​САҲА: Шахсони расмӣ ва кӯчагиро бояд шинохт!

Тайи чанд рӯзҳои охир дар шаҳри Варшава ҳамоиши САҲА оғоз гардида, дар он намояндагони расмии Тоҷикистон ширкати фаъолона доранд, ки ҳар як масоили маърӯзачиёни тоҷик аз ҷониби аъзоёни ин ҳамоиш пазируфта шуда, баҳои баланд гирифта истодааст. Мавзуи ҳамоиш, ки аз баррасии иҷрои уҳдадориҳо дар соҳаи буъди инсонӣ иборат мебошад, дар онёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Зариф Ализода, коршиносони соҳаи давлативу ҷамъиятӣ ва мутахассисони варзидаи дигари тоҷик Аминҷон Абдураҳимов, Вафо Алибеков, Музаффар Ашӯриён ва дигарон ширкат ва суханронӣ намуда истодаанд. Онҳо равиши мусбати фаъолияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар татбиқи уҳдадориҳо дар чаҳорчӯби таъмини ҳуқуқи инсон дар мамлакат ва доир ба масоили ҳамкории Тоҷикистон бо САҲА ва амалисозии муштараки муваффақонаи лоиҳаҳо ва барномаҳо истода гузашта, бо таври расмӣ баромад карда истодаанд, шоистаи дастгирист.

Аммо роҳ додани САҲА дар ин ҳамоиш ба аъзоёни Ташкилоти экстремистиву террористииҳизби наҳзати исломӣ ва ё Паймони миллии Тоҷикистонхатои маҳз аст. Зеро аз ворид намудани гурӯҳи ҷинояткорони бузурги тоҷикчӣ суд? Пас, чӣ гуна метавон ба фаъолияти САҲА баҳои мусбӣ дод, дар ҳоле, киин хоинони Ватан танҳо аз як ҳузурашон сӯиистиода намуда, гӯё аз поймол шудани ҳуқуқҳои шаҳрвандон ҳарф мезананд. Гӯё аз озод намудани зиндони сиёсӣшикоят мебаранд.

Дар Тоҷикистон кадом шаҳрванд новобаста ба миллат, нажод ва синну сол умр ба сар набарад ӯ побанди ҳуқуқ аст ва он ӯро ҳатман бояд риоя ва итоат намояд. Афроде, ки бо ҳукми суд зиндонӣ шудааст ӯ ҷинояткор аст, пас баррасии он чӣ суд? Ҳар кас вобаста ба кирдору амали содиркардааш дар назди қонун ҷавоб мегӯяд.Чанд руз пешаъзоёни ин гуруҳи ҷинояткори ТЭТ ҲНИ аз шиканҷаи Маҳмадалии Ҳайит дар зиндон ҳарф мезаданд. Рӯзи дигар баёноти хаттии ӯ аз зиндон дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн гардид, ки нисбати ӯ ягон ранҷу азоб дар зиндон дида намешавад. Пас, ТЭТ ҲНИ ва Паймони миллӣ талош варзида истодааст, ки бо суханҳои бардурӯғи худ шарикони ҷинояткори худро ҳимоя ва ё барои озод намудани онҳо талош варзанд.

Ҳадаф бояд созанда ва ба рушди босуботи Тоҷикистон мусоидаткунанда бошад. Аз ин рӯ, САҲА бояд дар ҳузури ин гурӯҳи ҷинояткор дар ин ҳамоиш бояд андеша карда, тухми онҳоро бояд пароканда созад. Зеро ТЭТ ҲНИ ба ҷомеа хатарнок буда, ин гурӯҳ ба терроризму экстремизм, амалҳои ғайриинсонӣ ва фитнаангезиву тафриқаандозӣ алоқамандӣ дорад.

Бобоҷони Хайриддин - ҷомеашинос

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ