Изҳороти устодони факултети молия ва иқтисодиёти бозор
Ғалабаи инқилоби октябри с.1917-и рус, ки бо қадамҳои музаффарона дар тамоми ҳудуди империяи Русия ва аз ҷумла дар Туркистон паҳн мегардад, боиси ба вуҷуд омадани ҳаракати зиддишӯравӣ, босмачигирӣ мегардад.
Дар аввали тобистони с. 1918 дастаҳои ба ном “муҷоҳидин” ва ё “босмачиҳо” пайдо шуда, кишварро ба ҷанги шаҳрвандӣ кашиданд. Сабаби ин ҳаракати эъломияҳо, қонунҳо ва чорабиниҳои аввалини ҳокимияти Шӯравӣ шуданд, ки онҳо манфиати олимаи меҳнаткашро ҳимоя ва раванди амали гардонидани ҷомеаи сотсиалистиро оғоз карда буданд. Яъне инқилоби сотсиалистии октябри с. 1917 собиқ ҳокимонро аз тахт ва мулкдоронро аз моликият маҳрум сохту коргарону деҳқононро соҳиби мулк гардонанд ва ба сари ҳукумат овард.
Ҳамаи ин ба пурзӯршавии босмачигирӣ ва исёнҳои зиддишӯравӣ оварда расонд. Ситоди “Ташкилоти ҳарбии Туркистон” дар Тошканд фош шуд, ки онҳо бо сардории К. Осипов дар Тошканд Стерлигов дар Хуҷанд исён кардани буданд. Моҳи декабри с.1918 дар Хуҷанд боқимондагони гурӯҳи Стерлигов исёни ақсулинқилоби тайёр карданд. Вале балшевикон онро фош намуда, кори онҳоро дар шаҳрҳои Тоҷикистони Шимолӣ боздошт.
Яке аз вазифаҳои душвортарини Ҳокимияти Шӯравӣ дар охири с. 1918 мубориза бар зидди қувваҳои зиддишӯравӣ ба ҳисоб мерафт.
Босмачӣ – аъзои дастаи зиддишӯравӣ гӯянд. Босмачиён худро муҷоҳид, разманда дар роҳи ҳақ меномиданд.
Босмачигирӣ ҳаракати халқи ва зиддишӯравӣ солҳои 1918-1935-ро меноманд.
Дастаҳои босмачигирӣ-дастаҳои муташаккил ва ғайримуташаккил, ки солҳои 1918-1935 дар Тоҷикистон бар зидди Ҳокимияти Шӯравӣ муборизаи мусаллаҳона мебурданд.
Яке аз вазифаҳои душвортарини ҳокимияти Шӯравӣ дар охири с.1918 мубориза бар зидди қувваҳои зиддишӯравӣ ба ҳисоб мерафт. Дар Фарғона сарварии “Армияи сафеди Туркистон”-ро Мадаминбек, ки дар гузашта милисаи Шӯравӣ буд қабул кард. Дар Тоҷикистони Шимолӣ дастаҳоиЭргаш амалиётҳои худро давом медод.
Дар тамоми Тоҷикистони Шимолӣ моҳи марти с. 1919 ҳолати ҳарби эълон шуда буд.
Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистони Шимолӣ бар зидди қувваҳои зиддишӯравӣ дар якҷоягӣ бо ситоди ҷангии Фарғона амал мекард.