Изҳороти устоди кафедраи химияи умумӣ ва методикаи он Ахмедова З.
Чанд муддат аст, ки дар воситаҳои ахбори омма ва сомонаҳои интернетӣ дар бораи ҳаракатҳои босмачигарӣ фикру ақидаҳои зиёд ба миён омада истодааст. Дар таърихи башарӣ, ҳеҷ тағйироти сиёсие нест, ки бе хунрезӣ ба амал омада бошад. Вақте ки дар бораи ҳаракати босмачигарӣ ва Ҳокимияти Шӯравӣ сухану андешаамонро баён мекунем, бояд аз гузашта натиҷагирӣ карда шавад ва мо аз он сабақ омўзем.
Таърихи гузаштаи миллати мо ва мутоилаи осори адибони классикӣ нишон медиҳанд, ки халқи заҳматкаш зиёиён ва донишмандон бар муқобили ифротгароӣ буда, ҳамеша бо он мубориза мебурданд.
Босмачиён, ки ҳадафи асосиашон барқарорсозии Аморати Бухоро ва боз пас овардани Амири Бухоро буд, ҳар як шахси нерўи тарафдори Ҳукумати Шўравиро нобуд мекард. Дар ин талошҳо халқи заҳматкаш ранҷи зиёд дидааст.
Таърихро мо дигаргун карда наметавонем. Он чӣ ки дар таърих гузаштааст ҳақиқат аст. Аммо мо бояд, таърихро дуруст таҳлил намуда, ҷамъияти худро аз ҷараёнҳои манфии мафкураи ҷавононро вайронкунанда пок нигоҳ дорем ва сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки ба пешрафти Точикистони азизамон нигаронида шудааст, ҳамаҷониба дастгирӣ намоем.
Дар тўли 27-соли истиқлолият дар Тоҷикистон Сулҳу Ваҳдат барқарор шуд. Халқи шарифи тоҷик бо сарварии Президенти оқилу одил аз бўҳрони иқтисодӣ сарбаландона баромаданд.