​САҲА дастгири ҲНИ

Санаи 16-уми сентябр, ки дар шаҳри Варшаваи Лаҳистон анҷумани солонаи ин ташкилоти ба ном демократӣ баргузор шуда истодааст, намояндагони ҲНИ низ ширкат варзида, аз рўйи нақшаи пешбинишуда бо ин созмони муғриз ва ҳимоятгари терроризм созмони САҲА, ки зери ниқоб амал карда, барои ривоҷи терроризм дар кишварҳои мусалмоннишин, аз ҷумла минтақаи Осиёи Миёна асос гузошта истодааст, ҳамон тарғиботи ҷангҷўёнаи худро аз нав оғоз бахшиданд. Мавқеъгириҳои духураи давлатҳо ва ташкилотҳои муғриз намегузорад, ки терроризм аз бех канда шавад.

Ин ташкилоти бонуфуз ба ҷои маҳкум намудани амалиётҳои террористи ва экстремизми динї, балонаи худ террористон, хоинони миллати тоҷикро роҳ дода, имконият медиҳанд аз минбари он баромад карда Тоҷикистонро бадном намоянд. Аз ин бармеояд , ки САХА ба ҷои таъмин кардани амният, ҳамкорӣ ва сулҳу субот, роҳи вайрон кардани фазои созандагию ободкории кишварҳоро пеша намудаанд. Намояндагони мухолифини Ҳукумати Тоҷикистон, саркардагони ҲНИ, ки дар бисёр кишварҳо фаъолияти он манъ карда шудааст ба маҷлисҳои ин ташкилот роҳ ёфта, суханони бардурӯғ ва ифротангезро дар бораи ҲукуматиТоҷикистон паҳн менамоянд ва бо ин роҳ ба ҳаёти осоиштаи мардуми тоҷик ва дигар халқиятҳое, ки дар диёри хушманзараи тоҷик зиндагӣ менамоянд, халалдор мешаванд.Пас саволе пайдо мешавад, ки ин созмони аврупои амниятро таъмин менамояд.

Агар САҲА-е, ки аз ҳамаи хабару воқеа ва рӯйдоҳои олам огоҳӣ дорад то имрӯз аз ин «қаҳрамони»-ҳои шумо наҳзатиён бехабар бошанд, дар маъхазҳои Тоҷикистон он «қаҳрамониҳову диловариҳо»-е, дар майдон нишон дода ба муқобили бародари худ оташ кушода, хуни мардуми бегуноҳро рехта Тоҷикистонро ба хок яксон намудед маҳфуз нигоҳ дошта шудааст. Имрӯз, ки ҳамаи ҷиноятҳои содир намудаашонро худ дар тарозу бар кашидаанду хукми худро медонанд, аз кишвар ба Аврупо ҳиҷрат карданд.

Ин ташкилот ҳеҷ гоҳ миссияашро дар Тоҷикистон иҷро накардааст. Вазъаш на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар тамоми кишварҳои собиқ Шӯравӣ чунин аст. Ҳамчун нозири аслии интихоботҳо дар кишварҳои ҷаҳон баъди интихобот танҳо бо як изҳорот иктифо мекунад ва аз механизми таъсиргузор бархӯрдор нест.

Бар хилофи накшаҳои зархаридон Тоҷикистон рўз ба рўз рушд пайдо карда, пешрафт намуда истодааст ва ин амал зери сиёсати хирадмандона ва маорифпарваронаи Асосгузори сулњу вањдат, Пешвои миллат, муњтарам Эмомалї Рањмон ба таври чашмгир роҳандозӣ мешавад.

Ҷомеаи кафедраи информатика ва М.Ҳ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ