Изҳороти Шарипова М – омўзгори кафедраи умумидонишгоҳии фарҳангшиносӣ

Ҷомеаи ҷаҳони рўз аз рўз ташаккулу инфишоф ёфта истода ба як системаи ягонаи ҷаҳонишавӣ ворид гаштааст. Дар замони имрўза ҷаҳонишавӣ мавқеи муҳимро иҷро менамоянд. Яке аз роҳҳои асосии ташаккули ҷаҳонишавӣ ин истифодаи васеъи воситаҳои ахбори омма аз ҷумларасонаҳои иҷтимоӣ мебошад. Дар асоси дуруст истифодабурдани расонаҳои иҷтимоӣ фарҳанги миллӣва худшиносию ифтохори миллии халқ ва ҷомеа ташаккул меёбад.Аммо дар замони муосир мо мебинем, ки наҳамаи аъзоёни ҷомеа бо як фарҳанги хос аз расонаҳои иҷтимоистифода мебаранд. Балки як қатор гурўҳҳову шахсони алоҳидамехоҳанд барои амали намудани максадҳои шахсию гурўҳии худ расонаҳои иҷтимоиро нодуруст истифода мебаранд. Тавассутирасонаҳои иҷтимоӣ ҳаргуна шахсон мехоҳанд ғояву ақоидҳои худро паҳн намоянд, кибасулҳу субот ва амнияту истиқлолияти ҳар як давлат хатар меорад.

Аз ҷумла Мирзои Салимпур тавассути расонаҳои иҷтимоӣ ва васоити ахбори оммаи хориҷӣ муқобили давлату миллати тоҷик суханҳои ғаразнок ва ифротии хешро баён менамояд, ки дар асл ба воқеият мутобиқат намекунад. Мавқегириҳои ў тавассути расонаҳои иҷтимоӣ ва ҷалб намудани ҷавонон намунаи хиёнаткориҳои ў нисбати халқу миллат ва сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати ҷумҳурӣ ифода карда мешавад.Ингуна шахсон танҳо мехоҳанд мақсадҳои худ ва хоҷагони хориҷаашонро амалӣ созанд ва дар ин роҳ аз ҳама гуннароҳҳову воситаҳои ғайриахлоқӣ ва ифротгароӣ истифода мебаранд. Барои чунин шахсон арзишҳоиумумиинсонӣ, маънавию ахлоқӣ ҷомеа маънию мазмун надорад. Онҳо муқобили шахсони сиёсӣ ва амалдорон бея гон асос нисбати шахсият ва иззати нафси онҳо сухан мекунанд ва муносибат менамоянд.

Мо ҷавонон набояд ба суханони беасос, ифротӣ ва ғаразноки чунин ашхос дода шавем ва мавқеи онҳородастгирӣ намоем. Балки барои решакан намудани ҷомеа аз чунин фисқу фасод, ақоидҳои нопоки чунин афрод мубориза барем. То нагузорем, ки ингуна шахсон мисли Мирзои Салимпур ба истиқлолияту соҳибихтиёрӣ, ваҳдату якпорчагиидавлату миллати тоҷик хатаррасонанд. Танҳо дар асоси муттаҳидӣ,якдиливу якфикрӣ мо метавонем, муқобили чунин шахсон мубориза барем ва бо бунёдкориву созандагӣ баҳри пешравӣ давлату миллати хеш саҳмгузор бошем.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ