​Паёми Пешвои муаззами миллат - роҳнамои мо омўзгорон

Чун ҳамасола санаи 1 – уми сентябр дар тамоми гўшаву канори олам ҳамчун Рўзи дониш ва дарси сулҳ оғоз мегардад. Имсол низ дар ибтидои соли нави таҳсил Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бинои маъмурию таълимӣ, меҳмонхона ва хобгоҳи замонавии ба талаботи ҳозира ҷавобгўи Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди истифода қарор дода, дар чорабинии идонаи Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Мо - устодони кафедраи умумидонишгоҳии фарҳангшиносӣ ҳамроҳи шогирдон тариқи оинаи нилгун баромади Роҳбари кишварро тамошо кардем. Дар оғози суханронии худ Пешвои миллат тамоми мардуми кишварро ба ифтихори бузургтарин ва муқаддастарин ҷашни миллӣ - 28 - солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, самимона шодбош гуфтанд.

Сипас, оид ба сулҳу суботи мамлакат ва мушкилиҳои дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ба сари мардуми тоҷик омада ҳарф заданд. Дар барпомади худ қайд карданд, ки «Сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ дастоварди таърихии халқи тоҷик мебошад, зеро ба шарофати ин неъматҳо мардуми мо аҳлона заҳмат кашида, то имрӯз садҳо иншооти хурду бузургро бунёд намуданд, фаъолияти корхонаҳои саноатиро аз нав барқарор карданд, ба кишоварзӣ такони ҷиддӣ бахшиданд, роҳу пулҳо бунёд карда, кишварро аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ бахшиданд ва Тоҷикистони сепорчаро ба қаламрави воҳид табдил доданд, барои расидан ба истиқлолияти энергетикӣ шабонарӯзӣ кор карданд ва дар натиҷа ба пешрафти ҳамаи соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ муваффақ шуданд».

Бале, мо бояд омўзгорон ҳар як сухану гуфторҳои Роҳбари мамлакатро сармашқи кори худ қарор диҳем ва барои таълиму тарбияи донишҷўён саҳми арзандаи худро гузорем. Омода кардани кадрҳои ҷавобгӯ ба талаботи меъёрҳои балналмилалӣ, мутахассисони дорои сатҳи баланди касбӣ ва кормандони ватандӯсту масъулиятшинос метавонанд имрўзу ояндаи Ватани маҳбубамон Тоҷикистони Соҳибистиқлолро ободу зебо нигоҳ доранд ва барои гул-гулшукуфии он саҳми хешро гузоранд.

Дар идомаи баромади худ Сарвари мамлакат қайд намуданд, ки «Таҷрибаи таърихӣ нишон медиҳад, ки шахсони босаводу донишманд барои ҳар як давлату миллат сарвати бебаҳо, нерӯи тавонои зеҳнӣ ва кафили пешрафти давлату ҷомеа ба шумор мераванд. Дар ин раванд, ҳамеша дар ёд бояд дошт, ки мо ворисони мероси бузурги маънавии гузаштагони некноми худ ҳастем. Аҷдоди мо ҳанӯз чанд ҳазор сол пеш соҳиби фарҳанг, забон ва хат буданд ва ба ояндагон осори гаронбаҳое ба ёдгор гузоштаанд».

Мо – омўзгорон пуштибонӣ аз сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намуда, кўшиш ба харҷ медиҳем, ки то ҳар як донишҷўе, ки дар ин Муассисаи таълимӣ дарс меомўзад фарҳанги миллии суханронӣ ва гуфтору рафторашонро дар сатҳи воло омода намоем.

Гузаштагони ниёгонамон гуфтаанд, ки агар як сол зистан хоҳӣ, гандум кор, даҳсолаҳо зистанӣ бошӣ, боғе бунёд кун, умед ба садсолаҳо дошта бошӣ, илм омӯз ва илматро ҳатман ба дигарон арзонӣ бидор, то шогирдоннат соҳибмаърифату ба Ватану миллат содиқона меҳнат мекардагӣ шаванд, зеро танҳо онҳое, ки соҳиби илму маърифат ҳастанд, гузаштаро дар ёд медоранд, ва ба қадри имрӯзу фардо мерасанд. Дар баромади худ Пешвои миллат низ қайд карданд, ки “Аҷдоди мо ҳанӯз чанд ҳазор сол пеш соҳиби фарҳанг, забон ва хат буданд ва ба ояндагон осори гаронбаҳое ба ёдгор гузоштаанд”.

Дар ҳақиқатан ҳам имрўз мо бояд кореро ба сомон расонем, ки насли тарбия кардаи мо барои ояндаи дурахшони фарзандони ин диёр хизмати шоистаи худро ба оранд ва мо аз кору пайкори онҳо ифтихор намоем, ки чунин шогирдон дастпарваронимо устодон мебошанд. Ба гуфти Роҳбари мамлакат “Равандҳои замони муосир аҳли маорифро водор месозанд, ки дар тарғиби моҳияти истиқлолу озодӣ ва ҳифзи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, таблиғу ташвиқи арзишҳои маънавӣ, аз ҷумла забон, таъриху фарҳанг, расму ойин, анъанаҳои миллӣ ва ба ин восита дар замири донишҷӯёну хонандагон таҳким бахшидани ҳисси миллӣ, ифтихори ватандорӣ ва омода будан ба ҳифзи манфиатҳои Тоҷикистони азизамон саҳми калидӣ дошта бошанд. Яке аз ҳадафҳои муҳимме, ки дар назди устодону омӯзгорон қарор дорад, тарбияи мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир ва мутобиқ ба меъёрҳои ҷаҳонӣ мебошад».

Имрўз бояд ҳар як шаҳрванди Тоҷикистони соҳибистиқлоламонба қадри ҳар як ваҷаб хоки муқаддаси ин сарзамини офтўбрў бирасад. Зеро Сарвари мамлакат барои аз бар намудани илму дониши замони муосир барои кўдакону наврасон ва ҷавонон тамоми шароити таҳсил намуданро фароҳам овардаанд. Мо – низ дар баробари дигар устодони макотиби оливу касбии мамлакат бароиомода кардани мутахассисони баландпоя камари ҳиммат мебандем.

Ҷўраева Сарвиноз, мудири кафедраи умумидонишгоҳии фарҳангшиносӣ.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ