​ҲНИТ- сарчашмаи террору даҳшатафканӣ

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон(ҲНИТ), ҳизби умдаи мухолиф дар кишвар, ягона ҳизби сиёсии расмии динӣ дар маҳдудаи пасошӯравӣ ба шумор меравад. Терроризм ва экстремизм аз рӯи оқибатҳои худ аз ҷиддитарин таҳдидҳои ҷаҳони муосир мансуб ёфта, амнияти инсоният, сулҳу суббот ва истиқлолияти давлатии кишварҳоро зери хатар мегузоранд.

Зери мафҳуми “терроризм” содир намудани таркиш, сӯхтор, тирпарронӣ, расонидани зарар ба амвол, халалдор сохтани амнияти љамъиятӣ ва тарсонидани аҳолӣфаҳмидамешавад.

“Экстремизм” (ифротгароӣ) бошад, ин изҳори фаъолияти ифротии шахсони ҳуқуқї ва воқеӣ ба даъвати нооромӣ, дигаркунии сохти конститутсионӣ, ғасби ҳокимият, ангезониданинажодпарастӣ, миллатгароӣ, бадбинии иҷтимоӣ ва мазҳабӣ мебошад.

Барҳақ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвоимиллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (26.12.2018) қайд намуданд, ки “Имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст” , «Авзои сиёсии сайёра ҳоло бисёр ноорому бесубот ва боиси ташвишу нигаронии ҷиддии ҷомеаи ҷаҳон гардидааст. Ин вазъият самаранокии мубориза бо хатару таҳдидҳои замони муосирро, ки ҳамдигарфаҳмӣ ва талошҳои муштараки ҳамаи кишварҳои ҷаҳонро тақозо менамояд, коҳиш дода, баръакс, боиси пуштибонӣ ёфтани гурӯҳҳои террористиву ифротгаро аз ҷониби баъзе доираҳо ва истифодаи ин нерӯҳои даҳшатнок ба муқобили минтақаву давлатҳои алоҳида мегардад».

Баъзе коршиносон ҷараёни ифротии диниро ба сатҳи бесаводиву ҷоҳилӣ ва камбағалӣ иртибот медонанд. Аммо ин чандон воқеӣ нест, чунки ашхосе низ дар байни ифротгароён ҳастанд, ки гарчанде маълумоти олӣ доранд, дар сари мансабанд, соҳиби корхонаву манзилу мошинҳои зиёданд, вале ба ин роҳ мераванд.

Мисоли ин генерал Назарзода аст, ки мақоми муовини вазири мудофиаро дошт, ба ӯ эътимод карда буданд, вале ӯ ба Ватан хиёнат намуд, ҳаёти одамонро зери хатар гузошт.Дар ин маврид Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ зимни вохӯрӣ ба афсарону сарбозони ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз 25 сентябри соли равон таъкид кард, ки “ҳоло ҳам баъзе афроди ҷомеаи мо ба қадру қиммати сулҳу ваҳдат намерасанд ва бо маблағи бегонагон ба гумроҳ намудани мардум ва ноором кардани вазъи орому осудаи кишварамон даст мезананд”.

Ҳамаи ин корҳои ҲНИТ бар зидди давлат ва дини ислом буда, мақсади онҳо дар байни аҳоли заҳрогини дурӯғ, дасиса, найранг, ҳиллабозӣ, мансабталошӣ, авомфиребӣ ва худотарошии бехабарона буда, то имрӯз аз дарди масмумият ранҷ мебарад. Аҳли омӯзгорон ва аҳли ҷомеаи шаҳрвандон барои пешгирии ин ҳодисаҳо ҳиссаҳои худро гузошта истодаанд.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ