Чи гуна наҳзат ба САҲА роҳ ёфт
Аз суханронии муовини вазири адлияи Ҷумҳурии ТоҷикистонҲаким Мирсайзод, ки дар маҷаллаи Садои мардум сабт шудааст (02.03.2019) бар меояд, ки“агар ҳатто ошӯби Абдуҳали Назарзода рух намедод, фаъолияти Ҳизби наҳзати ислом дар Тоҷикистон манъ карда мешуд, чун то тирамоҳи соли 2015 аллакай 58 бахши шаҳриву ноҳиявии наҳзат фаъолиятро қатъ карда буд. Дар баробари он наҳзат дар як силсила амалҳои дигари ғайриқонунӣ, аз ҷумла ташкили Академияи исломӣ, даъвати занон ба пӯшидани ҳиҷоб, баргузории намози таровеҳ бо додани таом дар қароргоҳи ҳизб ва амсоли ин амалҳоро ташкил ва гузаронида аст, ки тибқи қонунгузорӣ манъ мебошанд”.
Амалҳое, ки дар боло номбар намуда ва даст доштани наҳзат дар ошӯби Назарзода, тасдиқ карда шуд ва ҳизби мазкур 29 сентябри соли 2015 дар асоси ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қатъ карда, он ташкилоти террористӣ ва экстремисти дониста шуд.
Дар ин вақт раиси ҳизби террористӣ дар хориҷи кишвар қарор дошт. Бо иттилои якчанд манбаҳои электорнӣ Муҳддин Кабирӣ дар Эрон қарор дошта ва баъдан ба Аврупо сафар кардааст. Роҳ ёфтани наҳзати террористӣ ба созмони САҲА яке аз найрангҳои навбатии сардорони ҳизби террористӣ ба шумор меравад. Агар сухан мавриди чи гуна роҳ ёфтан ба ин САҲА равад, бояд қайд кард, ки бо найрангҳои анкабути сардорони ҳизби террористӣ тавонистаанд, ки дар назди САҲА худро бегоҳ таҷассум кардаанд, ва ба боварии ин Созмони даромадаанд. Дар навбати худ созмон ба онҳо бовари ҳосил намуда дарашро ба сӯи онҳо боз кардааст. Гарчанде дар ин раванд тамоми далелҳо оиди гуноҳкор будани сардорони наҳзат ба ин Созмон пешниҳод шуда бошад ҳам, инро онҳо нодида гирфтаад, ки коста будани системаи созмонро нишон медиҳад.
Дар навбати худ САҲА ро мебояд, ки бори дигар сари парвандаҳои пешниҳодшуда нисбати наҳзат нишаста онҳоро пура омӯхта қарори одил барорад, зеро пурра исбот шудааст, ки ин ҳизб, ҳизби террористӣ мебошад. Хатогии дигари САҲА дар он ҳаст, ки ӯ шароит фароҳам овардааст, ки тамоми аъзоени ҳизби террористӣ дар конфронсҳои солонаи ин созмон баромад карда ба сӯи Тоҷикистон ва роҳбарияти Олии он сангпартоиҳои ноҷоиз мекунанд. Чунин рафтори САҲА ҳамчун ташкилоти дифоъ аз ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон қобили қабул нест. Мо аз САҲА дархост мекунем, ки бори дигар сари тавозуни ҳақиқат нишаста аз долонҳои худ аъзоён ва сарони ин ҳизби террористиро ронад ва онҳоро ҳам ифротгаро ва террорист қабул ва маҳкум кунад.
Омузгори кафедраи умумидони шгохии забони руси Абдолимов Х.