Ҳафтаи илм дар факултети санъати тасвирӣ ва технология
Бахшида ба ҳафтаи илм дар факултети санъати тасвирӣ ва технологияи МДТ “Донишгоҳи давалтии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” намоиши китобҳои дарсӣ, корҳои илмӣ-эҷодии устодон, магистрантону донишҷӯён ва озмуни “Тарроҳони моҳир” ташкил ва гузаронида шуд.
Дар чорабиниҳо устодон, магистрантон ва донишҷӯён корҳои илмӣ-эҷодии худро, аз қабили китобҳои таълимӣ, макетҳои биноҳои бисёрошёнагӣ, муассисаҳои таълимӣ ва катедҷҳоро ба маърази тамошо гузоштанд. Дар озмуни “Тарроҳони моҳир” 20 донишҷӯ бо дастранҷи хеш ширкат варзиданд, ки бо туҳфаҳои хотиравӣ ва ифтихорномаҳо сарфароз гардонида шуданд.
Маркази иттилоот ва таҳлил