​Таассуроти устодону донишҷўёни факултети математика аз суханронии Пешвои муаззами миллат

Санаи 1-уми сентябри соли ҷорӣ мисли ҳамасола барои мардуми пуршарафи Тоҷикистон рӯзи басо хушнидиву фаромӯшнашаванда буд. Субҳи рӯзи донишро дар саросари Тоҷикистон суханронии Пешвои муаззами миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шукӯҳи тоза бахшид. Дар ќатори дигар шањрвандони Љумњурї љомеаи устодону донишҷӯёни факултети математикаи МДТ ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров дарси сулҳро тариқи оинаи нилгун тамошо намуда ба худ таассуроти зиёде гирифтем. Ин баромади Пешвои муззами миллат, Љаноби олї, муњтарам Эмомалї Рањмон бори дигар собит сохт, ки таваљљуњи онкас ба соњаи маориф хело баланд аст.

Суханрониҳои Ҷаноби Олӣ донишҷӯёнро бори дигар вогузор намуд, ки ба қадри сулҳу оромӣ, ба қадри дастовардҳои истиқлолият, ба қадри рӯзгори босаодат расида, ба ватани хеш софдилона хизмат намоянд ва ҳар порчаи онро мисли гавҳараки чашм нигаҳдорӣ намоянд ва нагузоранд, ки хоинону душманони миллати тоҷик ба тинҷиву оромии ватан халарасонида бошанд.

Суханрониҳои Ҷаноби Олӣ оиди диққат додан ба омӯзиши фанҳои дақиқ ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ мо устодон ва донишҷӯёнро бори дигар водор намуд, ки ҳарчӣ бештару хубтар ба омӯзиши фанҳои риёзиву забонҳои хориҷӣ ањамияти љиддї дињем. Мо омўзгорони фанњои даќиќ Ифтихорманд аз он њастем, ки сарвари давлат ба фанњои даќиќ ин ќадар таваљуњи зиёде доранд. Мо устодон ва донишҷӯён аз эътибори хоса ба фанҳои дақиқ гузоштани Ҷаноби Олӣ рӯҳияи тоза гирифта, саъю кўшиш ба он медиҳем, ки дар саросари кишвари ҳамешасабзамон, ки бо шарофати ғояҳои сулҳпарваронаи Пешвои муаззами миллат сабзу хуррам, тинҷу ором гаштааст, фанҳои дақиқ, махсусан илми математика боз ҳам хубтар омӯхта шуда, барои ояндаи Тоҷикистони азизамон хизматҳои шоиста намоем ва номбардори пуршарафи миллати тоҷик бошем. Њамаи он эродњое, ки нисбати тайёр намудани мутаххассисон гуфтанд ќобили ќабул аст. Бинобарон омўзгоронро зарур аст, ки минбаъд ба сифати машѓулиятњои таълимї боз њам ањамияти љиддї дода мутаххассисони дар арсаи љањонї љавобгў тайёр намоем. Барои ин дар МДТ ДДХ ба номи академик Бобољон Ѓафуров њамаи шароитњо муњайё аст, фаќат кўшишу ѓайрат мебояд.

Садорати факултети математикаи МДТ ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров тасмим гирифт, ки дар асоси баромади Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат, љаноби олї, муњтарам Эмомалї Рањмон барои боз њам баланд бардоштани сатњи сифати таълим як наќша чорабинињо тањия намуда дар давоми соли тањсил ба иљроиши он саъу кўшиш ба харљ дињем.

Ҷомеаи факултети математикаи МДТ

ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ