​Роҳҳои пешгирии хатарҳои террористӣ дар Осиёи Марказӣ

Дар ҷаҳони муосир равандҳо ва зуҳуроте мавҷуданд, ки танҳо ба як кишвар ва ё як минтақа не, балки ба тамоми кишварҳои ҷаҳон ва дар маҷмўъ ба кулли мардумони сайёра таҳдид мекунанд. Яке аз чунин зуҳуроти номатлуб, ки хатари минтақавию байналмилалиро ба бор оварда, дар ҳама қитъаҳои олам тамоюли паҳншавиро дорад, ин терроризм ва экстремизм мебошад. Вақте, кимо аз васоити ахбор омма дар бораи террористи худкушмешунавем, тасвири шахсе аз Шарқи Миёна ба назар мерасад, вале ҳодисаҳои моҳҳои охир ин ақидаро таѓйир дод. Дар варақаҳои хабарии мақомотҳои пешрафтаи хабарӣ, номҳои шаҳрвандониОсиёи Марказӣ, ки дар фаъолияти гурўҳҳоиэкстремистӣ ва террористӣшомил шудаанд бештарпайдо мешаванд. Олимону муҳаққиқон навъҳои гуногуни терроризм ва экстремизм, аз қабили терроризми сиёсӣ, динӣ, экологӣ, зиддиҷаҳонишавӣ, фарҳангӣ, ахлоқӣ, миллатгароӣ, технологӣ, биологӣ, кибернетикӣ ва ѓайраро муайян карда, ба ин натиҷа расидаанд, ки дар замони муосир аз ҳама беш терроризму экстремизми динӣ ҷаҳони муосирро ба мушкилот гирифтор намудааст. Ба ақидаи аксар сиёсатшиносон экстремизм бештар дар дин, ки хусусияти ҷалбнамоӣ дорад, реша меронадва он дар тамоми гўшаву канори сайёра ба мушоҳида мерасад. Зеро дар бисёр мавридҳо ба назар мерасад, ки ифротгароён дар зери шиорҳои динӣ баромад намуда, аз номи дин ҳарф мезананд ва фармонҳои худро қонунҳои шариат меноманд. Ин, пеш аз ҳама, ба хотири сўистифода аз шуури динии мардум равона гардида, ҳеҷ пайвастагӣ ба арзишҳои динӣ надорад. Пас, ин амалкарди ифротгароён аз бединию хиёнати онҳо дарак медиҳад. Зуҳуроти ифротгароӣ ва терроризм дар минтақаи Осиёи Миёнааз аввали солҳои 90-уми асри гузашта сарчашма мегирад. Баъди пош хўрдани Иттиҳоди Шўравӣ яку якбора низоми маъмурии мамлакатҳои Осиёи Миёна аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон қудрати худро аз даст дод. Фалаҷ гардидани ҳокимияти давлатӣ, бўҳрони иқтисодӣ, бекорӣ, паст шудани сатҳи зиндагии аҳолӣ аз назорат дур мондани таъмини амнияти давлатию ҷамъиятиро ба вуҷуд овард. Вазъияти баамаломада, ки идорааш аз ҷониби сарварони ҳокимияти иҷроия ва давлатӣ ѓайриимкон гардид, ба он боис шуд, ки зуҳуроти таҳдид ва зўроварӣ дар ҷамъият ба худ роҳ кушояд. Вазъияти геополитикии Осиёи Марказӣ нишон дод, ки таъсириминтақаҳои ноустувор аз қабили Қафқоз, вилояти мухтори Синзияни Чин, Афѓонистон, Шарқи Наздикбоиси нооромии сиёсӣ гардад. Дар робита ба хусусиятҳои ҷуѓрофӣ, табиӣ,иқлимӣ ва таърихӣ водиҳои Фарѓона ва Қаротеѓин, ки қисман минтақаҳои Ўзбекистон, Қирѓизистонва Тоҷикистонро дар бар мегиранд,имконияти кам доранд барои рушди фаъолияти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсӣ. Ҳамзамон ин минтақаҳомайдонҳои муносиббарои пинҳон кардани фаъолияти гурўҳҳои террористӣ ва экстремистӣ гардида, батаври пинҳониташвиқот кардани идеологияи ифротгароии худ дар байни аҳолии маҳаллӣ имконияти хуб пайдо карданд. Аз ин ҳолат намояндагони ташкилотҳои террористию экстремистӣ истифода намуда, ба ғасби ҳокимияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шурўъ намуданд. Даршароити номуайянӣ мардумро ба як самти барои худ дилхоҳ равона намудан душвор буд ва барои ин маблаѓҳои калонро масраф кардан лозим меомад. Аз ин лиҳоз, муассисони чанде аз ҳизбу ҳаракатҳои навтаъсиси ҳамонвақта бо баҳонаи ҳифз кардани дин ба баъзе аз ташкилоту созмонҳои ба ном хайриявии кишварҳои дигар, аз ҷумла давлатҳои исломӣ муроҷиат намуданд. Дар чунин вазъият давлатҳои исломӣ ин равандро истифода бурда, бо тезӣ ва мақсаднок онҳоро маблаѓгузорӣ карданд. Аз тарафи дигар, вуҷуд надоштани назорати қатъӣ, бемасъулиятӣ дар қисмҳои ҳарбие, ки аз собиқ Иттиҳоди Шўравӣ дар қаламрави Тоҷикистон боқӣ монда буданд, ба он оварда расонид, ки онҳо ба фурўхтани яроқу аслиҳа ба гурўҳҳои гуногун ва оѓоз кардани муҳимоти ҷангӣ оѓоз намуданд. Бар замми ин, сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Исломии Афѓонистон бе назорати қатъӣ монд, ки дар ҳудуди он гурўҳҳои зиёди террористӣ арзи вуҷуд мекарданд.

Ҳамаи инҳо ба он оварда расониданд, ки ҷанги хонумонсўз дар қаламравӣ кишвар оѓоз шуд. Бомақсади ноором сохтани вазъияти сиёсию иҷтимоӣ ва заиф намудани мавқеи ҳокимияти давлатӣ ба ҷумҳурӣ гурўҳҳои хурди террористӣ равона карда мешуданд. Аз тарафи ин гурўҳҳо амалҳои террористӣ нисбат ба Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Н.Ҳувайдуллоев, аъзоёни Комисcияи оштии миллӣ О.Латифӣ, раиси кумитаи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон С.Кенҷаев,куштори намояндагони Созмони Милали Муттаҳид ва даҳҳодигаронамалҳои террористӣ содир карда шуданд. Бо мақсади решакан намудани терроризм соли 1999 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонун «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм» қабул карда шуд. Ин қонун, терроризм - яъне зўроварӣ ё таҳдиди истифодаи он нисбат ба шахсони воқеъӣ, маҷбур кардан ё таҳдиди истифодаи он нисбат ба шахсони ҳуқуқӣ, ҳамчунин нобуд сохтан ё таҳдиди нобуд сохтани амвол ё ин ки дигар объектҳои моддии шахсони воқеъӣ ва ҳуқуқиромаҳкум месозад.

Солҳои охир фаъолияти террористӣ ва экстремистии созмонҳои «Ал-қоида», «Ҳаракати толибон», «Бародарони мусулмон», «Ҳаракати исломии Туркистони Шарқӣ» ва ғайра дар ҳудуди Иттиҳоди давлатҳои мустақил, Осиёи Марказӣ ва инчунин Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсири манфии худро ба вазъияти ҷамъиятиюсиёсии ин давлатҳо мерасонанд.

Бо қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин ташкилотҳо террористӣ ва ё экстремистӣ эътироф шуда, фаъолияти онҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шудааст. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки терроризм бевосита ба амнияти Тоҷикистон ва дар маҷмўъ Осиёи Марказӣ таҳдид мекунад. Ҳодисаҳои номбурда бевосита ба терроризм ва экстремизми динӣ марбут ҳастанд ва маҳсули ин зуҳуроти номатлуб ҳисоб меёбанд. Хатарнокии ин омил дар он аст, ки қисми зиёди аҳолии Осиёи Миёна ба дини мубини ислом эътиқод доранд,фарҳанги зиёда аз ҳазору чорcадсолаи исломӣ ба қисми ҷудонашавандаи тамаддуни мардуми ин минтақатабдил ёфтааст. Қувваҳои ба ифротгароӣ ин омилро хуб дарк карда, барои ноил шудан ба ҳадафҳои ѓаразноки худ истифода бурда истодаанд. Аз ҷониби роҳбарияти мамлакатҳои Осиёи Миёнаба масъалаи мазкур диққати басо ҷиддӣ дода мешавад. Сабабҳои шолим шудани шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Миёна ин дар натиҷаи дуруст ба роҳ монда нашудани масъалаҳои раванди муҳоҷирати меҳнатӣ ба хориҷи кишвар дар баъзе ҳолатҳо мардуми Осиёи Миёна фирефтаи гурўҳҳои муташаккили ҷиноятии бурунмарзӣ, намояндаҳои ташкилоту ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ ва корфармоёни қаллоб гардида, ба содир намудани амалҳои террористиву экстремистӣ, қочоқ ва гардиши ѓайриқонунии маводи мухаддир ҷалб карда мешаванд. Айни замон яке аз масъалаҳои муҳиму мубрам ва мушкилоти асосие, ки боиси нигаронии ҷомеа ва ҳамагон, аз ҷумла роҳбарияти тамоми зинаҳо гардидааст, ин пешгирӣ аз фаъолияти вайронкории ҳизбу ҳаракатҳои динӣ-экстремистӣ ва созмону ташкилотҳои террористӣ, аз қабили “Ҳизби исломии Туркистон” (собиқ «Ҳаракати Исломии Ўзбекистон»), “Ҳизб-ут-Таҳрир”, ҷамоатҳои “Ансоруллоҳ”, “Содиқлар”, “Таблиѓ”, созмонҳои “Ҷиҳоди исломӣ», «Ҷундуллоҳ», ҷараёни динии “Салафия” мебошад. Бояд бо афсўс зикр кард, ки фаъолияти ташвиқотию тарѓиботии пайравони ин ташкилотҳо ва созмонҳои амалашон манъгардида дар Ҷумҳурии Тоҷикистонба назар мерасад.

Бояд таъкид намуд, ки яке аз сабабҳои асосии паҳншавии ѓояҳои ифротии созмону ҳаракатҳои динӣ-экстремистӣ пеш аз ҳама ташкили мактабу гурўҳҳои ѓайрирасмии динӣ аз тарафи рўҳониёни алоҳида мебошад, ки омўзиши ѓайриқонунии рукнҳои исломро барои наврасон ва ҷавонон ба роҳ мондаанд. Ба ѓайр аз ингаравиш ба сафи ташкилоту созмонҳои байналмилалии экстремистӣ-террористӣ дар шаҳру вилоятҳои Федератсияи Русия (шаҳрҳои Москва, Уфа, Краснодар, Екатеринбург) аз ҳисоби шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд, ташвишовар мебошад. Зеро аз муҳити ватани хеш канда шуда, ҷавонони ҳанўз тафаккуру андешаи миллиашон ташаккул наёфта, роҳгум мезананд. Баробари ин маълум мегардад, ки мувофиқи таҳлилҳои мавҷуда як қатор сабаб ва омилҳо, ба монанди, таъсири манфии сабтҳои электрониву видеоӣ, китобу маҷаллаҳо ва дигар маводи чопии дорои хусусияти зўроваридошта, ба кор ва таҳсил фаро гирифта нашудани ноболиѓону ҷавононва дар маҷмўъ иҷро нагардидани ўҳдадориҳо аз ҷониби падару модарон ба афзоиши ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиѓон, гаравидани онҳо ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ замина гузоштаанд. Гуфтаҳои боло аз он шаҳодат медиҳад, ки дар замони муосир экстремизм ва терроризм хусусияти байналмилалӣ дошта, барои ин гуна зуҳурот сарҳади байнидавлатӣ, миллат ва дин, муқаддасоти дигар низ вуҷуд надорад. Терроризмва экстремизм хислати фаромиллӣ пайдо карда, ба хатари умумиҷаҳонӣ табдил ёфтааст, бинобар ин мубориза бар зидди он низ бояд тавассути стратегияи глобалии ягона ва самарабахш ба роҳ монда шавад. Бо ин раванд кишварҳои Осиёи Миёна мебояд дар якҷоягӣ алайҳи ин падидаи номатлуб муборизаи шадид баранд. Ҳамзамон амалиётҳои харбииФедератсияи Русиядар Суриябарои ѓалаба бар зидди терроризм ва экстремизм дар қаламрави Осиёи Миёна мусоидат менамояд. Ба зидди терроризм ва экстремизм метавонад бо роҳи фаъолгардонии хадамотҳои махсус мубориза баранд, аммо барои муқовиматисамаранок ва дарозмуддатзарурати бартараф кардани сабабҳои маъруфияти онҳо дар Осиёи Марказӣ наз байн бурдан лозим аст, ки ин вазъи душвори иҷтимоию иқтисодии минтақа ба шумор меравад. Осиёи Марказӣ - минтақаи ноустувор ба шумор рафта барои мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм муҳим аст. Барои пешгирӣ намудани воридшавии идеологияи экстремистӣ ҳамкории байналмилалӣ аҳамияти хеле муҳим дорад. Ҳамчунин, дар самти ташаккул додани ҳувияти миллӣ ва бедор намудани ҳисси ватанпарастӣ, баланд бардоштани маърифати динӣ, сиёсӣ, ҳуқуқӣ, огоҳӣ додани мардум аз хатарҳои зуҳуроти терроризму экстремизми динию байналмилалӣ, ба роҳ мондани тарбияи дурусти оилави, ташвиқи илмомўзӣ дар миёни наврасону ҷавонон ва ҷалби онон ба машѓулиятҳои лозимӣ метавонад барои аз байн бурдани ин зуҳуроти номатлубдар ин минтақаи фарҳангдўст мусоидат намояд.

Саркорбобоева М.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ