Сайидюнуси Истаравшанӣ ҳамеша дар паи хиёнат асту бас....
Сомонаҳои шабакаҳои интернетӣ воситаи ягонаи паҳнкунандаи суханрониҳои бадхоҳони миллат мисли Сайидюнуси Истаравшанӣгардидааст, ки аз рӯи одат ҳамеша аз тӯҳмату бӯҳтонҳо ва бадгӯивуғаразҳои беасос иборатанд.
Сайидюнуси Истаравшанӣдар мақолаи худ, ки гӯё ёддошташ оид ба ПМТ бошад суханронӣ намуда, кӯшиш намудаастонро нишон диҳад, ки ПМТ паймони ғамхори миллат аст ва аъзоёни он саросар мардуми хайрхоҳи миллат буда, фаъолияти онҳо барои пешбурди миллати тоҷик равона шудааст. Дар суханрониҳояш худро ғамхори миллату Ватанвонамуд намуда, вазъияти кишвари оромро ба таври махсуси худ бад арзёбӣ менамояд. Лекин ба ҳамагон маълум аст, киСайидюнуси Истаравшанӣбо ҳар роҳу усул мехоҳад мардумро ба гумроҳӣ барад ва дар қалби ӯву ҳамаақидагонаш танҳо як чиз ниҳон аст ин ҳам бошад бедор намудани ҳисси бадбинӣ нисбати роҳбари кишвар ва ҳокимияти мавҷуда. Навиштаҳои Сайидюнуси Истаравшанӣягон мантиқе надоранд ва пай бурдан мумкин аст, ки ҳатто имлои забони тоҷикиро гум кардаааст.Тарзи навишташ ба хоҷагонаш шабоҳат пайдо кардааст.
Халқи худогоҳу миллатдӯст кайҳо пай бурдаанд, ки ӯдар назди сарпарастони хориҷии худфаъолият дорад ва супоришҳои таҳкибкоронаи онҳороиҷро менамояд.Аз замони пайдоиши худин созмони ифротӣ тибқи дастури хоҷагонаш фаъолияти ҷинояткорона бурда, дар солҳои90-уми асригузашта ҷанги шаҳрвандиродар кишварамон роҳандозӣ намуда буд. Ҳоло, ки Тоҷикистон дар ҳамаи соҳаҳо пеш мераваду мардум орому осуда зиндагӣ доранд ин наҳзатиҳои бадхоҳи миллат мехоҳанд аз нав онро ноором сохта, ба вартаи ҷангу ҷидол табдил диҳанд.
Имрӯзҳо мардуми худогоҳу миллатдӯст аз ҷиноятҳовухиёнатҳоигурӯҳи ПМТогоҳанд ва касе ба онҳо бовар нахоҳад кард.
Мардуми озодихоҳу сулҳдӯст ҳамеша сиёсати пешгирифтаи роҳбари Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, сарвари муаззами кишвар Эмомалӣ Раҳмонро пайгирӣ хоҳанд кард.
Сайидюнуси Истаравшанӣ ва гурӯҳи бадхоҳи миллати тоҷик ПМТхиёнаткоримиллат ҳастанду халос......
Бердишукуров А. - мудири кафедраи сиёсатшиносӣ