Омилҳои минтақавии динӣ-сиёсии амният
Ба масъалаи фаъолияти сиёсии мутаассибон ва бунёдгароён, одатан, мутахассисон ва исломшиносон силсилаи мисолҳои амниятиро таҳлил намуда, муроҷиат мекунанд. Масалан, М. Ливай меҳисобад: "Таҳдид ба амнияти миллӣ вазъиятест, ки дар он арзишҳои муҳими давлат дар натиҷаи фаъолияти бурунмарзӣ зери хатар гузошта мешаванд"(1).Ин таърифи нисбатан васеи хатар аст дар муқоиса бо фаҳмиши анъанавии амният. Айнан, вобаста ба рӯйхати таҳдидҳои гуногун дохил кардани таҳдиди динию моҷароҷӯёна, ки берун аз давлат пайдо мешаванд ва ба амнияти ашхосу ҷамъият таҳдид мекунанд, мо бояд шаклҳои ултрарадикалии онҳоро ба сифати сохти асосии амният баррасӣ намоем.
Тавре ки маълум аст, дар режимҳои авторитарӣ, ки ҳамаи шаклҳои мухолифати сиёсиро манъ мекунанд, дин воситаи ягонаи баён ва рӯйпӯши ҳадафҳои зиёди ба ҳам зид барои таҳаввулоти сиёсию иҷтимоӣ мебошад.
Таҷрибаи ҷанги шаҳрвандӣ соли 1992-1995 дар Тоҷикистон имкон медиҳад, тахмин намоем, ки ин суханҳо ба ҳақиқат мувофиқанд. Дар баробари ин, имрӯз дар Тоҷикистон муносибати ҳокимият ва аналитикҳо ба ислом чун воситаи мубориза боқӣ мемонад. Лекин нозукиҳои хоси баъзе равияҳо ва ҳизбҳои исломиро, алалхусус чун Ваҳҳобия, Ҳизбуттаҳрир ва Салафия, ки бевосита ба нооромиву бесуботии ҷомеа мусоидат мекунанд, ба инобат нагирифтан мумкин нест. Ин ҷунбишҳо имрӯз чунин қутбҳои идеологиро нишон медиҳанд, ки ба таври тамоюлӣ дар оянда метавонанд, ба низоъҳо ба таҳдид ба амният дар тамоми ҳудуди пасошӯравӣ оваранд. Ин масъала ҳатто имрӯз дар чаҳорчӯбаи ҷаҳони мусулмонӣ як хел баррасӣ намешавад. Махсусан, ба эҳёи бунёдгароии исломӣ тааллуқ дорад, қувват гирифта, зуд-зуд ба давраҳои ташаннуҷи иҷтимоию сиёсӣ бармегардад. Дар Тоҷикистон ин равияҳои нав, ба назари мо, усули исломи "ғайрианъанавӣ"-ро пеш гирифтанд (2).
Ваҳҳобия равияе мебошад, ки зиёда сесад сол қабл асос ёфтаасту дар Арабистон дар байни қарни XIX ба шарофати дастгирии фаъолонаи Инглистон бартарӣ пайдо намуд. Дар ҳудуди ИДМ ваҳҳобиҳо бори аввал худро ҳангоми ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон соли 1992-93 зоҳир намуданд. Феълан онҳо дар водии Фарғона дар ҷануби Қирғизистон ва Доғистон фаъолона амал мекунанд. Зимнан, усули такя ба табақаҳои поёнӣ, қавмҳои "ранҷида" ва гурӯҳҳои этникиро, ки аз ҳукумат норозианд, ба ҳаёт татбиқ мекунанд. Пешбарони ваҳҳобизм одатан ҷавонони гирифтори таассуб ҳастанд, ки омодагии низомиву ғоявиро дар марказҳои бурунмарзӣ гузаштаанд.Аз ҳамин лиҳоз, имрӯз набояд аз он осудаҳол шавем, ки ваҳҳобиҳо зоҳиран ақаллиятро ташкил медиҳанд. Онҳо одатан дар шароити бӯҳронҳои системавӣ ба табдили табақаи идоракунанда мекӯшанд ва тамоюли бузурге доранд барои паҳнгардонии ҳадафҳои хеш.
Салафия дар Тоҷикистон ҷараёни хеле нав аст, ки дар манотиқи зиёди ҷумҳурӣ паҳн гардидааст ва на танҳо аз нуқтаи назари динию сиёсӣ, балки амнияти шаҳрвандон низ хавфи амалию воқеӣ дорад. Салафиён собит мекунанд, ки ҷиҳод - асоси "рӯҳия"-и ислом асту бидуни он ислом мисли тани "беҷон" аст. Онҳо на ин ки такомули инсонро, балки муборизаро баҳри вусъат додани ислом дар тамоми ҷаҳон, ки метавонад хусусияти яроқнок дошта бошад, шакли олии ҷиҳод мешуморанд. Зимнан гурӯҳҳои нисбатан радикалии салафиён ба чунин ақидаанд, ки ҷиҳоди яроқнок натанҳо бо мақсади ҳимоя, балки барои бартараф кардани он мамониятҳое, ки душманони ислом дар роҳи вусъат додани он бо роҳи осоишта барқарор кардаанд, метавонад бурда шавад. Ин гуна назари қатъӣ барои ашхоси гуногуни маргиналӣ ва ашхосу ҷомеаҳои шароити иҷтимоиашон баду ноором имконияти хавфу таҳдидро афзун мегардонад.
"Ҳизбуттаҳрир" -ҳизбест, ки аз рӯи густариши фаъолияти хеш байналмиллалӣ ва ташкилоти сиёсӣ аст, аз назари моҳият ва мақсад - бунёдгаро ва динӣ мебошад. Тибқи ақоиди "Ҳизбуттаҳрир", масъалаи асосӣ барои мусулмонони тамоми ҷаҳон алҳол таъсиси давлати исломӣ дар шакли хилофат ва инчунин ҳокими ягонаи мусулмонон таъин кардани халифа мебошад. Ҷонибдорони ин ҳизб душманони ашаддии демократия ҳастанд. Онҳо зидди ҳама гуна озодии шахс баромад мекунанд, яъне озодии афкор ва ақоиди динӣ, озодии моликият ва виҷдон ва инчунин мавҷудияти давлати ҳуқуқбунёдро низ инкор мекунанд (3).
Вобаста ба вазъияте, ки имрӯз дар ҷаҳон ба амал омадааст, яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати сарони давлатҳо, ин мубориза бар зидди экстремизм ва терроризм мебошад. Дар Паёми навбатии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба ин таҳдиду чолишҳо омадааст: «Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявию иҷтимоӣ узви ҷомеаи ҷаҳонӣ буда, дар ҷараёни таҳаввулоти босуръати ҷаҳонишавии муносибатҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёт қарор дорад.
Имрӯз дар як қатор давлатҳо ҷангҳои харобиовар идома дошта, боиси афзоиши шумораи фирориёни иҷборӣ, бекорӣ, гуруснагӣ ва шиддат гирифтани проблемаҳои дигари иҷтимоӣ гардидаанд. Терроризм ва ифротгароӣ беш аз ҳарвақта авҷ гирифта, бо оқибатҳои даҳшатбору бераҳмонаи худ ба проблемаи ҷиддитарини инсоният дар асри бистуяк табдил ёфтааст» (4).
Аз оғози ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба яке аз масъалаи муҳим ба монанди таъмини амнияти минтақавӣ ва миллӣ дучор гардид. Авҷи хатари терроризм ва экстремизм ин ҳодисаҳои марбут ба ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвари мо дар солҳои 1992–1997 мебошанд.
Шаклҳои зиёди экстремизм ба монанди: сиёсӣ, миллатгароӣ, динӣ, наврасон ва ҷавонон, экологӣ, зиддиҷаҳонишавӣ, маънавӣ ва ғайра муайян карда шудаанд.
Экстремизми миллатгароӣ – ғояҳои радикалӣ, таҳамуллнопазирӣ ва амалҳои зидди намояндагони дигар гуруҳҳои этникӣ, миллатҳо, гуруҳҳои нажодӣ, кӯшиши бартарафкунии сиёсӣ ё ҷисмонии онҳо, хушунат дар шаклҳои шадид – терроризм зидди мардуми гурӯҳҳои дигари этникӣ мебошад.
Экстремизми динӣ – қатъиян эътироф накардани ғояҳои динии дигар, муносибат ва рафтори хашмгинона нисбат ба пайравони мазҳабҳои дигар, таблиғоти ақидаҳои устувор, «ҳақ будани як таълимоти динӣ», кӯшиши решакан, бартараф намудан ва то ба ҳалокат расонидани намояндагони динҳои дигар мебошад.
Экстремизми наврасон ва ҷавонон – назар ва навъи рафтори ҷавонон мебошад, ки аз рӯйи принсипи қувва, хушунат нисбати дигарон, то ба таҷовуз ва куштор асос ёфтааст. Ӯ адоват ба гуногунандешӣ (махсус нисбат ба ҳаракатҳои муайяни ҷавонон), инчунин хоҳиши бунёди ҷомеаи тоталитариро дар асоси тобеият пешниҳод менамояд.
Экстремизми экологӣ – назари радикалӣ нисбат ба ташкилот ва корхонаҳои ба таназзули муҳити зист мусоидатунанда мебошад. Он дар амалҳо ва намоишу эътирозҳо барои ҳифзи муҳити зист бар зидди гунаҳкорони ҷиноятҳои экологӣ зоҳир мегардад. Чораҳои радикалӣ ҳатто нисбати шахсоне, ки либосҳои аз пашми ҳайвонот ба бар кардаанд, метавонанд зоҳир шаванд.
Экстремизми зиддиҷаҳонишавӣ – назари радикалӣ ва рафтори бераҳмона нисбати ташкилотҳои ба фазои ҷаҳонишавии иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ таъсиркунанда мебошад. Ифротгароён дар ҳаракати зидди ҷаҳонишавӣ ба ташкили бетартибиҳои оммавӣ, истифодаи зӯроварии бевосита дар мубориза бо ширкатҳои трансмиллӣ, ниҳодҳои байналмилалии иқтисодӣ ва сиёсии характери ҷаҳонишавидошта, иштирок мекунанд.
Экстремизми ахлоқӣ – таҳаммулнопазирии шадид ба навъи муайяни меъёрҳои ахлоқӣ ва қоидаҳои рафторӣ, роҳ додан ба зӯроварӣ барои таблиғи маҷмӯи талаботҳои маънавӣ, накукорӣ ва аҳкоми динӣ аст. Намунаҳои он танқиди бадахлоқӣ, суханони қабеҳ, пӯшидани либосҳои бегона, риоя накардани қоидаҳои шарафи динӣ ва дунявӣ ва ғайра мебошад.
Ҳар яке аз ин шаклҳо дорои хусусияти худ мебошад, аммо онҳоро зуҳуроти харобиовар, таҷовузкорона, бераҳмона, ки ҳадафи равшан надорад, бо ҳам мепайвандад (5).
Амалиётҳои сиёсии экстремизм дар шаклҳои гуногуни фаъолияти экстремистӣ оғоз шуда ва дар шаклҳои хавфноки иҷтимоӣ чун шӯриш, фаъолияти исёнгарона ва терроризм хотима меёбад.
Комилова З., Оқилова М., Шарипова М.