Найрангҳои Кабирӣ ва бозиҳои пасипардагияш!
Ҳеҷ гоҳ ба дарахти бемева санг намеандозанд. Ҳамон дарахте озор мебинад ва санг мехӯрад, ки меваи ширин дошта бошад. Тоҷикистон кишварест, ки рушди рӯзафзун дорад. Албатта ин пешравиҳо ба манфиати душманони миллат ва хосатан ташкилоти террористиву экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ ва ҳамчунин шохаҳои он, амсоли Паймони миллӣ нест ва сад дар сад хилоф аст. Аз ин рӯ ин хоинон бо сафсатафурӯшӣ ва дағдағаҳои бепоя ва бебунёд мехоҳанд ҷавҳари созандагӣ ва ободкории мардумро нобуд созанд, ва бо ин васила, мехоҳанд, ки мардумро ҳамеша дар рӯҳияи ноумедӣ ва тарс нигоҳ дошта бошанд. Аслан ин гурӯҳҳо тавре ки маълум аст, дигар иқтидор надоранд ва ба мардум таъсире ҳам расонида наметавонанд. Аммо сухан ин ҷост, ки хоҷагонашон ин лӯхтакҳоро дар саҳна бо нақши сиёҳ бозӣ медоранд, ва манофеи шахсӣ ва гурӯҳии худро тавассути ин гарангону сустунсурон пиёда намуда истодаанд... Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва умуман дар асри ҳозир на ҳамеша имкони назорат ва табодули андеша муваффақ мешавад. Аксарият бинобар сабаби кам будани вақт ва зиёд будани маълумоти бардурӯғ фирефта мегарданд ва бештар ҳамин ҳолат сабаби бой додани мустақилияти инсонҳо мегардад. Як сабаби аслии гумроҳ шудани ҷавонон ҳам маҳз ҳамин аст, ки аз саросемагӣ ва зиёд будани маълумоти бардурӯғ онҳо наметавонанд, мавқеъгирӣ намоянд. Инро ҳам ибораи дигар метавон зарбаҳои нодурусти психологӣ ҳам номид. Аслан дар ҳолати ноумедӣ ва яъс қарор додани инсонҳоро гурӯҳҳои ифротӣ зиёд истифода намуда дар наздиктарин фурсат инсонро гумроҳ менамоянд.
Ҳамин равандро саркардагону роҳбарони ТЭТ ҲНИ низ истифода намуда, тариқи паҳн намудани ахбори бардурӯғ, овардани далелҳои нодурусту бепоя, танқиди шахсиятҳо ва ворид шудан ба ҳарами шахсӣ ба боварии мардум медароянд ва дигаронро гумроҳ сохт. Чизи дигаре, ки Кабирӣ ва дигар хоинон истифода менамуданд, ин фанатизми динӣ мебошад, ки садҳо ҷавон ба ҳамин роҳ қурбон шуд. Акнун ҳамаи ин нағмаву формулаҳои Кабирӣ ошкор гардид ва ҷавонон дигар бо дурӯғу афсонаҳояш бовар намекунанд ва ин ба он боис гардид, ки палидони наҳзати бо номи нав худро муаррифӣ созанд. Аммо мақоли мардумӣ ҳаст, ки “хар ҳамон хару ҷулу пордумаш нав”.
Ин ҳам як нишони бесоҳибиву бемантиқии кори Кабириву ҳаммаслакони террористаш мебошад. Акнун биёед як андеша кунем,ки чи тавр инҳо метавонанд сиёсатмадор бошанд??? Албатта чунин андешидан ҳам аблаҳии маҳз аст. Зеро террорист ҳаргиз ба манфиату халқу давлат кор намекунад.
Беш аз ҳама маро таваҷҷуҳи мардум ва тарафдорони ТЭТ ҲНИ ҷалб намуд, ки ҳамагӣ чанд нафар боқӣ мондаанду халос. Яъне Кабирии террорист ва хоин дигар тарафдор надорад ва мавқеашро аз даст додааст. Симои манфуру разилаш имрӯз барои миллат ошкор гардидааст ва мардум медонанд, ки ин аблаҳ барои чи ин қадар талош мекунад. Мақсади аслии Кабирӣ ва дигар хоинони ватанфурӯш ҳамин аст, ки манфиати худро дар ҳама ҳолат ҳимоя намоянд. Онҳо фақат барои киссаи худ фикр мекунанд ва мехоҳанд, ки ба курсии давлатдорӣ нишаста, боз ҳам зиёдтар мардумро ғорат кунанду касе онҳоро чизе нагӯяд. Ва аз ҳама муҳимаш боз иҷрои фармони хоҷагони хориҷияш мебошад, ки ин ҳам барои онҳо ҳатмист. Зеро хоин ҳамеша ба ранги пул нигоҳ мекунад на ба вазъу ҳолати мардум. ТЭТ ҲНИ барои Кабирии хоин фақат як лоиҳаи тиҷоратӣ ҳасту халос. Дар он на аз манфиати динӣ гап мераваду на аз ҳифзи фарҳангу таърихи миллат. Ин ташкилоти таъсисдодаи хориҷиҳост, ки бар зарари миллат кор мекунад ва аз ин ҳисоб Кабирии палид пул кор мекунад.
Дар воқеъ бори якум нест, ки аъзоёни ТЭТ ҲНИ-ро дар ҷаласаи САҲА роҳ медиҳанд. Ин амали такрорӣ ва нодурусти САҲА мебошад. Аммо бояд як нуктаро инҷо таҳлил намуд, ки САҲА аз ТЭТ ҲНИ чӣ мехоҳад? Ё Ташкилоти экстремистиву террористии ҳизби наҳзати исломӣ бо иваз намудани симои зоҳирии худ яъне, Паймони миллии Тоҷикистон ва ширкат намуданаш дар ин ҷаласа чӣ манфиат мебардорад? Дар ин маврид даҳҳо саволҳои дигарро метавон пешниҳод сохт аммо, бояд донист, ки дар қафои андешаҳо ва амалҳои пасипардагии Муҳиддин Кабириву Алим Шерзамон, Шарофиддин Гадоеву Сайидюнуси Истаравшанӣ ва чанд тан роҳгумзадагони дигар кишварҳои хориҷии манфиатдор ва инсонҳои зархарид истодаанд. Имрӯз мардум лаънат мефиристад ба ҳар амалҳои хиёнаткорона, ватанфурӯшиву дурӯягӣ ва дурӯғу фитнаангезиҳои ин гурӯҳи ҷинояткорону хоинони ватан...
Ҳузури аъзоёни ин гурӯҳи ҷиноятпеша дар САҲА баръакс, ба мардуми тоҷик нишон дода истодааст, ки ҳамаи он зиндониёне, ки “сиёсӣ” мехонанду роҳи “халосӣ”-и ҷинояткоронро мехоҳанд, бешубҳа, маълум гардида истодааст, ТЭТ ҲНИ ё Паймони миллии Тоҷикистон саропо бофтаву сохта ва пайравони гумроҳшудагон буда, дар ноором сохтани Тоҷикистони соҳибистиқлол даст доранд. Барои ин шахсони ватанфуруш, зану фарзанд, волидайн, оила, ҷомеа ва давлату миллат ҳеҷ арзише надорад. Зеро онҳо ҳақиқатро дида наметавонанд ва ҳар сухан барояшон ҳеҷ аст.
САҲА агар ташкилоте бошад, ки ҳукуқи инсон наздаш арзиш дорад ва барои сулҳу амнияти давлатҳо талош меварзад, набояд аз ташкилотҳои террористиву экстремистӣ, амсоли Ҳизби наҳзати исломӣ ҳимоят мекард. Чандин давлатҳо аз аъзоӣ ба ин ташкилот даст кашиданд, чаро, ки дарк намуданд, ки зери широри инсонгароӣ ва сулҳпарварона ин ташкилот аз созмонҳои ифротӣ ва террористӣ ҷонибдорӣ менамоянд. Мисоли рӯшан даст ёфтан ва ё ҳуқуқи ширкат пайдо намудани хоинони миллат бар ҷаласаҳои ин созмони террористпуштибон аст.
Ин ҳам як нишони бесоҳибиву бемантиқии кори Кабириву ҳаммаслакони террористаш мебошад. Акнун биёед як андеша кунем,ки чи тавр инҳо метавонанд сиёсатмадор бошанд??? Албатта чунин андешидан ҳам аблаҳии маҳз аст. Зеро террорист ҳаргиз ба манфиату халқу давлат кор намекунад.
Беш аз ҳама маро таваҷҷуҳи мардум ва тарафдорони ТЭТ ҲНИ ҷалб намуд, ки ҳамагӣ чанд нафар боқӣ мондаанду халос. Яъне Кабирии террорист ва хоин дигар тарафдор надорад ва мавқеашро аз даст додааст. Симои манфуру разилаш имрӯз барои миллат ошкор гардидааст ва мардум медонанд, ки ин аблаҳ барои чи ин қадар талош мекунад. Мақсади аслии Кабирӣ ва дигар хоинони ватанфурӯш ҳамин аст, ки манфиати худро дар ҳама ҳолат ҳимоя намоянд. Онҳо фақат барои киссаи худ фикр мекунанд ва мехоҳанд, ки ба курсии давлатдорӣ нишаста, боз ҳам зиёдтар мардумро ғорат кунанду касе онҳоро чизе нагӯяд. Ва аз ҳама муҳимаш боз иҷрои фармони хоҷагони хориҷияш мебошад, ки ин ҳам барои онҳо ҳатмист. Зеро хоин ҳамеша ба ранги пул нигоҳ мекунад на ба вазъу ҳолати мардум. ТЭТ ҲНИ барои Кабирии хоин фақат як лоиҳаи тиҷоратӣ ҳасту халос. Дар он на аз манфиати динӣ гап мераваду на аз ҳифзи фарҳангу таърихи миллат. Ин ташкилоти таъсисдодаи хориҷиҳост, ки бар зарари миллат кор мекунад ва аз ин ҳисоб Кабирии палид пул кор мекунад.
ШАМИЛ НАЗАРЗОДА