​Либос - таҷассумгари фарҳанги миллӣ

(Изҳороти кафедраи назария ва методикаи таълими забони модарии факултети педагогӣ)

Чи тавре ки сухан ифодагари маданияти инсон аст, либоспӯшӣ низ таҷассумгари фарҳанги миллии мост. Халқи тоҷик, ки аз азал фарҳанги бою ғанӣ дорад, одоби либоспӯшии ин миллати ботамаддун шаҳомату манзалати худро гум накардааст. Тоҷикон фарҳанги ба худ хосро доранд, ҳамеша анъанаҳои миллиро пос медоранд ва метавон гуфт, ки фарҳанги либоспӯшӣ ифодаи муҳаббат ва эҳтироми миллат аст. Таърих гувоҳ аст, ки зан ва модари тоҷик дар ҳама давру замон посдори оину анъанаҳои муқаддаси миллат буд, ва яке аз нишонаҳои асосии фарҳангу тамаддуни миллати тоҷик либоси миллӣ ба ҳисоб мерафт. Вақте сухан аз либоси миллӣ меравад, ҳатман пеши назар симои занон бо сарулибоси хосаи зебо пеши назар меояд, ки ба ҳусни зани тоҷик ҳусну таровати хоса зам менамояд ва беҳуда занро олиҳаи ҳусн намегўянд.

Вале мутаассифона вақтҳои охир тамоюли бегонапарастӣ ва ба фарҳанги бегона майл намудани занону духтарони кишвар, тарѓиби либосҳои бегона дар баъзе шаҳру ноҳияҳои мамлакат ба як вазъи ташвишовар табдил ёфтааст. Ҳисси бегонапарастӣ ва тақлидкорӣ дар мавриди сарулибос ва рафтору гуфтор дар байни занону духтарон метавонад ба устувории рукнҳои фарҳанги миллӣ таъсири манфӣ расонад. Агар иддае ба хотири тақлид ба ин тарзи либоспўшӣ завқ пайдо карда бошанд, баъзеҳо бо мақсади таблиғи ақидаҳои таҳмилӣ ин либосро миёни занону духтарони мо паҳн карда, мехоҳанд дар кишвар боз як ҷараёни нави ифротиро ҷорӣ намоянд. Ин падидаи зишт қариб дар ҳамаи зинаҳои синну сол реша давондааст.

Бояд қайд кард, ки либос рамзи фарҳанги миллӣ ва таҷассумгари расму оин, нишонизебоипарастӣ ва ифтихори ҳар халқияту миллат аст ва он як пораи фарҳанги миллӣ маҳсуб ёфта, ҳар халқу миллати ҷаҳон на танҳо бо забон, урфу одат ва анъанаҳои худ, балки бо либоси худ, тарзи тайёр намудан ва одоби истифодаи он аз ҳам тафовут доранд.

Миллати тоҷик, ки таърихи бою қадима ва урфу одатҳои шоиста дорад, дар асри ҷадид толеи басо баланд ба ӯ ёр гардида, таҳти сарварии Асосгузорисулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таҷдиди сиёсати давлатдорӣ ва арҷгузорӣ ба беҳтарин анъанаҳои миллию фарҳангӣ кӯшиш ба харҷ дода, баҳри пойдории ғояҳои демократии сиёсату давлатдорӣ ва рушди фарҳанги миллӣ қадамҳои устувор гузошта истодааст.

Тоҷикистони соҳибистиқлолу навин дар баробари ширкат дар масоили глобалии ҷаҳонӣ, ҳамчунин ба таҳкими пояҳои миллии урфу одат ва густариши анъанаҳои неки фарҳангӣ эътибори ҷиддӣ дода, дар ин ҷода тадбирҳои муҳим рӯи кор овардааст.

Дар чанд суханрониҳои Пешвои миллат ин маъниҳоро дарёфт кардан мумкин аст, ки фарҳанги миллӣ аз зумраи рукнҳои муҳими давлатдорӣ ва пояи устувори маънавиёт буда, ҳифз ва ба ояндагон мерос гузоштани он аз вазифаҳои муҳими давлат ва тамоми шаҳрвандон маҳсуб меёбад.Аз ҷумла, таъкид гардид, ки солҳои охир таҳти таъсири шабакаҳои интернетӣ ва гурӯҳҳои алоҳида дар байни занону духтарони тоҷик зуҳуроти тақлидкорӣ ба фарҳанги либоспӯшии бегона ба назар мерасад. Ин тоифа бонувон ба тақлиди кӯркӯрона дода шуда, рукнҳои ислому диндориро на дар ботин, балки дар зоҳири худ ба намоиш гузоштаанд.

Махсусан, ин нукта аз ҷониби Пешвои миллат комилан дурусттаъкид гардид: «Моро зарур аст, ки ба зуҳуроти нангини бегонапарастӣ ҳарчи зудтархотима бахшида, сару либосҳои миллии духтарону бонувонро бештар тарғиб намоем, пеши роҳи тақлиду таассуб ва зоҳирпарастиро гирем ва дар миёни занону бонувон корҳои фаҳмондадиҳиро вусъат бахшем».

Дар асоси тадбирҳои хирадмандонаи Сарвари давлат ва пайгирии он аз ҷониби мардуми кишвар зуҳуроти номатлуби солҳои охир – пайравии занону духтарон ба фарҳанги бегона торафт ислоҳва аз байн рафта истодааст. Ба аҳли ҷомеа, махсусан занону духтарон лозим аст, ки таърихи халқи худро омӯхта ба хулоса оянд, ки дар ягон давру замон занону духтарони тоҷик чунин озодии комилродар интихоби касбу кор, пешрафти илмӣ, рушди соҳибкорӣ, омӯзиш ва корбасти технологияи муосирро надоштанд. Ҳамзамон, дар ҷодаи интихоби сару либос рӯй овардан ба анъанаҳои миллӣ – пӯшидани навъҳои хушнамуди атласу адрас ва дигар матоъҳои пахтагину абрешимин аз бахти баланди эшон аст, зеро ба симои зани тоҷик беш аз ҳама ҳамин либосҳои миллӣ мезебад.

Миллати тоҷик миллати соҳибтоҷ аст, аз ин лиҳоз дар тамоми ҷабҳаҳо мо бояд аз таърихи бостониву тамаддунсози худ, аз суханварони мумтози он, аз ҳунар ва арзишҳои волои фарҳанги миллӣ, ҳамзамон аз либосҳои миллии худ ифтихор намоем, зеро либоси миллӣ аз матои атласу адрас ва зардӯзиву чакан моро ба ҷаҳониён муаррифӣ менамояд. Либоси миллӣ оинаест, ки дар он фарҳанги миллии моинъикос меёбад.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ