Дастгирии ҳизбҳои террористию экстремистӣ нашояд!
Чи хеле, ки медонем Тоҷикистони азизамон давлати ҷавони соҳибистиқлол мебошад, акнун қадамҳои худро дар тараққиёту пешрави гузошта, пойдории худро мустаҳкам карда истодааст. Баъди ҷанги шаҳрванди ва азобу ранҷҳои зиёд халқи тоҷик ба қадри сулҳ, оромӣ, ваҳдатро дарк намуд. Аз ҳолатҳои давлатҳои мутараққи маълум аст, ки чи қадар қудрат надошта бошад, ҳам аз ҳодисаҳои террористӣ эмин нестанд. Бинобар ин якчанд ҳизбу ҳаракатҳои ғайридавлатӣ, ғайриқонуни амал мекунанд, ки мақсади несту нобуд сохтани сулҳу оромӣ ва гирифтани манфиатҳо аз онро доранд. Яке аз чунин ҳизбҳо ҲНИТ мебошад, ки доимо дар сомонаҳои интернети маълумотҳоигуногуни вайронкунандаи фикру ақидаи ҷавонон, мардум ва аз роҳ задани инсонҳоро пеша мекунанд. Ба ин нигоҳ накарда боз якчанд созмону ташкилотҳоро низ тарафдори худ мекунонанд. Яке аз ин созмонҳо Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА)мебошад.
Вақте ки Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) фаъолияти худро дар Тоҷикистон оғоз намуд, дар намояндагии он танҳо чаҳор корманди хориҷӣ буд. Ду корманди аввал ба Тоҷикистон моҳи феврали соли 1994 ташриф оварданд; дар он замон ин давлати Осиёи Марказӣ аллакай ду сол боз узви расмии САҲА (аз январи соли 1992) буд.
Дар давраи ҷанги шаҳрвандӣ (солҳои 1992-1997) намояндагӣ муколамаи байни нерӯҳои минтақавӣ ва сиёсиро ташкил мекард, бо масоили риояи ҳуқуқи инсон машғул буд, риояи меъёру принсипҳои ташкилотро дастгирӣ мекард ва амалишавии риояи онро назорат мекард. Он ҳамчунин ба рушди институтҳои демократӣ ва ҳуқуқии миллӣ кӯмак мерасонид. САҲА дар ҳамкорӣ бо намояндагони нозирони СММ дар Тоҷикистон барои пойдоршавии сулҳ мусоидат карда, ба ҳайси кафили риояи шартҳои Созишномаи сулҳ, ки моҳи июни соли 1997 ба имзо расидааст, баромад кардааст. Нақши махсуси намояндагӣ аз мусоидат ба иҷроиши протоколҳои Созишнома оиди масъалаҳои сиёсӣ ҷиҳати шартҳои баргардонидани гурезагон ва ҷанбаҳои ҳарбӣ иборат буд.
Ба фикри мо омӯзгорон созмон ва ё ташкилот дар аввали ташкилшави худро хуб муаррифи намудаба аҳли мардум тасаввуроти хуб мегузоранд. Мо инро дар ҳизби наҳзати ислом дар Тоҷикистон бохабарем. Баъдтар маълум гашт ки дар аввал худро хуб муаррифи намуда боварии мардумро гирифта баъд сиёҳкориҳоро анҷом доданд.
Мудири кафедраи МТМ ва ТИ Раҷабова С.