Маҳалгароӣ ва оқибатҳои бади он
Заминаи синфию иҷтимоии маҳалгароиро моликияти хусусӣ, нобаробарии иҷтимоии халқҳо, истисмори миллатҳои мазлум ва решаҳои гносеологии онро идеологияи иртиҷоии синфҳои ҳукмрон ташкил медиҳанд. Маҳалгароӣ идеологияест, ки миллатро чун умумияти ғайритаърихӣ ва беруназсинфӣ тавсиф мекунад.
Синфҳои истисмосгар тавассути маҳалгароӣ дар байни миллату халқҳои гуногун тухми кинаву адоват, низою нобоварӣ ва душманӣ кошта, онро ҳамчун омили мустаҳкамгардонии ҳукмронии синфии худ ва истисмори васеи оммаи меҳнаткашон истифода мебаранд. Маҳалгароӣ манфиатҳои аққалияти синфу гурӯҳҳои иҷтимоиро ифода намуда, ба манфиати халқи меҳнаткаш ва прогресси ҳаёти ҷамъиятӣ мухолиф аст.
Маҳалгароӣ кишварро ба самти харобию порашавӣ ва муфлисию таназзул мебарад. Дар натиҷаи маҳалгароӣ халқияту миллатҳо ба табақаҳо ҷудо мешаванд ва нисбати якдигар нафрат пайдо мекунанд. Нафрату муҳаббат нерӯҳои ноаёни ҷомеъаро ба ҳаракат оваранда ба ҳисоб мераванд, нафрат ба самти харобию муҳаббат ба фазои шукуфон мебарад.
Барои ҳамин ҳам ҷавононро дар руҳияи ватандӯстиву меҳнатпарастӣ, якдигарфаҳмӣ ва эҳтироми якдигар бояд тарбия кард.