​Чаро озодии эътиқод бояд аз рӯи пушидани сатру ҳиҷоби хоси фарҳанги бегона муқаррар шавад?

Дар сомонаи Isloh.net аъзоёни ТЭТ ҲНИ-ро зери унвони “Шӯравӣ нисбат ба дин ва диндории мо ин қадар зулм намекард” андешаҳои худро баён сохтаанд, ки моро водор кард то фикру мулоҳизаҳои худро баён созем. Зеро дар идомаи ин матлаб баъзе донандагони ҳуқуқ андешаҳои ҳаммаслакони хешро идома дода аз вайрон шудани ҳуқуқҳои занон ва озодии интихоби либос ва эътиқод сухан кардааст. Чаро озодии эътиқод бояд аз рӯи пушидани сатру ҳиҷоби хоси фарҳанги бегона муқаррар шавад? Боз ҳам мегуем, ки чаро ин гурӯҳҳо намехоҳанд, аз руймоли хоси фарҳанги миллии худ, ки солҳо модарону хоҳарони мо истифода намудаанд, истифода кунанд?. Моҳияти гирифтани ҳиҷоб агар дар асл пушида нигоҳ доштани сару муй бошад, чаро аз ин унсурҳои фарҳанги миллӣ истифода намекунанд?. Диндории асил аз рӯи ҳамин муайян мешавад, на ин ки танҳо пушидани сатру ҳиҷобҳои сиёҳранг, ки хоси фарҳанги милливу динии мардуми мо нест.

Барои собити иддаои хеш ин коршиносон ба кишвари исломии Эрон, Давлати Қатар, Малайзия мисол меоваранд, ҳол он ки шояд ин навъ пушишҳо мумкин аст, хоси ҳамон давлатҳо бошанд. Боз ҳам пуштибонӣ аз сиёсати низоми исломии Эрон аз ҷониби ин гуруҳ далели он аст, ки ин гумоштагони ТЭТ ҲНИ ҳанузам ақидаҳои хешро дар бораи бунёди давлати исломӣ мехоҳанд тарғиб кунанд. Эътирозҳои чандин нафар занони Эронро ба зидди ҳиҷоб борҳо аз шабакаҳои телевизионӣ нишон доданд ва онҳо низ маҷбуранд бар асари таҳдиди режим ин сатру ҳиҷобро таҳаммул карда истодаанд. Ифротгаройӣ аз чунин тадбирҳои маҷбуркунанда дар кишварҳои исломие чун Эрон сар мезанад, на корҳои дурусти фаҳмондадиҳӣ.

Ин ки сухан аз иҷборӣ кашидани сатру ҳиҷоб меравад, ҳаргиз асосҳои воқеӣ надорад, чун танҳо гуруҳҳои фаъол корҳои тарғиботӣ бурданд, ки бояд ба ҷои унсурҳои фарҳанги бегона аз падидаҳои фарҳанги миллӣ истифода шавад. Иваз кардани ҳиҷобу сатри бегона бо рӯймол ва унсурҳои фарҳанги миллӣ ҳаргиз ба имони касе халал ворид намекунад.

Аъзёони Раёсати илм ва инноватсия

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ