​​Дар чоҳи ғафлату маҳалгароӣ дармондаем.

Маълум аст, ки баъди пошхўрии давлати абарқудрати Шўравӣ кишварҳои бар он аъзо озодиву мустақилияти худро эълом дошатнд, ки ин озодӣ ба кишвари мо низ расид. Дигар Тоҷикистон мутеъ ва дастнигари давлате набуд. Аммо, ба ҳама маълум аст, ки аксари давлаҳои шўравӣ бабарои қабулисохти демократияомода набудаанд. Аз ин рў, аз байн рафтани ҳукумати шўравӣ барои бархе аз кишварҳо хеле пайомадҳои сангине ба бор овард.Аз ҷумла, Тоҷикистони азизи мо ба ҷанги таҳмилии бародаркушӣ мувоҷеҳ шуда, ки зарари ҷониву молии ў солҳо роҳи рушду тараққиётро барои мардуми ин кишвар баст. Мансабталошии афроди ношоистае, дар оғози ташаккули давлати навини тоҷикбоиси чандин сол қафо мондани Тоҷикистон сабабгардид, ки баъдҳо хиёнаткорони асосӣ шинохта шуданд. Баъдҳо бо ибтикори Пешвои муаззами миллат, ки дар он вақт сарнавишти ҳаёту маоти кишварро ба дсти худ гирифта буд, танҳо бо пешниҳод намудани қисме аз мансабҳои давлатӣ оташи ҷанг хомўш гардид.

Дар оғози ташаккул ва эҳёи давлатдории навин хеле мушкилиҳо буданд, ки дар ин маврид низ танҳо сарвари кишвар ғами ояндаи халқу миллатро мехўрд. Тоҷикистон аз давлати ҷангзадаву пошхўрдаистода бадавлати рў ва тараққӣ табдил ёфт, ки албатта барои ба сатҳ расидани солҳо лозим буд. Аммо чунон ки мегўянд оқибат гургзода гург бувад, Гарчи аз одамӣ бузург бувад. Намояндагони ҲНИ боз ҳам аз сари нақшаҳои ғаразмандона ва бади худ даст накашида, барои аз бурдодани давлат кўшишҳои зиёд карданд, ки ҳамаи ин тадбирҳои нанговари ин гурўҳ саривақт нақше дар об шуд. Ба хоҷагони хориҷӣ иртибот дошта сулҳи мардумро халалдор кардан, халқро азояндаи дурахшон ноумед сохтан, пешрафтҳои соҳаҳои мухталифро нодида гирифтан, нисбат ба ҳукумат ғаразҳои шахсӣ доштан ҳамеша вазифа ва кори намояндагони ҲНИ будааст. Аксарият аз ватандорию ифтихори миллӣ, дӯст доштани марзу бум ва маҳкуми маҳалбозӣ тавассути матбуот, радиою телевизион, маҳфилҳои хоса зиёд ҳарф мезананд. Чун он тарафтар мераванд, суханашон бо амалашон тамоман мухолиф аст. Мардум ба гапу амали онҳо мутаваҷҷеҳ гардида, дилашон аз ин тоифа, ки ағлаб гандумнамои ҷавфурӯшанд, мемонад. Худошиносӣ аз худшиносӣ маншаъ мегирад. Агар вуҷуди мо аз имону виҷдон, инсофу адолат, самимияту ифтихори миллӣ орӣ бошад, пас мо худшинос нестем. Вақте худшинос наем, пас чӣ тавр худоро мешиносем? Ватандӯстӣ ҳам аз имон аст. Иддае аз шаҳрвандонамон пас аз бозгашти давлати хориҷае ба тарғибу ташвиқи он давлат мепардозанд. Чӣ қадаре, ки метавонанд, кишвари худро наҳ мезананд. Онҳо намеандешанд, ки «Амири беватан зору ҳақир аст»… Ин обу хоку диёр барои ҳар яки мо манбаи зиндагии хуррамона ва ҳаёти осоишта мебошад. Ба қадри ин хоку диёр бояд расид. Ҷойи таассуф ва боиси нигаронист, ки дар оғози садаи бистуякум, замоне ки инсон кайҳонро фатҳ кардаву пешорӯи кашфиёти бештару беҳтар қарор дорад, мо ҳанӯз ҳам дар чоҳи бадбӯйи маҳалгароӣ ғӯтаварем. Шигифтангезаш он аст, ки зиёиёни мо аламбардорони ин зуҳуроти нангинанд, ки теша ба решаи миллат мезананд. Дареғу дод, ки ҳеҷ ёрою тавони аз чорчӯбаи танги маҳал раҳо шуданро надорем. Агар нафаре бо тақозои вазифа ва ягон сабаби дигар дар ягон гӯшаи дигари диёр зиндагӣ ихтиёр намояд, ӯро ҳамчун тоҷик не, балки намояндаи маҳал мешиносанд. Баъди чанде ҳатман мегӯянд: Фалон ҳамсояи навомада кӯлобӣ, бадахшӣ, хуҷандӣ ё зарафшонист. Як нуктаро ҳам бояд гуфт, ки мардуми деҳоти мо одамони соддаю самимӣ ва орӣ аз марази маҳалгароиянд. Ҷавонони рустоӣ низ то замони ба шаҳрҳо - марказҳои фарҳангӣ омадан хулқу атвори накӯ доранд, аммо ҳамин ки ба шаҳр омаданд, зери таъсири «Ақлҳои даррок» мубталои ин маризии лоилоҷмешаванд. Сад афсӯс, ки мо ворисони бесидқем ва дар чоҳи ғафлату маҳалгароӣ дармондаем.


МАРКАЗИ ИТТИЛООТ