Иншооти бузурги аср
Лаҳзаҳои кушодашавии агрегати дуюми НОБ-иРоғунро тамоми хурду бузурги сокинони кишвари соҳибистиқлоламон, ҳамватанони азизамон, ки мардуми шарафманди Тоҷикистони соҳибистиқлол шуморида мешавандбесаброна интизорӣ мекашиданд. Зеро ба кор андохтани агрегати навбатии Нерӯгоҳи барқиву обӣ барои зиндагии сокинони кишвари азизамон беҳбудиҳои шумориданашаванда хоҳад овард.
Халқи тоҷик барои хизматҳояш дар назди Ватан - модар ба рӯзҳои неку беҳтарин сазовор аст. Яъне зери ливои Пешвои миллати худ қадам гузошта, ба қуллаҳои баланди муваффақият рӯз аз рӯз бисёртар ноил гардида истодааст.
Миллати тоҷик халқи хушбахти ҷаҳон ба ҳисоб меравад, барои он ки дар кишвари орому осоишта зери осмони кабуд бе ягон тарсу хавотирӣ дар ватани худ кору зиндагӣ дорад. Танҳо соҳиби ягона роҳбалад мебошад, ки ӯро такягоҳи худ мешуморанд. Шахси ин сатрҳоро чашм давонида беихтиёр медонад, ки ин роҳбалад албатта Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Орзуву ормони халқи худро Пешвои миллати мо ҷомаи амал пӯшонид. Айни замон рӯйдоди муҳимтарини таърихи навини кишварамон НОБ-и Роғун мебошад,кишасти душманони хориҷиву дохилии мамлакатро гардонид. Дар кишвари азизамон пойдевори Истиқлолияти энергетикӣ мустаҳкам гардида истода, душманони хориҷиву дохилии ватанамонро ба таҳлука андохта истодааст.
Дар рӯзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон аз хурд то калон аз ҷавон то калонсол дар маркази вилоят бахшида ба кордароии НОБ-и Роғун роҳпаймоии идона ташкил намуда, зери Парчами истиқлолият фараҳмандона аз маҳаллаи 19-ум то маркази шаҳр пиёда омаданд.
Халқи дар роҳпаймоии идона иштирок намуда, хеле хушбахт метобиданд, зеро қадамзаниҳои онҳо танҳо осудагиву тинҷии кишварро ифода менамуд. Халқ натанҳо баҳри пойдории кишвар, балки барои бомуваффақият кушодашавии НОБ-и Роғун бесаброна то маркази шаҳр, назди Театри Камоли Хуҷандӣ мешитофтанд, яъне роҳ мепаймуданд. Халқи азими Хуҷанди бостонӣ ба кор даромадани агрегати навбатии НОБ-и Роғунро на дар танҳоӣ, балки сарҷамъона тамошо карданӣ буданд. Зеро халқ аз як гиребон сар бароварда барои бунёдиНОБ-и Роғун саҳмияҳои арзишнок харида буд.
Дар айни замон халқи тамаддунофари тоҷик медонад, ки натанҳо саҳмияҳо, балки муттаҳидии халқи тоҷик зери ливои Пешвои миллати худ сабабгориғалабаи истиқлолияти энергетикии кишвар гардидааст.
Ба кор шурӯъ намудани агрегати навбатии НОБ-и Роғун бузургии миллати тоҷикро исбот намуд. Яъне халқи тоҷик тавонист сангро шикоф кунаду хонаҳои торикро равшан ва мамлакати зимистониро ба тобистон мубаддал кунад:
Роғун ба дили санг шарор овард
Аз хок ба пӯлод мадор овард.
Нурат ба дами поки Масеҳо овард
Дар синаи сарди он баҳор овард.
Ҳамин тавр, бо шарофати ба фаъолият шурӯъ намудани НОБ ҳадафҳои стратегии кишварамон дар амал татбиқ хоҳанд гардид, ки барои ба он ноил шудан, албатта, хизмати омӯзгорон низ зиёд аст. Яъне, мо омӯзгорон ба донишандӯзони худ дар бораи НОБ-и Роғун нақл менамоем, то ки онҳо фаҳманд, ки НОБ масъалаи тақдирсози Тоҷикистон дар қарни нав мебошад.
Факултети забонҳои хориҷӣ