Нақши адабиёт дар тарбияи эҳсоси ватанпарварӣ ва ҳифзи амнияти миллӣ
Дар боби чиҳилу чаҳоруми “Қобуснома”-и Унсуралмаолии Кайковус, ки бо номи “Дар оини ҷавонмардӣ” шуҳрат дорад, омадааст: “Эй писар, агар ҷавонмардӣ варзӣ, аввал бидон, ки ҷавонмардӣ чист ва аз чӣ хезад? Бидон, эй писар, ки се чиз аст аз сифати мардум, ки ҳеҷ одамӣ наёбӣ, ки гӯяд маро ин се чиз нест. Донову нодон бад-ин се чиз аз Худои таоло хушнуданд, агарчи дар ҳақиқат ин се чиз Худои таоло кам касеро додааст ва ҳар касеро, ки ин се чиз ҳаст, ӯ аз ҷумлаи хоссагони Худост. Аз ин сегона яке хирад аст, дувум ростӣ ва савум мардумӣ”.
Воқеан, бузургони мо ҳикматҳои зиёдеро ба мерос гузоштаанд, ки аз доираи гуфтаҳо ва навиштаҳои онҳо баромадан ғайриимкон аст ва гуфтаҳои Унсуралмаолии Кайковус оид ба ҷавонмардӣ, хирад, ростӣ ва мардумӣ, ки инсонҳоро ба баландиҳо мебарад, панд гирифтан амри воқеист.
Яке аз масъулияте, ки дар назди ҳар як инсон меистад, ин ҷавонмардӣ ба ҳисоб меравад. Ҷавонмард ҳамон нафаре аст, ки барои халқу миллати хеш ҳамеша дар хидмат мебошад ва бо рафтору кирдори шоистаи худ ҳамаро тасхир мекунад. Фикру андешаи ӯ танҳо хидмат кардан ба ватан, ба халқ равона гардидааст. Мутаассифона, имрӯз дар ҷомеа мо ба афроде дучор мегардем, ки ҷавонмардиро ба як сӯй гузошта, танҳо бо корҳои ношоиста ва манфур машғул мебошанд ва аксу номи онҳо дар телевизион хамарӯза чун разилу нокас намоиш дода мешавад. Баъд аз дидани акси онҳо ҳастии инсонро дард фаро мегирад ва ба худ савол медиҳад, ки наход ҳаминҳо фарзанди инсон бошанд? Пеш аз амали нангинро ба иҷро расонидан барои чӣ аз тақдири одамони бегуноҳу бечора, хусусан кӯдакон фикр намекарданд? Чӣ зарурият пеш омад, ки роҳи ноҷавонмардиро пеш гирифтанд? Куҷо шуд ақли инсонӣ, куҷо шуд панди ниёгону волидайн, куҷо шуд шукр аз Ватан доштану миллат доштан? ва мисли инҳо саволҳое, ки инсонро ба фикр кардан водор менамояд.
Вазифаи мо аҳли зиё, омӯзгорону устодон аз он иборат аст, ки ҳамеша муҳассилинро аз оинҳои ҷавонмардӣ огоҳ намоем. Дар ҳақиқат, вақте ки кӯдакро аз хурдсолӣ ба оини ҷавонмардӣ тарбия намоем он кӯдак ҳатман ҷавонмард ба камол мерасад. Барои ин масъулияти падару модар бештар бояд ба назар расад ва волидайн худ низ дониши кофӣ дошта бошанд. Дар боби ҳафтуми “Бӯстон”-и Саъдии Шерозӣ, ки “Дар олами тарбият” унвон дорад омадааст:
Сухан дар салоҳ асту тадбири хӯй,
На дар асбу майдону чавгону гӯй.
Ту бо душмани нафс ҳамхонаӣ,
Чӣ дар банди пайкори бегонаӣ.
Инон бозпечон нафас аз ҳаром,
Ба мардӣ зи Рустам гузаштанду Сом,
Ту худро чу кӯдак адаб кун ба чӯб,
Ба гурзи гарон мағзи мардон макӯб...
Дар мисраъҳои болоӣ масъалаҳои сулҳу салоҳ, ба нафси хеш бо қаҳр нигаристан, бегонапарастӣ накардан, ба ҳаром даст назадан, мардиву мардонагиро пешаи худ кардан, худро ҳамеша сарзаниш намудан, адабу фарҳангро дунбол гирифтан ва монанди инҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.
Дарвоқеъ, гуфтаҳои болоии Саъдии Шерозӣ ба мо бояд панд бошад, панди рӯзгор, панде, ки борҳо санҷидаву баъд аз санҷидан рӯи кор омадааст. Имрӯзҳо ҳамаи он террористоне, ки ба одамкушиву одамрабоӣ, қаллобию фиребгарӣ, тарконидану ғоратгарӣ машғул мебошанд, аз гуфтаҳои бузургони мо бехабаранд. Одамони мазкур, ки ба роҳи номуборак қадам бардоштаанд, албатта ҷазои олии худро дида истодаанд. Он нафарон девсирату ҳайвонтабиат буда, ба қавли Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ватан, модар, хоҳару бародар надоранд.
Дар “Қобуснома”-и Унсуралмаолии Кайковус хирад, ростӣ ва мардумӣ, чунон ки дар боло қайд гардидааст мавқеи хосаро касб намудааст. Вақте ки мо ба ҳақиқати зиндагӣ нигоҳ мекунем инсон танҳо бо хирад, ростӣ ва мардумӣ метавонад ба баландиҳо расад, одамонро бо якдигар иттифоқ гардонад, оммаро ба фарҳангпарастӣ равона намояд, мардумро ба хушсиративу хушахлоқӣ ҳидоят кунад.
Ҳамин тариқ, нақши адабиёт дар тарбияи насли ҷавон, ҳисси хештаншиносӣ ва ҳифзи амнияти миллӣ хеле муҳим аст.