​Факултети геоэкология: Вазифаи муқаддаси волидайн

Дар кишвари мо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” фаъолият мекунад, ки ин қонун 2-уми августи соли 2011 таҳти №762 қабул карда шудааст. Мақсад аз қабули қонуни мазкур беаҳамият набудани волидон дар таълиму тарбияи фарзандон мебошад. Ҷиҳати иҷрои қонуни мазкур санаи 22-уми феврали соли равон дар факултети геоэкология маҷлиси падару модарони донишҷӯёни бахши аввали ихтисосҳои экология ва агроэкология бо иштироки намояндаи мақомоти корҳои дохила, нозири минтақавӣ, майори милитсия Идизода Фатҳулло баргузор гардид. Пеш аз оғози чорабинӣ донишҷӯёни гурӯҳи 105 бо шеъру суруд, саҳначаҳои тарбиявӣ ва дигар намоишҳо ҳозиринро ба рӯзи Артиши миллӣ муборакбод намуданд. Баъдан, нозири минтақавӣ, майори милитсия Идизода Фатҳулло ба падару модарон доир ба меъёрҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” маълумот дода, онҳоро даъват намуд, ки дар риояи талаботҳои пешбини гардида масъулияти бештар зоҳир намоянд. Зикр гардид, ки масъалаи мазкур дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар таъкид гардидааст. Ин дастуру супоришҳои Пешвои миллат ҳамаи тоҷикистониёро водор мекунад, ки нисбати таълиму тарбияи фарзандони худ бештар кӯшиш намоянд.

Чорабиниро мудири кафедра, дотсент Мурод Собиров ҷамъбаст намуда аз падару модарон хоҳиш намуд, ки ҷиҳати иштироки донишҷӯён ба машваратҳои таълимӣ, риояи либосҳои тавсиявӣ, чорабиниҳои ҷамъиятӣ, одобу ахлоқ ва муоширати онҳо тез – тез бохабар бошанд. Пешниҳод гардид, ки барои пешгирӣ намудани ҳолатҳои супорида натавонистани марҳилаҳо ва санҷишҳои ҷорӣ падару модарон метавонанд дар дарсҳои донишҷӯён иштирок намоянд.

Падару модарони донишҷӯён ба устодони кафедра ва намояндаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои ташкили чорабинии имрӯза ва фаҳмонидани меъёрҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” арзи сипос намуда, ваъда доданд, ки минбаъд дар таълиму тарбияи фарзанд бештар иштирок менамоянд. Онҳо омодаанд, ки фарзандонашонро дар руҳияи худшиносии миллӣ, хештаншиносӣ, ватандӯстӣ ва садоқат ба Модар – Ватан тарбия намуда, барои ёфтани мавқеи сазовори онҳо дар ҷомеа кӯшиш менамоянд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ