Бигзор сулҳ пойдор бошад!
Чӣ хеле, ки ба ҳамгон маълум аст, Хоруғ — шаҳрест дар ҷанубу ғарбии Помир, маркази маъмурии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон. Густаришу ободонии ҳамаҷонибаи шаҳри Хоруғ ҳамчун маркази вилоят аз охири солҳои сиюми асри ХХ сар шуд. Аммо бо вуҷуди ин ҳама тараққиёту пешравиҳо инчунин камбудиву норозигиҳо дар он ҷо дида мешаванд. Қобили зикр аст, ки шоми 13 январ дар маркази шаҳри Хоруғ аз ҷониби кормандони ОМОН тирпарронӣ сурат гирифта, бар асари он як сокини маҳаллаи «Болницен» захмӣ шудааст. Ин ҳама ҳодисаҳо дар даврони Истиқлолият моро нигаронӣ ва хотирпарешон мекунад.
Мо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд шукрона аз он кунем, ки Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Истиқлолият - давраи биҳиштосоро ба миён овардаанд.
Тоҷикон аз арзи ташаккул то ба имрӯз соҳиби давлат, миллат, забон ва дорои урфу одатҳои баланди инсонӣ буданд ва хоҳанд буд, зеро аҷдодони мо тавонистанд, асрҳои аср ҳамаи муқаддасот ва марзу буми ин Ватани азизро ҳифозат карда, ба мо мерос гузоранд. Ин ҳама хизматҳои шоиста моро водор месозад, ки Ватанро аз ҳама гуна таҳдидҳои дохилию беруна эмин нигоҳ дошта, ба наслҳои оянда мерос гузошта, зиндагии хубе барояшон фароҳам оварем.
Боиси хушнудӣ ва сарфарозист, ки Тоҷикистони азизи мо дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷойгоҳ ва обрӯву нуфузи худро пайдо намуда, ягонагии моро муаррифӣ намудааст, аз ин лиҳоз ҳар як фарди ҷомеаро мебояд шукронаи обу хоки ин ватани биҳиштосо намуда, баҳри ободии ин марзи муқаддас камари ҳиммат бубандад. Вале имрӯз дар ҷомеа ашхосе ҳастанд, ки ин оромию сулҳу суботи кишварро намехоҳанд, аз замони соҳиби истиқлолият гардидани кишвар, то имрӯз якчанд фоҷиаҳои хунине бархостанд, ки ҷони ҳазорҳо нафарро рабудаву ҳазорони дигарро бе хонаву дар карда, аз Ватан фирорӣ намуда буд ва ин фитнагароии шахсоне буд, ки ба хоҷагони берунии худ бовар намуда, ба аслу насаби худ иснод меоваранд, вале боиси нигаронист, ки ашхоси баландпояи кишвар, аз ҷумла ҲНИ бо ҳамдастӣ ба муовини вазири мудофиаи кишвар Ҳоҷиҳалим Назарзода ва дигар шахсони касбу кори гуногун, ки то имрӯз ба ин гурӯҳи ҷиноятпеша ҳамроҳ буданд, бо мақсадҳои ғаразноки худ мардумро даъват намудаву сафи аъзоёни ҳизбро зиёд намуда ва роҳбарии чанд ҷиноятҳоро бар ӯҳда доштанд, мехостанд, сохти конститутсионии кишварро барҳам диҳанд ва Ватани азизамонро боз ба хоку хун оғушта намоянд.
Хушбахтона ин гурӯҳи террористӣ ба мақсадҳои нопоки худ нарасида, аз ҷониби ниҳодҳои қудратии кишвар саркардагони гурӯҳро нобуд сохтаву, қисмеро ба паси панҷара кашонду қисми дигарро фирорӣ аз Ватан намуд ва дар охир тақдири ҳизбро ҳамчун ҳизби терористӣ ва экстримистӣ эълон намуда, фаъолияти ҳизбро барҳам заданд. Имрӯз дар саросари ҷаҳон гурӯҳҳои зиёде ба ном давлати исломӣ таъсис дода шуданд, ки ҷавонони зиёдеро, ки дар ҷодаи зиндагӣ гумроҳзадаанду роҳи худро пайдо накарданд, аз гӯшаву канори дунё ба коми худ кашида барои ба даст овардани маблағи муфт ва ноором намудани ҷомеаи ҷаҳонӣ истифода мебаранд. Аз он ҷумла, чанде аз ҷавонони мо, ки ба гирдоби фиреби ин гурӯҳҳо воридшудаву тарки ин кишвар карданд, қисме кушта шуданду, дигарон аз пушаймонӣ роҳи бозгашт ба Ватан надоранд.
Аз ин лиҳоз ба ҷавонони ҳушёру далер ва мардуми кишвар гуфтанием, ки ҳамеша барои он кушем, то ки Ватани азизамон гул-гул шукуфон бошаду тинҷию амонӣ дар сарзамини аҷдодии мо ҳукмфармо бошад.
Аъзоёни кафедраи грамматикаи забони арабӣ