​Изҳороти муовини декан оид ба илм ва инноватсияи факултети санъат Манонова М.

Мусаллам аст, ки тоҷикон аз қадимтарин халқҳои мутаммадини маҳсуб ёфта, дар дарозои таърих дар олами сиёсат, ҳикмат ва фарҳанги ҷомеаи башарӣ саҳми муносиб гузошта, борҳо фоҷиаҳои хунин, хавфи завол ва маҳви миллиро аз сар гузаронидаанд. Ба рағми аҷнабиён, ки тўли чанд қарн инқирози маънавию нажодии тоҷиконро ҳадафи хеш қарор дода буданд, ин миллати хирадпарвар ҳаргиз ба ягон кишваре дасти таљовуз дароз накардаву нияти бад накардааст.

Шуруъ аз ибтидои асри XXI инсоният бо хатари ҷиддї“Терроризми байналмилалӣ” рў ба рў гаштааст. Имрўз терроризм дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон доман паҳн карда, хатари бузурги иҷтимоӣ дорад ва барои амнияти давлатҳои алоҳида ва минтақаҳо воқеан таҳдид эҷод менамояд. Сарфи назар аз тадбирҳои солҳои охир андешидашуда дар бахши мубориза бо терроризм, таҳдиди амалҳои нави террористӣ на фақат аз байн нарафтааст, балки афзоиш ёфтааст. Дар гўшаҳои гуногуни ҷаҳон фаъолшавии созмонҳои террористӣ ва ташкилоту созмонҳои маблағгузори онҳо ба мушоҳида мерасад.

Ин вазъияти баамаломада хавфу хатар дар Тољикистони мо низ эљод намуд. Њарчанд зуњуроти номатлуб будани терроризм ва ифротгароӣ њисобида шудани он мукарраран тариќи васоити ахбори умум, гузоришоти Президенти кишвар ва шахсони барўманд баён гардидааст, вале бо њам љавонони гумроњ ба ин равияњо љалб гашта истодаанд. Мусоњиба бо Азизов Шамс Одинаевич – судяи Суди Олии Љумњурии Тољикистон набояд њар як сокини кишварро бетараф гузорад. Бо асноди даќиќ амалњои паст ва оќибатњои нохуши ЊНИТ дар мусоњибаи мазкур, ки иборат аз таҳдид ё истифодаи зӯроварӣ, расонидани зарари вазнин, таҷовуз ба ҳаёти арбоби давлатӣ ё ҷамъиятӣ, бенизомӣ, кўшиши тағйир додани сохти конститутсионӣ дар мамлакат, ғасби ҳокимият ва аз они худ кардани ваколатҳои он, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динї ошкор карда шудааст. Халќ фарзандони беномуси миллат чун Давлатов Аловуддин, Карамхудоев Шерик, Мањмадризоев Сабзалї, Шарипов Мукаррамхўља, Шарипов Муссаямхўља, Турсунов Абдумубин, Маннонов Ќурбон ва дигаронро мањкум мекунад ва њисси нафрату адовати хешро ифода намуда истодааст.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсола ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар таъкид намуд, ки «Терроризм ва экстремизм, аз як ҷониб, чун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, аз ҷониби дигар, аъмоли он гувоҳ аст, ки терроризм ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад, балки як таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷони ҳар як сокини сайёра аст».

Мо, ҳамеша бо суханони Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайравӣ намуда, терроризм ва экстремизмро шадидан маҳкум менамоем. Инчунин барои ҳифзи якпорчагии ин Ватани азизҳамеша омодаем ва сиёсати хирадмандонаю бунёдкоронаи Пешвои миллатро дастгирӣ мекунем. Мањз сиёсати хирадмандонаи Љаноби Олї тавонист, ки давлатро поянда гардонида, осоиштагии миллии онро таъмин намояд ва омили муҳими такмилбахши сулҳу субот, ваҳдату ягонагӣ, дӯстию бародарӣ ва пойдории якпорчагии Тоҷикистони соҳибистиқлолу ягона гардад. Онтавонист ба ҷаҳониён хиради азалии миллати тоҷик, таҳаммулназирию башардӯстӣ ва соҳиби қобилияти сулҳофарӣ ва давлатсоз будани онро собит созад.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ