Баҳсҳои наздисарҳадӣ бояд ба таври оқилона ҳалли худро ёбанд
То он даме, ки хатгузорӣ байни сарҳади Тољикистону Қирғизистон расман ба поён нарасад, баҳсҳо дар бораи ба ин ё он кишвар тааллуқ доштани ин ё он қитъаи замин хотима нахоҳад ёфт, ки ин худ як амри муқаррарӣ ба ҳисоб меравад.
Аммо ин љо перомуни мақолаи журналисти қирғиз Жазгуль Масалиева, ки дар расонаҳои хабарии Қирғизистон ва ба хусус дар интернет нашр гаштааст, сухан ронданӣ ҳастам. Дар мақола, ки «Приграничные села Лейлека. Как Кыргызстан теряет свои земли» унвон дорад, чунин вонамуд карда шудааст, ки гўиё тољикон ба ҳудудҳои мутааллиқ ба Қирғизистон ворид гашта, биноҳои истиқоматӣ бунёд кардаанд.
Дар ин маводаш, ки дар Бишкек таҳия гаштааст, рақамҳо ва далелҳо оварда шудааст, аммо дар кишваре, ки журналистонаш бо озодии баён ва матбуоти демократӣ фахр мекунанд, даст ба коре задаанд, ки онро диди яктарафа номидан мумкин аст. Ҳамаи маводи мақола аз суханони ҳокимони ноҳияҳои Қирғизистон оварда шудааст ва аз љониби дигар, аз тарафи Тољикистон ягон андеша ёд нагаштааст.
Дар мақола чунин оварда шудааст: «Идет ползучая миграция со стороны Таджикистана. Они на всех пустующих участках сначала что-то посадят, а затем начинают строить дома».Дар ин иқтибос, ки аз суханронии вакили маљлиси авули Катран Сапарали Борубаев оварда шудааст, магар ҳаминро фаҳмидан душвор аст, ки агар тољикон ба замини Қирғизистон боғе карданӣ бошанд, онро аз мақомоти ҳамин кишвар ба иљора мегиранд ва албатта барои пул кор кардан худи мансабдорони қирғиз ба ин кор роҳ медиҳанд. Худи онҳо медонанд, ки сокинони таҳљоӣ – қирғизҳо ба боғдориву зироаткорӣ рағбат надоранд. Чун боғ тайёр мешавад ва дарахтон мевадиҳанда мешаванд, ба ёдашон мерасад, ки ин замини кишварашон аст. Ба онҳо чунин ғавғо на барои замин, балки барои соҳиб шудан ба боғи тайёр аст.
Муаллиф бонги изтироб мезанад, ки сокинони ноҳияи Лайлаки Қирғизистон, ки бо ноҳияи Бобољон Ғафурови вилояти Суғд ҳамсархад аст, ба анклав табдил меёбад ва онро пурра тољикон забт карда мегиранд! Во аљабо! Аммо дар ин маврид ҳаминро ҳам бояд зикр кард, ки барои навиштан ҳам руҳияи миллӣ таъсир мекардааст! Ин қирғизҳо буданд, ки дар тўли таърих ба ғоратгариву чорводорӣ машғул буданд. Худашон, ки ғосиб буданд, дигаронро ҳам чунин фикр мекунанд. Тољикон ягон маротиба кишвареро ғасб накардаанд, ки дигар ба ноҳияи Лайлак чашм ало кунанд.
Жазгуль Масалиева аз Бишкек нишаста аз воқеияти маҳаллӣ бехабар мавод ба нашр расонидааст. Бовариям ҳаст, ки ба ў маводро фароҳам оварда, супориш додаанд, ки ба манфиати ҳукуматдорони қирғиз мақола нависад. Аммо ҳамин хонум метавонист, ки ба тариқи телефон ва ё аз сайти интернетии Мақомоти иљроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобољон Ғафуров истифода бурда, ақидаи тарафи дуюмро ҳам ба даст оварад. Аммо ин кор ба сомон расонида нашудааст!
Ин кирдори Жазгуль Масалиева равғанрезӣ ба оташи низоъ аст. Маводи ў дар шабакаи Агентии иттилоотии «24 kg» нашр гаштааст, ки яке аз расонаҳои хабарии номдор дар Қирғизистон ба шумор меравад. Ҳарчанд сиёсати иттилоърасонии шабакаи мазкур комилан ба стандартҳои журналистикаи байналхалқӣ мутобиқат намудани ахбор ва ё мавод аст, чаро маводи мавриди назари моро яктарафа инъикос намудаанд, фаҳмида наметавонам.
Андеша мекунам, ки мақолаи мазкур иғвоангез аст ва яктарафа инъикос гаштани масъалаҳои сарҳадӣ на ба фоидаи Тољикистон ва на ба манфиати Қирғизистон аст. Аз ин рў, гунаҳкор кардани ин ё он љониб ҳамчун ғосиб ва ё забткор ҳаргиз оқибати хуб ба бор намеорад. Бо хондани ин мавод қирғизҳо худашонро ҳақ медонанд, тољикон дигар маводи ба манфиати Тољикистон таълифшударо мехонанду бар зидди қирғизҳо бармехезанд. Аммо барои ҳарду миллат, ки воқеан шароити зисти якхела доранд, пеш аз ҳама сулҳ ва ҳамдигарфаҳмӣ зарур аст.Роҳ додан лозим нест, ки оташи низоъ забона занад. Оташ, ки баланд шуд, хушку тар месўзад.
И.Раҳимов