Нафрат ба наҳзатиён ва амалҳои созмони «ҳуқуқибашарӣ»
Барои муассисони ташкилоти террористӣ - экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ гурӯҳи сияҳкор истиқлолият, давлат ва ҳуввияти миллӣ ҳеҷ арзише надоранд. Онҳоҳанӯз ҳам аз кирдорҳои ғаразонаи худ даст накашиданд ва ғуломи пулу сармоя гашта, ба асли арзишҳои инсонӣ пушт гардондаанд. Инчунин, дастовардҳои беназири давлату миллати тоҷик наҳзатиёнро башиддат нороҳату асабонӣ мекунад. Аз ҳеҷ дурӯғу сафсатабозӣ нисбат ба давлату Ҳукумат ва мардуми тоҷик парҳез намекунанд.
Ҳеҷ як фарди худогоҳ инкор нахоҳад кард, ки ин ташкилоти террористӣ аз бунёдаш зиддимилливу хурофотзада буда, то кунун ҳеҷ амали хуберо ба манфиати давлату миллати тоҷик анҷом надодааст.
Афсуски, имрӯз муносибати дугонаи созмонҳои минтақавию ҷаҳонӣ нисбат ба зуҳуроти терроризму ифротгароӣ боиси таассуф мебошад. Хусусан, яке аз созмонҳои адолатпеша ва муҳофизи ҳуқуқи башар САҲА гоҳо амалҳое анҷом медиҳад, ки хилофи арзишҳо ва принсипҳои ин созмонанд. Хусусан, дар ҳамоиши сентябри соли 2019 ин созмон гуфта мешавад, ки «нишасти САҲА дар Варшава, ки аслан як нишасти ҳуқуқибашарӣ аст», аммо дар ин ташкилоти бонуфузи «ҳуқуқибашарӣ»-и Аврӯпо ба фаъолони ташкилоти террористии Ҳизби наҳзати исломӣ додани имконияти иштирок ва суханронӣ басо тааҷҷуб аст.
Дар ин ҷараён суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез” ба ин гуна ташкилотҳо ва ғуломони пулу сармоя ҷавоби хеле бамаврид мебошад: «Таърих ва таҷрибаи талхи бисёр кишварҳои олам, аз ҷумла Тоҷикистон гувоҳ аст, ки дар мубориза бо қувваҳои бадхоҳи ҷаҳонӣ ва таҳдидҳои глобалӣ танҳо бо роҳи ҳамкорӣ ва фаъолияти муштарак метавон пирӯз гардид. Вале боиси таассуф аст, ки то ба ҳол аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ мавқеъгирии ягона нисбат ба мафҳумҳои терроризм ва экстремизм ба назар намерасад. Ба ақидаи мо, муборизаи самарабахш алайҳи терроризму ифротгароӣ ва тундгароии хушунатангез ба ҳеҷ ваҷҳ сиёсати “меъёрҳои дугона”-ро намепазирад. Баръакс, чунин мавқеъгирӣ боиси тавсеаи ҷуғрофияи хатару таҳдидҳои хатарбори мазкур дар шаклу усулҳои пешгӯинашаванда ва боз ҳам даҳшатнок мегардад. Зеро терроризму ифротгароӣ на сарҳадро эътироф мекунаду на давлатро...
Чӣ тавре, ки медонем ТЭТ ҲНИ дар мамлакати мо аз 20-уми октябри1991,
ки сарвари аввалини он Маҳмадшариф Ҳимматзода буд,иҷозати фаъолият намуданро гирифтааст, вале афсӯс бо кирдору гуфтор ва рафторҳои носолими аъзоён ва сарварони худ дар айни замон фаъолияти худро суст намудааст.
Агар Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ва Муҳиддин Кабирӣ аз номи дини мубини Ислом сафсатаҳои нави сиёсиву иҷтимоиро барои кишвари худ - Тоҷикистон намегуфтанду намебофтанд дар айни замон низ ҲНИ дар кишвар бообрӯй боқӣ мемонд. Ҳар як фарди мусулмон дар бораи мафҳум, моҳият, мундариҷа ва мақсади дини мубораки Ислом медонад ва дар қатори ин аз номи ин дини мазкур киҳо чӣ тавр ва бо кадом восита барои манфиати худ истифода бурдани ин динро дарк менамояд ва дар қатори ин бар ҳоли ин динро чун силоҳи қатли ом истифодабарандагон бо нафрат механдад. Зеро ҷамъияти инсонӣ муосир гардида истодааст яъне мафҳум ва маънои дини мизкурро омӯхтааст.
Он ашхосони инсонсимову ваҳшитабиат роҳи дигари рӯзгузаронӣ надоранд барои он ки гарданашон ба меҳнат хам намегардад ва барои ҳамин роҳи ростро дар зиндагӣ ёфта наметавонанд. Он инсонсимоёни бадсимо, кигарданашонро чарбуи тайёрхӯрӣ зер намудааст ва меҳнати софдилонаро ранги заҳри қотил мебинандбарои пойдории ҳаёти осудаву осоиштаи тамоми сайёразаҳри марг гардидаанд.
Ҳамагон медонанд, ки таблиғотгароёни идеологӣ номи худро беҳуда соҳиб нагардида ба ҷони нафарони шумориданашаванда дар ҷаҳони мо зомин гаштаанд ва ҳоло низ гардида истодаанд. Он таблиғотгароёни идеологӣ ташкилотҳои бо ақидаи худ дунявиву муосир бо номи ТЭТ ҲНИташкил намудаанд, ки қувваи мавҷудияти худро аз хуни мардуми осоиштаву зисту зиндагонии ором дошта мегиранд. Фаъолияти онҳо дар ҷамъият на танҳо бо номи дини мубини Ислом балки ба номи инсоният иснод меоварад. Фаъолияти зараровар ва ғайри қобили қабули онҳо ба оромии сайёра зарару халал расонида истодааст. Набототу ҳайвоноти сайёра ваҳшиёна будани рафтору кирдори он носипосонро шоҳид гардида истода дудила гардида истодаанд, ки ҳашароту ҳайвоноти зараррасон барои олами муосири инсонӣ ки бошад.
Таблиғотҳои идеологӣ ва дастгирии молиявии хоҷагони хориҷии ташкилотҳои террористиву экстримистӣ, амсоли ТЭТ ҲНИ, хусусан аз ҷониби САҲА ва дигар ташкилотҳои манфиатдор мардуми софдилу содда ва боимонро беимон намуда истода, ҳаёти осоиштаи мардуми оламро бо оташи ҷанг гарм карда, миллионҳо сокинони осоиштаи сайёраамонро бехонаву дар, бе ватану кӯй ва гурезаву муҳоҷир намуда истодааст.
Он беибоёни замони мо ҳамеша кӯшиши табаддулотҳои давлатиро доранд ва барпо кардани табаддулот, нооромӣ ва куштори бераҳмонаро вазифаи муқаддаси худ мешуморанд. Ҳамеша маблағгузории роҳбарони фирории ташкилотҳои террористӣ – эктремистии наҳзати исломиро мепоянд ва баъди ба он соҳиб гардидан табаддулотҳои ҳарбиро зери сардории муфтхӯрони навбатии худташкил менамоянд. Мардуми мусулмони ноогоҳро барои манфиати худ истифода бурда бо силоҳи терористони наҳзатӣ табдил медиҳанд ва сабаби бегуноҳ кушта шудани халқҳои осоишта мегарданд.
Дар ВАО мо ба гуфтаҳои намояндагони ҲНИ Муҳиддин Кабирӣ, Шарофиддин Гадоев ва Илҳом Ёқубов ошно мегардем ва мефаҳмем, ки туҳмату буҳтонҳои онҳо нисбати Тоҷикистони мо барои мо дарс аст. Маҳкум намудани ҳаракат, андеша ва рафтори нопоки чанд тан аз зархаридони миллати тоҷикро аз номи дини мубини Ислом на танҳо мо омӯзгорон, балки тамоми халқи тоҷики муосир пеша намудаанд. Зеро ваъдаҳои бебунёди он ашхосони бесавод, ки аз номи ин дини муборак сухан меронанд, гурӯҳҳои иғвопеша шуморида мешавандва тарафдори оқибатҳои марговар мебошанду ҷавонони бехабарро ба доми худ мекашанд ва балегӯёнро (дастгирони ҳизбҳои ба ҷамъият бегона) бо пулҳои ба фикри худ роҳи савобро пеша менамуда таъмин мегардонанд.
Агар фикр кунем сафҳои он ҷиноятпешагон саршори одамони аз давлату миллат норозӣ, бесаводу найрангбозон, муфтхӯру ба нотавонӣ рӯй овардагон ва аз куштори одамони бегуноҳ лаззатбарандагон мебошанд, ки ТТЭ ҲНИ-ро бо ҳамин мақсад созмон дода барои бунёди он кӯшидаанд. Аммо афсӯс, киягон аъзои он ташкилоту ҳизбҳо ҷои дастмеқапидагӣ надоранд ва дар ҳақиқат нимчамуллоҳои бесаводи аз мафҳуми дини мубини Ислом бехабарон дар симои ҳомиёни дин мебошанд. Онҳо ба номи дини мазкур иснод оварда истода ҳодисотҳои номатлуб ва гӯшношунидро дар ҷамъиятҳои инсонӣ барпо намуда истодаанд.
Он беҳудаву беасос шиквакунандагон ягон кори муносибро нисбати дини мазкуриҷро намекунанд аммо адолати иҷтимоиро дар кишварҳо бо нодиданиву ношуниданӣ мегиранд. Он ташкилотҳо агар ҳақиқатро ифода менамуданд бо таври махфиёна амал наменамуданд, ки ин ҳам барои ҷавонон ва мардуми дунё дарс гардиданаш шарт ва зарур мебошад.
Ҳоло ҷавонони кишвари мо ба мафҳум ва таблиғи фикру ақидаҳои ифротӣ пурра сарфаҳм мераванд. Ғаразҳои сиёсии душманони миллат ва албатта дини мубини Исломро, кипоймолкунандагони ҳуқуқи инсоният дар рӯи замин мебошанд лаънат мегӯянд. Ҳуввияти миллиро боло дошта маърифату маънавиётро силоҳи худ намудаанд. Садди роҳи чунин аъмолони ҷамъияти ороми Тоҷикистон мебошанд.
Мо омӯзгорони макотибҳои олӣ кадрҳои ихтисоснок, қавирӯҳ, ватанпарвар ва соҳиби ахлоқу одоби ҳамидаро таълим ва тарбия менамоем то, ки ҳимояи тамоми арзишҳои марбут ба халқу Ватанамон ва Пешвои миллатамон –Асосгузори сулҳу ваҳдти миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро риоя намоянд, ба моҳияти арзишҳои миллӣ, таърихиву фарҳангӣ сарфаҳм раванд ва дар оянда барои ҷамъият шаффофонавудемократиёна корбарӣ кунанд.