​Босмачӣ ва босмачигарӣ

Дар замони муосир ва умуман дар таърихи чандинсолаи миллати куҳанбунёди тоҷику тоҷикистонӣ мафҳумҳои “босмачӣ” солҳост, ки аз фикру андешаҳои мардум фарсангҳо дур шуда, дар хотири мардуми сулҳпарвару ватандӯст ёдрас намешуд. Имрӯз ин мафҳум, махсусан, барои ҷомеа ва ҷавонони кишвар хеле норавшан аст. Зеро имрӯз мафҳумҳо ва амалҳое, ки ба мардум даҳшату зӯроварӣ, ноадолатӣ, хиёнаткориву ватанфурӯшӣ ва дурӯягиро ташвиқ мекунад, ба миён омадааст, ки огоҳӣ пайдо намудан ба падидаҳои иҷтимоӣ барои ҷавонон ва ҷомеаи имрӯза хеле муфид мебошад.

Зеро ашхоси нопок низ бо кӯмаки давлатҳои исломӣ ва дигар хориҷиёнаш кӯшиш намуда истодаанд, ки амнияту осоиштагии кишварро халалдор сохта, аз як ҷиҳат манфиати моддӣ ба даст оранд, аз ҷониби дигар бисёр мехоҳанд, ки сиёсати давлатиро низ дар ихтиёр дошта бошанд. Барои ин манфиатҳо ва ғаразҳои шахсиашон аз ҳеҷ пастигариву ноҷавонмардиҳо рӯ намегардонанд...

Имрӯз ин ашхоси дар ба дари хориҷиён маълум сохта, истодаанд, ки онҳо дар назди давлату миллат ва дар назди хурду бузурги миллати тоҷик чун вазни холис қурбе ва ё заррае арзиш надоранд.

Аз ин рӯ, аз босмачиву босмачигарӣ ҳарф мезананд, пас мо мардуми тоҷик дар симои онҳо “Босмачиёни асри ХХI”-ро мебинему барояшон нафрат мехонем.

Кафедраи грамматикаи забони арабӣ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ