як зархариди хориҷӣ аст, на беш аз он, қодиранд ба сулҳу суботи мамлакат халалрасон шаванд. Зеро ӯ дар назди ҷомеаи халқи тоҷик ба мисоли зоғест ва ҳукумати Тоҷикистон бошад уқобест дар назди ин ғуроб. Пас суол ба миён меояд:
Кадом уқоб тарсад аз ғуробе
Кадом оташ бигирад роҳи обе?