Дасти аъзоёни ТЭТ ҲНИ кўтах аст…
Кишвархои аврупои Хукумати Точикистонро хамчун шарики боэътимод мешиносанд. Онхо медонанд, ки бо намояндагони мардуми точик муносибат карда истодаанд. Дигар игвохои душманони ин миллатро хамчун садои сагхои дайду кабул мекунанд.
Бубинед дустон чамъомаде, ки ин «ватандўстон»-и ба ном точикон дар Фаронса гиридихамои ташкил намуда обрую эътибори давлатамонро мерезонанд. Бароматкунандагон бо суханхои кабех боз аз номи мардуми Точикистон харф зада, рахбари давлатамонро бо суханхои кабех номбурда бо баландгўяк «истеъфо» дод мезаданд. Ин хамон овеза ва суханхое буданд, ки дар соли 1992 дар майдони ба ном «Шахидон» чунин садо медоданд, хамин хел «ватандўстон», ватани ободро вайрон карданд. Окибати он ба хамаи мо маълум аст, ки хочати байён нест.
Як чизро ман мехохам фахмам, ки ба онхо хукук додааст, ки аз номи мардуми точик сухан гўянд. Баромади хар яки онхо аз ин огоз мешуд, аз номи мардуми Точикистон, охир ба онхо инро ки хукук додааст. Ман як фарди Точикистон кишвари ободу озодам ин хўкукро ба онхо надодаам. Пас чаро онхо тамоми мардуми точикро ном мебаранд. Хато шарм намедоранд. Айб аст, эй ватанбезорон.
Писари шодравон Нуриро бинед, боз он эшоне ки ватани чабрдидаам аз дасти чунин мулову эшонхо оташзада шуд, аз номи миллати мехмоннавози точик харф мезананд. Шарм доред, айб аст!
Бовар кунед, мардуми Аврупо алакай аз онхо ба дод омадаанд. Проблемае ки дар худи ин мамлакатхо вучуд дорад, боз инхо ба сарашон бор шудаанд, ба ном оппозитсиони точик худро муаррифи мекунанд, аз дидору рафтори ин ватанфурўшон безор шудаанд. Намедонанд, ки чи гуна, чи хел аз ин «шакаракхо» мисли магас часпидаанд худро дур кунанд.
Медонам, дигар онхо чорае надоранд ба гайр аз ин дасисаву бозихо, баромадхои тухматомез дар телевизиони худ ба ном «Ислох тв» баромад намуда бо хар рох миллати точикро ба чанги навбати даъват карданианд. Муранд ин хел «ватандўстон».
Боварии комил дорам, ки дигар шахрвандони Точикистон, ки чанги бародаркушро аз сар гузарондаанд дигар ба ин, ба ном «родмардони точик» бовар нахоханд кард.
Медонам онхо ки худро чабрдида мешуморанд. Дар ин солхо молу мулки худро аз даст додаанд, мехоханд бо хар рохе, бо хар макру хила, боз хамон мулки аз даст додаашонро баркарор созанд. На, на, онхо хар гиз гами мардуми точикро намехўранд ва нахўрдаанд, танхо як чиз, боз ба сари кудрат оянду давлату сарвати худро бой гардонда зиндаги кунанд. Ин аст, он максаду мароми ин ба ном «точикони ватандўст».
Хеч гох мардуми озодпарастам ба доми ин аблахон нахоханд афтод.
Дигар чи зе ки маро гамгин намуд, ходисаи дар рўзи 6 ноябр ба вукўъ омад, боз душманони миллати мо, хостанд бо рохи зўровари, куштор ба «максади» нопоки худ расанд. Хушбахтона, ин тири нохалафи онхо пош хўрд. Мегўянд хакикат, рўи об мебарояд. Хак аст. Худованд аз ин хел бадхохон ки ба гайр аз кўштор чизе намедонанд безор аст. Хак чониби хакдор аст, мегўянд.
Ба Ватани озоди ман дасти нопоки худро назанед.