​Ифротгароӣ ранги дигар гирифт

Рузҳои охир дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабари кашф шудани намуди нави эътироз нисбати Њукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷой дода шуданд. Хабар дода мешавад, ки мардум эътирози худро рӯи пули миллӣ менависанд ва ин гуна пулҳо баъди навиштани талаб ё эътироз ба банкоматҳо партофта мешаванд.

Бояд зикр намуд, ки мо ба ин ҳолати баамаломада, чун як кӯшиши навбатии гуруҳҳои ифротагароӣ, ки ҳадафи асосиашон ноором сохтани ҷомеа аст, нигоҳ кунем. Кӣ ба ин гуна амалҳо қодир аст? Албатта ҳамон шахсе, ки на фикри ободонии ватани азизамон мекунаду, на ба қадри ин қадар пешравиҳову дастовардҳои бузурги Тоҷикистон мерасад. Мутаасифона, солҳои охир сафи одамони ифротгаро, ки барои расидан ба ҳадафҳои ғаразноки худ қодиранд ба амалҳои ғайриқонунӣ даст зананд, вазъияти тинҷу оромро халалдор созанд, зиёд гашта истодааст. Онҳо ҳатто тасаввур ҳам намекунанд, ки роҳи интихобнамудаи онҳо нодуруст буда, танҳо ба манфиати хоҷагони хориҷиашон равона карда шудааст.

Итминони комил дорем, ки таъмини сулҳу суботи ҷомеа ва давлат вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як сокини ба ору номуси кишвар аст. Воқеан мо дар муттаҳидї як қувваи бузург ҳастем, ки метавонем дар ояндаи наздик кишвари маҳбубамонро боз ҳам ба қуллаҳои баланди тараққиёти ҳамаҷониба расонем. Имрузҳо тамоми ҷидду ҷаҳди Њукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фароҳам овардани шарту шароити арзандаи зиндагӣ барои ҳар як сокини мамлакат равона гардидааст, ки боиси фараҳмандист. Аз ин лиҳоз, мо бояд пеш аз ҳама зиракии сиёсиро аз даст надиҳем ва нагузорем, ки кишвари азизамон бори дигар ба вартаи ҷанги хонумонсӯз кашида шавад.

Камолиддини Раҷабзод!

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ